Нигина Раупова

Нигина Раупова – ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1977, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 1966), 21-уми майи соли 1945 дар деҳаи Шермони ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст.

Нигина Раупова

Сурати Нигина Раупова

Тарҷумаи ҳол: Аёми кўдакиро дар макони дар боло зикршуда гузаронида бо ба итмом расонидани таҳсили мактаби миёна ба шаҳри Душанбе баро гирифтани касб омада дар Донишкадаи санъат дохил шу два онро бомувафақият соли 1966 хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиро аз дастаи ҳунармандони Корхоани насоҷии шаҳри Душанбе оғоз карда сипас соли 1971 дар ансамбли Рўбобчизанони ҷумҳурӣ ба кор гузашта дар муддати кутоҳтарин истеъдоди худро хело хуб нинон дода тавонист.

Дере нагузашта Нигинаро ба Кумитаи телевизион ва радио ба кор гирифтанд ки дар ҳамин давра мардуми кишвар ўро бишнохт. Нигина Рауповаро ҳамчун сароянда ва навозанда халқи тоҷик мешиносаду шерҳои ўро даҳсолаҳо ёд доранд ва дар оянда ҳам ёд хоҳанд дошт.

Видео ва суруди Нигина Раупова (музыка и песнии)

 

Дар байни шерҳои ў бахусус ҳама бештар шери «Аскарбача»,  «Буи гул», «Қадат баланд аст», «Духтари каҷтоқӣ», «Нозам ба чашмонат» ва «Наргиси шаҳло» ниҳоят маъруфтар аст ва маҳз ҳамиҳо сабабгори шўхратманд шудани ин зан-бонуи ҳунарманд гаштааст.

Ҳамчунин ҳофиза дар дастаҳои ҳунарии «Дарё», ки дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Соли 1989 Нигина Раупова дар сини 45 солаги бинобар сабаби зиёда аз 5 фарзанд доштан ба нафақа баромад. Инчунин ў дар дастаи ҳунарии давлатии «Шашмақом»-хонони филармонияи далатӣ кор кардааст.

Нигина Раупова (Рауфова) дар сини 65 –солаги аз сактаи дил вафот карда 22 декабри соли 2010 ин дунёро падруд гуфт.

 

Имрузҳо Нигинаро Рауповаро пуру ҷавони Тоҷикистон ба ёд оварда шерҳои халқие ки аз ҷониби у сароида мешудан замзама менамоянду шодравонро бо суханҳои нек номгирӣ менамоянд. Ҳиссаи сароянда- Нигина Раупова дар баланд бардоштани санъати тоҷик хело арзишманд мебошад ва барои ҳамин ҳам филармонияи ноҳияи Файзободро ба номи ин хонуми нотакрор гузошта лавҳасанги ёдбуди ҳунарпеша дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг гузошта шудааст.

Скачать и прослушать бесплатно MP3 >>

Комментарии