Нияти намози Иди Курбон

Ният кардам, бигузорам ду ракаъат намози иди Қурбон бо ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллилоҳи таъоло Аллоҳу акбар.

namoz_

Ин сухани дар боло гуфташуда, Нияти намози идонаи Курбон буда дар оғози намози Курбон аз тарафи иштирокчиёни намоз гуфтан ҳатмӣ мебошад, ва ин ба забони тоҷикӣ аст.

Маълумоти мухтасар дар бораи намози идонаи Курбон:

Хондани намози идонаи Курбон, воҷиб буда беҳтар аз суннат мебошад вале аз фарз поёнтар аст. Ин намози ҷамъиятии мардона буда дар масҷид субҳидам рузи 10-уми моҳи Зулҳиҷа- яъне 70-руз пас аз моҳи шарифи Рамазон, хонда мешавад. Соли 2017 намози иди Курбон соати 6:30 бо вакти Душанбе мукаррар карда шудааст.

Вақти намози идонаи Курбон пас аз тақрибан 30 дақика баромадани офтоб то нисфирузӣ (вақти намози пешин) хондан мумкин аст вале асосан хубтараш субҳидам.

Санаҳои Иди Қурбон
Солшумори Рӯз± 1 друз
Ҳиҷрӣ Қамарӣ
10 Зул-Хиҷа 1437 13 сентябри с. 2016
10 Зул-Хиҷа 1438 1 сентябри с. 2017
10 Зул-Хиҷа 1439 22 августи с. 2018
10 Зул-Хиҷа 1440 12 августи с. 2019
10 Зул-Хиҷа 1441 31 июли с. 2020

Рузи хондани намози идонаи Курбонӣ ҳатман ботаҳорат ва хубтараш – ғуслдор, буда либоси тоза ва таъби болида доштан зарур аст. Пас аз намози идона кас метавонад ба аёдати бечораҳолон, наздикон, азизон, беморон, манзил ва хонадонҳое ки чанде пеш наздиконашон фавдидааст рафта пораҳои Қуръонро хонанд амалҳои нек ҳисобида мешавад.

Дар ин руз тибқи талаботҳои исломӣ шахси доранда бояд Қурбонӣ – яъне ҳайвони солиму болиғро қурбонӣ намуд гушти онро ба мардум тақсим намояд. Дар Тоҷикистон ба мисоли дигар давлатҳои исломӣ рузи иди қурбон дар оилаҳои доранда қурбониро бо роҳи куштани ҳайвони ҳалол пас аз намози иди қурбон ба роҳ монда шуда гушти он ҳайвонро ба мардум хурок карда пешниҳод менамоянд.

Иди Қурбон ё худ онро «Ид ал адҳа» низ меноманд. Ин идӣ қурбонӣ намудан буда дар байни халқи мусалмон маълум аст.

 

Умуман намози идонаи Курбон ҳамагӣ иборат аз ду ракаъат буда пеш аз хондани он мардум ҳачи барвақтар ба масҷид омада якдигарро бо ин ид якдигарро муборакбодӣ гуфта баъдан дар нишаста то оғози намоз гуш бар амри маъруф ва табрикоти роҳбарияти минтақа (деҳа, ноҳия, вилоят ва ғ) намуда ба хондани намоз омода мешаванд.

Барои ба хатогӣ роҳ надодан дар баъзе ҳолатҳои аз ҷониби имом ба иштиркчиён (ибодаткунандагон) тартиби хондани намози идона такроран ба ёд меорад.

Комментарии