Нохияи Рашт

Ноҳияи Рашт (Ғарм) – ин яке аз ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маркази маъмуриаш шаҳраки Ғарм мебошад, 10-уми марти соли 1931 дар масоҳати 5 346,9 км² ташкил ёфтааст. Имрузҳо ноҳияи Рашт каме зиёдтар аз 106 ҳазор нафар аҳолӣ дорад (2016 с.).

Раштонзамин

Нохияи Рашт

Рох Рашт

Роххои Рашт

Ҷуғрофияи Рашт: Ноҳия дар қисмати рости дарёи Сурхоб байни куҳҳои Қаротегин ва Пётри як ҷойгир шудааст. Масофаи байни маркаши Рашт то пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе 185 километрро ташкил менамояд.  Баландии замин дар заминҳои ноҳияи Рашт аз 1300 то 2400 метр аз сатҳи баҳрро, ташкил менамояд.  Координатҳои харитавӣ иборат аз 39*01 шимолӣ ва 70*22 шарқӣ. Ҳарорати ҳаво чандон гарм набуда тобистон то +38 дараҷа гарм ва зимистонаш то – 35 дараҷа (селсия) хунук мешавад. Боришот дар як сол ба ҳисоби миёна 500 мм. ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи Рашт чунин боигариҳои табии бисёранд, ба мисоли ангишт дар минтақаи Назарайлоқ, алюминий (арзиз) ва мармар. Кумури (ангишт) ин ноҳия дар деҳаи Ясмин ба худ ҳамто надорад, зеро ҳангоми сухтани он ҳарораташ ниҳоят баланд мешавад.

Xaritai Rasht

Харитаи Рашт

Таърих: Номи Рашт аз давраи қадиммулаём ҳамчун Қаротегин, маълум буд, ки тавассути он роҳи Абрешим мегузашт. Чанде пеш ноҳия зери номи Ғарм  низ маълум буд. Аз -уми 27-уми октябри соли 1939 то 24-уми августи соли 1955 ноҳия зери тоъбеи Вилояти Ғарм буд. Бо қарори парлумони кишвар таҳти рақами 190 аз 28-уми апрели 2001 ноҳия номи «Рашт»-ро гирифт.

Дар ноҳияи Рашт 10-уми июли соли 1949 яке аз зилзилаҳои (заминҷумбӣ) шадидтарини кишвар бо иқтидори 9 бал дар мавзеи Ҳоит ба вуқуъ пайваста даҳҳо ҳазор нафар одамонро зери хок монда куштааст. Инчунин соли 2010 дар ноҳияи Рашт ҷангӣ байни яроқсилоҳони ҳукумати кишвар бо гуруҳи ҳаракати исломии Узбакистон  ба вуқуъ пайвастааст, ки дар натиҷа душманон мағлуб шуданд. Солҳои 1992-1996 бошад дар минтақаи Рашт ҷанги шаҳрвандӣ шуда дар натиҷа ҳазорҳо нафар аҳолӣ фавтидаанд.

Харитаи Ноҳияи Рашт аз кайҳон

Тақсимоти маъмурӣ

Дар ноҳияи Рашт 10 ҷамоати калон ҳаст, ки аз инҳо иборатанд: Шаҳраи Рашт (Ғарм) – 12 ҳазор,  Ҷафар – 6,1 ҳаз., Қалъаи-Сурх – 12, Каланак – 8, Казнок – 11, Навдеҳ – 12, Навобод – 5, Оби-Меҳнат – 8, Раҳимзода – 8, Тагоба – 7, Ҳиҷборак – 8, Ҳоит – 11 ҳазор нафар одам.

СУРАТҲОИ НОҲИЯИ РАШТ

Hoit

Ҳоит

Маркази Рашт

Марказ

Донишкадаи Омузгори

Донишкада

Ба сайёҳҳон тавсия карда мешавад, ки аз беҳтарин мавзеҳои ноҳияи Рашт  диданӣ намоянд, ки ба мисоли инҳо: Дарраи Камароб, Деҳаи Ясмин ва Ҳоит.

Ноҳияи Рашт ватани як қатор хизматчиёни давлатӣ, шоирон ва ҳунармандон, аз ҷумла:  Нусратулло Махсум, Сайдулло Хайруллоев, Зафар Нозим, Абдураҳмон Назриев, Саидраҳмон Назриев, Мунаввар Шогадоев, Мирзо Раҳматов, Қадриддин Аслонов, Боқи Раҳимзода, Мунавваршо Назриев и др.

Дурнамои боду ҳаво дар рузҳои наздик (Рашт)

Яндекс.Погода


Халқ ва иқтисодиёти ноҳияи Рашт

Раштиҳо дар бахши илму дониш аҳмияти хоса медиҳанд ва ба ин мақсад зиёда 100 мактаб сохта ба истифода додаанд. Штатҳои Муттаҳидаи Амрико маркази омузишии худро дар маркази ноҳияи Рашт ба истифода додааст, ки дар он ҳар руз садҳо бачаҳои ин минтақа дониши худро ба забони англисиӣ сайқал медиҳанд.

Инчунин як донишкадаи омузгорӣ фаъолият менамояд, ки дар он ҳазорҳо донишҷӯён таҳсил менамоянд. Мутаасифона дар ноҳияи Рашт ягон корхонаи калониистеҳсолӣ фаъолият наменамояд. Инчунин гуфт, ки дар ноҳия  зиёд аз 10 намуди ташкилотҳои қарзии кишвар мавҷуданд. Истифодаи алоқаи интернет ва мобилӣ аз соли 2005 инҷониб ба шаҳрвандони раштонзамин имконпазир аст.

Видео дар бораи ноҳияи Рашт

 

Терефонҳои сохторҳои давлатӣ

Маъмурият – (Ҳукумат) (+992 3131) 2-22-40
Прокуратура (+992 3131)  2-17-84
Суд (+992 3131)  2-22-30
Комисариати ҳарбӣ (+992 3131)  2-11-83
Милисия (+992 3131)  2-17-69
Сухторнишон (+992 3131)  2-16-70
Табобатхона – поликлиника (+992 3131)  2-21-05
Филиали Бонк (Агро) (3131) 2-21-37, (44) 610-20-08

Суруд дар бораи Духтарони Рашт

Убайдуллои Каромат >>>                         Наимҷони Сайдалӣ

 

Нишондиҳандаҳои асосии ноҳияи Рашт

Ном ба руссӣ Раштский район
Роҳбари ноҳия Раис
Кишвар Тоҷикистон
Мақом Ноҳияи маъмурӣ
Дохил аст Ноҳияҳои Тоъбеи Ҷумҳурӣ
Иборат аз 1 шаҳрак, 9 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Шаҳри Ғарм
Санаи ташкилёбӣ 10 марти 1931
Забонҳои расмӣ Тоҷикӣ
Аҳолӣ (2016 с.) 109 204
Миллатҳо Тоҷикон
Дину мазҳаб Мусулмонҳои суннимазҳаб
Масоҳат 4.6 ҳаз. км²
Часовой пояс UTC+5
Аббревиатура GA
Код ISO 3166-2 TJ.RR.GA
Координатҳо 39*01 шимолӣ ва  70*22
Этнохроним Ғармӣ
Баланди аз сатҳи баҳр (в мерах) 1300-4200
Индекси пучта 735450
Интернет-домен .tj
Коди автомобил 07 ҶТ
Рамзм телефон (+992) 3131
Ҳамагӣ масоҳати замин (га) 461 260
Заминҳои обӣ (га) 9 036
Заминҳои лалмӣ (га) 452 224
Заминҳои кишт (га) 4 965
Боғзор (га) 1 291
Ангурзор  (га) 3
Тутзор  (га) 189
Дашт (га) 373
Ситрус (га) 49
Барои ниҳолҳо (га) 0,01
Партовӣ  (га) 169
Чарогоҳ (га) 168 245
Бино 375
Хоҷагиҳои деҳқонӣ 1 131
Филиали бонкҳо (шумора) 8
Сомонаи расмӣ www.rasht.tj

www.rashtonzamin.com

Комментарии