Нияти Рузаи Рамазон (Мохи шариф)

Яке аз шарти ҳатмии рӯзаи  мохи шарифи рамазон ин «Ният» кардан мебошад. Ният аз таҳти қалб баён шуда бо овози шахсӣ ва бо забони дилхоҳ талафуз карда мешавад. Намунаи нияти рӯза ба забони тоҷикӣ:

«Ният кардам, рӯза гирифтам, рӯзаи моҳи шарифи рамазон, аз субҳи содиқ то фуруъ рафтани офтоб»

Вақти кушодани рӯза, нияти субҳидам бо нияти ифторӣ кушода мешавад ва матни тоҷикии он чунин аст:

Парвардигоро! Барои ризогии Ту рӯза доштам ва ба Ту имон овардам ва ба Ту такя дорам ва ба ризқи додаи Ту ифтор кардам..

Ният бояд ҳар рӯз дар давоми моҳи шарифи Рамазон, талафуз карда мешавад. Танҳо дар мазҳаби Маликӣ дар оғозӣ моҳи Рамазон як бор ният гуфта мешавад.

 Нияти Рӯза ба забони АРАБӢ:

Ва лисавми ғаддин мин шаҳри рамазоналлазӣ фаризатан навайту. 

Дуъои Ифтор ба забони АРАБӢ:

Аллоҳума лака сумту ва бика оманту ва алайка таваккалту ва ало ризқиқа афтарту. Бираҳматика ё арҳамар роҳимин. 

Комментарии