Нохияи Рудаки – (Ленин, Лакай ё Куктош)

Нохияи Рудаки (Ноҳияи Рӯдакӣ) – яке аз калонтарин ва тараққиёфтаи минтақаи Точикистон буда масохати умумиаш  1812 км² буда дар он зиёда аз 0,5 млн. нафар одам зиндагӣ менамояд ва ҷойгиршавии он паҳлуи шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон мебошад.

Пештар ноҳия номи Ноҳияи Лаққайиҳо (сс. 1927-1934), Куктош (сс. 1935-1969) ва Ленин (сс. 1970-2002) дошт. Нохияро ба номи сардафтари адабиёти тоҷику форс Абуабдуллои Рӯдакӣ аз соли 2003 инҷониб расман, номгузорӣ карда шудааст.

Сурати маркази нохияи Рудаки

Сурати маркази нохия

Рудаки дар харита

н. Рудаки дар харита

Маркази маъмурии нохияи Рудаки шаҳраки Сомониён мебошад, ки онро ба муносибати асосгузори давлати Тоҷикон номгузорӣ кардаанд.  Масоҳати умумии ноҳияи Рӯдакӣ 181 187 гектар замин буда, сарҳади он тақрибан 250 км. мебошад. Аз шимол бо ноҳияи Варзоб, аз ғарб бо ноҳияи Ҳисор ва вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистон, аз ҷануб бо н. Ҷилликул ва Қубодиён инчунин аз шарқ бо н. Ваҳдат, Ёвон ва Хуросон ҳамсарҳадӣ менамояд.

Ноҳияи Рудаки қариб ба пуррагӣ шаҳри Душанберо бо заминҳои худ иҳота кардааст. Масофаи байни маркази ноҳияи Рӯдакӣ то маркази маъмурри шаҳри Душанбе 17 километро ташкил менамояд ки барои ҳаракати байни онҳо роҳҳои автомобилгарди мумфарш мавҷуд аст.

Видео дар бораи н. Рудаки

Иқтисодиёти ноҳияи Рӯдакӣ: Дар нохияи Рудаки 28 корхонаи хурди истехсоли, 33 ташкилоти сохтмони, 3 корхонаи наклиёти, 2-геологи, 10-то корхонаи комунали ва ҷамъиятӣ, 8 бозор, 12-намояндаҳои бонкҳои кишвар, 3 маркази савдо ва зиёда аз 3000 хочагихои кишоварзи мавҷуданд.

Харитаи нохияи Рудаки аз кайхон

 Тақсимоти маъмурии нохияи Рудакӣ

Ноҳияи Рӯдакӣ ба минтақаи Ноҳияҳои Тоъбеи Ҷумҳури дохил буда иборат аз 13 ҷамоат ва 3 шаҳрак мебошад, ки аҳолии онҳо дар охири соли 2015 каме аз ним милион нафар бештар буданд. Бояд гуфт, ки нисфи зиёди аҳолии ин ноҳияро асосан узбекҳо ва хусусан лақайҳо ташкил менамоянд.

Ҷамоат Аҳолӣ  
Шаҳраки Сомониён 72 809
Гулистон 39 600
Зайнабобод 45 895
Қиблаӣ 13 265
Лоҳур 19 280
Роҳатӣ 33 720
Русия 27 703
Сарикиштӣ 33 230
Султонобод 16 475
Чимтеппа 32 928
Чоргултеппа 31 740
Чоряккорон 25 821
Эсанбой 19 900
Чортеппа 31 750
Навабад 23 098
Мирзо Турсунзода 29 568

rayon_rudaki_nohiya-2 rayon_rudaki_nohiya-3 rayon_rudaki_nohiya-4

Телефонхои ташкилотхои давлати

  1. Маъмурияти нохия:  8_3137 22481
  2. Прокуратура:  8_3137 22231
  3. Суд: 8_3137 21441
  4. Комиссариати харби: 8_3137 21351
  5. Милисия: 8_3137 22646
  6. Сухторнишон: 8_3137 22093

Иқлим ва боду ҳавои ноҳияи Рӯдакӣ

Бинобар сабаби иклими Душанбе бо нохияи Рудаки монанди доштан, маълумоти оиди иклими боду хавои шахри Душанберо дар поён гузошта шудааст.

klimat_dushabe

Нишондихандахои асосии нохияи Рудаки

Ном ба забони тоҷикӣ Ноҳияи Рудаки
Сардори ноҳия Раис
Кишвар Тоҷикистон
Мақом Ноҳияи  маъмурӣ
Таалуқ дорад НТЧ
Сохтори 1 шаҳрак ва 13 ҷамоат
Маркази маъмуррӣ Шаҳраки Сомониён
Соли ташкилёбӣ 1927
Забонҳои расмӣ Тоҷикӣ
Шумораи аҳолӣ (2015г.) 498 000
Миллатҳо Тоҷикон ва узбекон
Дин мусулмонхои сунимазхаб
Масоҳат (ҳаз.) 1.8 хаз. км²
Вақт UTC+5
Номи кутоҳ TR
Нишонӣ ISO 3166-2 TJ.RR.RU
Макон дар Харита 38°26′26″ ш. 68°46′22″ шарки
Этнохроним Куктошихо
Баланди аз сатҳи баҳр 750-1650 метров
Нишони пучта 735100
Интернет-домен .tj
Нишони автомобилҳо 07 ЧТ
Нишонӣ телефонӣ (+992) 3137
Масоҳати умумии замин (га) 181 187
Заминҳои обёришаванда (га) 17 559
Заминҳои лалмӣ (га) 163 628
Заминҳои корам (га) 23 627
Боғҳо (га) 1 326
Ангурзор  (га) 511
Тутҳо  (га) 145
Алафзор (га) 0
Ситрусиҳо  (га) 40
Ниҳолҳо (га) 2,8
Бекор (га) 63
Чарогоҳ (га) 107 823
Иморатҳо (га) 2 054
Хоҷагиҳои деҳқонӣ 3 560
Сомонаи расмӣ нест

Духтарони нохияи Рудаки

Духтарони Рудаки

Духтарони Рудаки

Тарабхонаи  Рудаки

Тарабхонаи Рудаки

Комментарии