Ниқобҳои тиббии ройгон аз Максим

Хадамоти фармоиши такси «Максим»ниқобҳои тиббиро ройгон тақсим мекунад

 Ин яке аз чораҳои пешгирие, ки ширкат дар Тоҷикистон дар ҳолати вобаста ба коронавирус амалӣ мекунад.

Аз 20 март ронандагон ва истифодабарандагони хадамот дар Хуҷанд ниқобҳои бисёристифодашавандаи мутобиқи фармоиш истеҳсолгардидаро мегиранд. Онҳоро шустан ва то хатари сирояти коронавирус нест шудан истифода бурдан мумкин аст. Кормандони хадамот аллакай ҷамъ 1000 ниқобро тақсим карда доданд. Ронандагоне, ки онҳоро ҳоло нагирифтаанд, метавонанд ба идораи ширкат муроҷиат намоянд.

Ин чораи ягонаи пешгирии амаликунандаи «Максим» нест. Хадамот бо Маркази ҷумҳурии тамизкунӣ ва пешгирӣ шартнома бастааст, ки дар чаҳорчӯбаи он коркарди мунтазами идора ва автомобилҳои такси гузаронида мешавад. Барои номнавискунӣ ба тамиз ба ронандагон додани дархост тавассути менеҷерон лозим аст.

Дар Душанбе, Бохтар, Бӯстон ва Конибодом ширкат мунтазам ронандагонро дар бораи зарурияти риояи чораҳои пешгирии аз ҷониби ТУТ тавсиядода хабардор мекунад. Имконияти ташкили додани ниқобҳо ва тамизкунии автомобилҳо дар ин шаҳрҳо низ дар баррасӣ аст.Maxim2

– «Максим» хадамоти аввалини фармоиши такси дар Тоҷикистон гардид, ки чорабиниҳои маҷмаввии пешгирикуниро дар шароити пандемия ташкил намуд. Ҳоло одамон кӯшиши дур будан аз чойҳои оммавиро доранд ва аз нақлиёти ҷамъиятӣ даст кашида, аз такси истифода бурда истодаанд. Ба мо муҳим аст, ки дар ин шартҳо ҳам мусофирон, ҳам ронандагон худро дар бехатарӣ эҳсос намоянд, – мегӯяд роҳбари хадамоти «Максим» дар Тоҷикистон Сироҷиддин Ҳамидов.

 

Комментарии