Нигина Амонкулова

Сурати Нигина Амонкулова

Сурати Нигина

Нигина Амонкулова – ситораи эстрадаи точик, ки сурудхои халки ва дигар сурудхоро  дар жанри «ретро» ба ичро мерасонад ва бо чехраи дилкаш ва либосхои миллии хеш дили мухлисони зиёдеро ба даст овардааст. Бори аввал у дар фестивал-озмуни «Андалеб» иштирок намуд ва пас аз он маъруфияти хешро дар байни оммаи мардум сохиб шудааст.

Шархи хол: Нигина 30-юми январи соли 1986 дар шахри Панчакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Миллаташ точик. Падараш ронанда буда, модараш аз руи ихтисос мухосиб аст ва дар оила панч фарзанд мебошанд. Бародари калониаш Хуршед ном дошта, сохибкор мебошад. Бародари дуюмаш бошад – Хусрав коллечи мусикиро хатм кардааст ва сарояндаги мекунад. Сеюм бародараш, Хайём усто ва додараш Хамидчон холо дар мактаб тахсил менамояд.

Нигина мегуяд, ки бобокалонаш овози форам дошта, бо асбоби мусикии халки – рубоб суруд мехондааст. Ба хамаи он робитае, ки волидонаш, махсусан падараш нисбат ба мусики доштанд нигох накарда, Нигина мехостааст, ки духтур шавад. Барои забти куллаи муроди хеш у хатто ба омузишгохи тибби дохил шудааст. Вале, баъд аз баромади бомуваффаконаи хеш дар маъракаи шабнишинии хатми мактаб карори катъи медихад, ки бояд самти фаолияташро ба чодаи мусики равона кунад.

Детства Нигины амонкуловы

Кадами навбатии сароянда дар чодаи санъат ин иштироку у дар фестивали «Андалеб», ки Нигина дар хайати гурухи ансамбли шахри Панчакент карор дошт ва дар ончо тухфаи асосиро ба даст овард. Суруди ичрокардааш бошад – «Ранчида нигорам омад», на танхо дар зодгохи хеш, балки дар пойтахт низ хуб пазируфта шуд ва ба сарояндаи шухрати беандоза овард. Аз хамон вакт сар карда, фаолияти у хамчун сарояндагӣ огоз ёфт.

Оилаи Нигина Амонкулова: Охири соли 2007 Нигина бо Фируз ном сохибкор, писари аммааш хонадор мешаванд. Тобистони соли гузашта овозае, ки гуё Нигина Амонкулова аз шавхараш чудо шудааст, дар баъзе васоити ахбори омма пахн гардид, вале ягон вокеияте надошт, мегуяд худи сароянда. Айни хол, онхо сохиби як писараки 3-сола бо номи Азамат мебошанд. Сароянда меафзояд, ки оила барояш аз хама мухим аст. Боз у мехохад, ки дар оянда сохиби як духтар низ шавад ва хатто номашро низ интихоб кардааст. У мегуяд, ки агар сохиби духтар шавам, номи гайриоддӣ – Зарафшон менихам, ба умеде, ки умраш мисли дарёи Зарафшон зебо, дароз ва бехамто бошад.

Суратхои НигинаАмонкулова

nigina-amonqulova-2015 nigina-amonqulova-2015-1 nigina-amonqulova-2015-2nigina-amonqulova-7nigina-amonqulova-2015-4nigina-amonqulova-2015-6

_________________________________

Нигина дар бораи хеш мегўяд: «Боре, яке аз устодонам ба ман гуфт, ки вақтҳои пеш сурудҳои месароидаи ман дар байни оммаи мардум он қадаре, ки ҳозир маъмулу машҳур аст, набуданд.»

Нигина Амонкулова фортепиано навохтанро дўст медорад ва аз ин ҷиҳат дар Донишкадаи санъат, ки у хатмкардаи ҳамин Донишкада мебошад, навохтани ин асбобро омухтааст. Бояд таъкид кард, ки тархрезии ҳамаи либосхои миллии хешро, ки дар саҳна бо онҳо мебарояд, худи Нигина мекунад ва баъдан дузанда онхоро тайёр мекунад.

Барои тайёр кардани сурудхои нав ба Нигина Амонқулова композиторон Аслиддин Низомов, Орзу Исоев ва Даврон Раҳматзод ёрдам мерасонанд. Чи хеле, ки дар боло қайд кардам, Нигина Амонқулова барои боз хам баланд бардоштани малакаи хеш дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода тахсил кардааст ва донишхои азхудкардаи хешро барои тахияи клипхои нав истифода мебарад.

Видео, клип, Музика, Суруд, MP3 аз Нигина Амонкулова

Ёри Мусофир (2016) >>>

Дует Нигина и Дамирбек 2015                     Эй дилбар (2014г)
 

Скачат-гирифтан ва шунидан бепул !!!

Сузиши Шарар (2014) >>>                            Чархи фалак (2011) >>>>

  

Шабнами гулбодаи гулпуши ман             Мохтоби дар шабистони ман

 

Эй Сорбони ишк ними рах намон.        Шасту шастучор карди ба кошакот банда карди

  

Ёри мани баргард, чон батани баргард.    Ранҷида омад (дар лаби оби, маҳи)

 

Омад омадат гардам  >>>                               Мара аруси нагу,
 

Инчунин суруди:

  • Махи пурнурам >>>

Телефони Нигина Амонкулова (+992) 3723562** Нигаред ба Сурудхои Нигина ба сахифаи  у дар  http://media.ansor.info/tag/nigina_amonqulova/

Комментарии