Неругоххои Оби Баркии Точикистон (НОБ)

Нерӯгоҳи Обии Барқӣ (НБО) - ин иншооти истеҳсолкунандаи барқ, ки тавассути об истеҳсол карда мешавад, номида мешавад. НБО асосан дар дарёҳо, сарбандҳо ва обанборҳо сохта мешаванд. Талаботи асосӣ барои ин иншоот мавҷуд будани обӣ доимӣ ва нишебии қобилӣ қабулбуда, мебошад. Дар замони ҳозира истеҳсоли қувваи барқ тавасути об хело арзон ва муфид аст.

Нурек ГЭС

Нурекская ГЭС

Гарчанде қувваи барқро дар аврупо асрҳои XVII- XVIII ихтироъ карда бошанд ҳам вале бори аввал соли 1878 ихтироочии Бритониёи Кабир – Улиям Армстронг дар бунёди Неругоҳи Обӣ Барқии аввалин, дар Фокс Ривер дар шаҳри Эплтони ИМА саҳмгузор мебошад.

Дар ҷаҳон Хитой, Бразилия, Канада дар истеҳсоли барқ ҷои аввалро ишғол менамоянд. Дар асри XXI назар ба дигар давлатҳо Хитой бештар барқро истеҳсолу истеъмол менамояд, ки манбаи асосии энергия НОБ калонтарин дар ҷаҳон ин “Се Дарраҳо” дар дарёи Янсзи мебошад.

Тоҷикистон дорои  захираҳои  бузурги энергияи барқии обӣ  мебошад, ки дар як сол 527 млрд. квт/соат ба ҳисоб меравад вале дар асл соли 2015-ум, 17 млрд. кв. соат барқ истеҳсол шуд ки ин қариб 3,5 фоиз аз иқтидори мавҷудбуда мебошад.  Иқтидори барқии обии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи 8-умро пас аз Хитой, Руссия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада ишғол менамояд. 95 % асоси барқи Тоҷикистонро аз об истеҳсол карда мешавад  Захираҳои асосии энерҷии барқии обӣ дар дарёҳои Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгир аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон НОБ-ҳои хеле бисёранд аз ҷумла:

  1. НОБ Қайроқум дар Сирдарё соли 1940 ба нақша гирифта шуда соли 1957 ба кор дода шудааст,
  2. НОБ Бойғозӣ дар дарёи Вахш соли 1970 ба нақша гирифта соли 1986 фаъолиятро бо иқтидори 150 МВт ва истеҳсоли 2,5 млрд.кВт. дар як сол оғоз намуд.
  3. НОБ Норак дар дарёи Вахш буда 75% қувваи барқи ҷумҳуриро алҳол истеҳсол менамояд. Иқтидораш 3000 МВт буда дар як сол 1,2 млрд.кВт.с барқ истеҳсол карда истодааст.
  4. НОБ Сангтуда 1 дар дарёи Вахш буда бо ҳамкории Федератсияи Русия сохта шудааст,
  5. НОБ Помир 1 дар дарёи Ғунт буда ба нақша соли 1980 гирифта шуда соли 2005 сохтмонаш ба итмом расидааст,
  6. НОБ Роғун дар давраи сохтмон қарор дорад.

Видеои НБО -хои Точикистон (Норак)

Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон норасои қувваи барқ ба миён омад. Аз ҳамин сабаб ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъмини аҳолӣ бо неруи барқ “ Лоиҳаи сохтмони НОБ  ии хурд аз соли 2009 то 2020 қабул намуд. Дар ин лоиҳа 189 НОБ хурд сохта мешаванд. Яке аз объектҳои калонтарин дар Осиёи Марказӣ ин НОБ Роғун мебошад, ки соли 1976 сохтмон оғоз шудааст. НОБ-и Роғун на танҳо боиси баланд гардидани ҳаҷми нерӯи барқ аст, балки барои рушди ҳама гуна истеҳсол зарур мебошад, асосан таъмин намудани аҳоли бо қувваи барқ.

Тавсия карда мешавад, ки  маълумоти иловагии  вобаста ба ин мавзуъро дар сахифаи руси хонда шавад >>>>

Комментарии