Дилшод Назаров – ИФТИХОРИ ТОЧИКОН
Назаров Дилшод Джамолиддинович – аввалин чемпиони точик, ки сохиби медали тиллои дар таърихи Точикистони сохибистиклол сазоворшуда мебошад ва дар сохаи гурзандози мутахассиси баландарача аст.
Дилшод Назаров ягона нафарест, ки дар байни дигар чемпионхои Точикистони дар чахон якумину нахустин шуда сохиби медали тиллои шуда дар варзиши Точикистон тагийроти хотирмону навоварона санаи 20-уми августи соли 2016, бо натичаи 78,68 гузошааст.
ДИЛШОД ФАХРИ ТОЧИКОН !
Дилшод Назаров санаи 6-уми майи соли 1982 дар шахри Душанбе таваллуд шудааст. Варзиши сабук, гурзандози. Рекорди инфиродиаш 80,71 метр аст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи чисмонии Точикистон (2001) ва Донишгохи тичорати Точикистон (2006) мебошад. Устоди шоистаи варзиши Чумхурии Точикистон аст. Мураббиёнаш модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Александрович Пискунов ва феъланВладимир Машко мебошанд. Соли 2015 бо Ордени Шараф дарачаи II мукофотонида шудааст.
Дилшод барандаи медали нукраи мусобикоти карамонии чахон дар соли 2015 (Пекин, Чин), голиби Бозихои осиёии солхои 2006 (Доха, Катар), 2010 (Гуанчоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Чануби), кахрамони секаратаи Осиё дар солхои 2009 (Гуанчоу, Чин), 2013 (Пуна, Хиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад. Бори чорум дар Бозихои олимпи иштирок мекунад. Дар Бозихои олимпии соли 2004-ум дар Афина (Юнон) ноком шудааст.
Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) чойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) чойи 10-умро гирифтааст. Дилшод Назаров голиби Бозихои V Осиёи Маркази (Душанбе, 2003), барандаи медали нукраи Бозихои Африкову Осиё (Хиндустон, 2003), голиби Бозихои I исломи (Арабистони Сауди, 2005) ва голибу чоизадори бисёркаратаи мусобикоти байналмилалист.
Cанаи 26-уми августи соли 2016 тарики хавопаймои Москва Душанбе Дилшод Назаров ба ватанаш бармегардид, ки уро худи писари калони Президенти Чумҳурии Точикистон – Рустами Эмомали бо хамрохии зиёда 20 хазор хаводоронаш пешвоз гирифтанд. Баъдан Дилшодро дар мошини кабриолет дар кучахои пойтахт давр занонда ба мардум нишон доданд. Пас аз он Президенти кишвар уро ба мехмони кабул карда суханхои муборакбоди ва миннатдориро баён карда тухфаҳои сазоворро такдим кард. Сипас барои чемпион консерт дар амфитеатр ташкил карда шуд ки дар он тачлили ботантанаи ин шахси баруманди точик бошарафона амали шуд.
Бозихои олимпи | ||
Тилло | Рио-де-Жанейро (18.08.2016) | Гурзпартои |
Чемпионатхои чахони | ||
Нукра | Пекин 2015 | Гурзпартои |
Бозихои Осиё | ||
Тилло | Доха 2006 | Гурзпартои |
Тилло | Гуанчжоу 2010 | Гурзпартои |
Тилло | Инчхон 2014 | Гурзпартои |
Бозихои Осиё | ||
Биринчи | Манила 2003 | Гурзпартои |
Нукра | Инчхон 2005 | Гурзпартои |
Нукра | Амман 2007 | Гурзпартои |
Тилло | Гуанчжоу 2009 | Гурзпартои |
Тилло | Пуна 2013 | Гурзпартои |
Тилло | Ухань 2015 | Гурзпартои |
Сурати Дилшод Назаров (Рио Дажанейро август 2016)
Дилшод Назаров дар байни варзишгари точик аввалин шуда ба Бозихои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роххат гирифтааст. У мохи майи соли гузашта дар мусобикоти чахонии силсилаи Гран-при оид ба гурзандози дар Чумхурии Чех бо натичаи 79 метру 36 сантиметр макоми дувумро касб кард ва ба хакки ширкат дар Бозихои олимпи дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд.
Дилшод Назаров аз мохи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхии Точикистон мебошад. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Точикистон аст. Оиладор аст, ду фарзанд – як писару як духтар дорад.