Нияти Гусл

Ғусл (Гусл ба руссӣ ва غسل ба арабӣ ) – дар дини Ислом амале ҳисоб мехурад, ки тоза намудани кулли бадан бо оини хоса иҷро мегардад. Ғусл як намуди тозашавӣ ба ҳисоб меравад аз аз вудуъ (таҳорат) намудан фарқият дорад. Худ калимаи Ғусл аз забони арабӣ гирифта шуда маънояш «тозашавӣ» аст.

Ҳангоми Ғусл намудан тамоми баданро бояд шуст ва ягон ҷойи руи бадан аз об нарасида намонад. Умуман Ғуслро дар ҳолати нокифоя будани тозагӣ аз таҳорат иҷро карада мешавад ва ба мисоли инҳо сабабҳои зерин буда метавонад:

ГуслБемориҳои тӯлонӣ;

  1. Алоқаи ҷинсӣ (марду зан);
  2. Таваллуди кудак;
  3. Ҳайзронии занҳо (менструация);
  4. Ҷоришавии шаҳват
  5. Амалҳои фисқу фуҷур (развратные деяния);
  6. Нушидани машруботи спиртӣ;
  7. Тай кардани роҳи дуру дароз;
  8. Дигар амалҳо нопок;

Бо Ғусл кардан кас тасдиқи ба тозагии бадан мутмаин шуда ба он иҷозат дода мешавад, ки ба амалҳои накукорӣ даст занад ва хусусан Хондани намоз, сари дастархон бо ҷамъият нишаставу муомила намояд ва ғайраҳо. Ҳангоми Ғусл кардан бояд се чизро ҳатман иҷро кард ки онҳоро Фарзи Ғусл мегуянд, аз ҷумла:

  1. Шустани даҳон;
  2. Шустани бинӣ;
  3. Шустани тамоми бадан.

Вобаста ва мазҳаб амали Ғусло ҳаргуна иҷро менамояд ва масалан се маротибагӣ об ба ҳар як нуқтаи бадани одам обро рехта мешуянд ва дар ин ҳангом Нияти Ғуслро мехонанд.

Нияти Гусл (Ғусл)

Навайту ан ағтасилла ғуслан минал ҷанобати рафан лил ҳадиси истибоҳатан лиссалоти ва таҳоратан лил бадан ива тақаррубан миналлоҳи таъоло Оллоҳу акбар.

Ба гуфтаи баъзеи диндорон, бо Ғусл кардан дигарбора зарурияти таҳорат кардан барои ибодатнамоӣ мавҷуд нест, чун ки маҳз агар ғусл пурраву дуруст иҷро шуда бошад.

Видео дар бора Гусл

 

Гусл на русском, узбекском и Таджикском языке

 

Комментарии