Назаров Далер Мехрубонович

Назаров Далер Меҳрубонович – сарояндаи дар ҷаҳон шинохташуда ва инчунин оҳангсоз ва актёри синамову кино мебошад. Далер 8-уми сентябри соли 1959 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи зиёӣ (Вазири Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон), таввалуд шуда ба воя расидааст. Дар аёни ҷавони Далер писараки пурҳунар вале ҷисман харобак буд ва баробари ин бемориҳо ташвиш медоданд.

Д. Назаров падари 4-фарзанд буда солҳои 1975-1995 шуҳрати беандоза дар байни мардуми тоҷик дошт. Бар иловаи ин Далер Назаров домоди собиқ роҳбари кишвар – Раҳмон Набиев ҳам буд вале бо назардошти набудани ҳамдигарфаҳми оилаи онҳо зуд пароканда шуд. Барои ҳиссаи босазои худ дар ҷодаи санъат ва хусусан сурду-оҳангсозӣ ӯро усто-пири оҳангсозони тоҷик меноманд.

Сурати Далер Назаров

Сурати Далер Назаров

Қадамҳои авввалини Далер дар санъат солҳои 1971 ки оёни 12-солагиаш буд қадам монд. Соли 1979 вақте, ки ҳамагӣ Далер 20 сол дошт дар филми «Ҷавонӣ рузи аввал» суру два оҳангӣ «Эй парӣ» гузошта шуд, ки ин сабабгорӣ шуҳратманд шудани мавсуф гардид. Дар ҳамон замон Далер алакай дастаи ҳунарии худро дошт ва дар он Анваршо Ғуломҳайдаров (бас-гитарист), Иқболшо Завқибеков, Ядидя Иляев (саксофон, флейта), солист Муборакшо Назаршоев, Фируз Халилов (тавлакзан) кор мекарданд.

Расм-сурат Далер Назаров

Расм-сурат Далер Назаров

Тарҷумаи ҳол: Далер Назаров ба духтари роҳбари аввалини котиби партияи Тоҷикистон – Мунаварра Набиева оиладор буд, вале онҳо ҷудо шуданд. Баъди ин фоҷиа Далер муваққатан аз санъат рафт вале бо назардоштӣ меҳри зиёд ба санъат дошатанш баъди чанде вақт соли 1980 боз ба саҳна баромад. Дар ин солҳои сурудҳои ӯ «Турки Шеърозӣ» аз суханҳои Ҳофиз, ва «Чак чаки борон» дили Тоҷикистониёнро тасхир кард.

Шабҳои бехобию машақатҳои зиёди дастаи ҳунарии Далер Назаров имконият дод ки онҳо ғолиби озмунҳои «Юрмала-89», «Иссық-Кул-90», «Бухоро-90», «Овози Осиё-91», гарданд. Сафарҳои ҳунарии  Далер Назаров ба кишварҳои Иттиҳои Шӯравӣ, Аврупо ва Осиё буданд. Баромади Далер Назаров якбора дар соли 2011 аз саҳна нест. Сабабаш дар он буд, ки аёни 15-солагӣ алакай ӯ қарор қабул карда буд, ки саҳна ин барои  ҷавонон аст ва бояд дар сини 50-солагӣ ӯ ин корро хотима мебахшад. Ҳоло баромадҳои ҳунарии Далерро гоҳ-гоҳ дар саҳнаҳо дидан мумкин аст ва ин ҳам бошад агар бисёр зарур бошад.

Соли 1992 бо сабаби дар Тоҷикистон ҷангӣ гражданӣ буд Далер Назаров ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон рафт ва то соли 1997 дар он ҷо зндагонӣ мекард. Соли 1998 вақте ки ба ватан баргашт сароянда як консерти калон барои мардуми Тоҷикистон ташкил карду бихонд.

Видео, Суруд, Музыка, MP3 аз Далер

 

Гуш кардан ва скачт бепул аст

Ҳаммаи фарзандони Далер Назаров ба сини балоғатанд. Писари Далер бо номи Даврон мисли падараш сарояндагиро дар ҳаёти худ қобили қабул нашуморидааст ва дигар касбро пеша кардааст. Дигар писаронаш бошанд Меҳрубон ва Аброр касби падариро пеша кардаанд. Аброр  дар гитор навохтан маҳорат ва меҳр дорад ва дар дастаи ҳунарии Сарез фаъолият менамояд. Меҳрубон бошад ба хондани сурудҳо ва бахусус дар шаҳри Алмаато вақташро сарф менамояд.

Тамос ва сурога:

Постаи электрони:
dalernazarov.studio@gmail.com
lulush@mail.ru
ms_sechko@mail.ru
Веб-сайт: http://www.dalernazarov.com

Телефон:

(+992) 93 576 17 11 (ш. Душанбе)
(+7) 926 320 50 98 (ш. Москва)


Филмҳое, ки дар он Далер иштирок кардааст (Синамогароӣ)

  • Маҳбуб, бастакор ва ҳунарпеша, (1988)
  • Падари моҳ, бастакор, (1999), Moon Father
  • Асрори мавлудӣ, бастакор, (2000), The Christmas Miracle
  • Инглистон, бастакор, (2000)
  • Муҷассамаи ишқ, бастакор, (2003)
  • Костюм, бастакор, (2003), The Suit
  • Ишқҳои Душанбе, бастакор ва ҳунарпеша, (2005)
  • Шоири зуболиҳо, бастакор, (2005)

Руйхаттти сурд ва албомҳои Далер Н.

1997 сол:

  1. Туро мебинам
  2. Ай нури худо
  3. Аз ғамат хун нагирям
  4. Духтари деҳқон
  5. Эй худоҷон
  6. Маҷнун
  7. Чак чаки борон
  8. Ҳаргиз аз ёд
  9. Дунёи савдо бигзарад
  10. Нистат
  11. Эй парӣ
  12. Живч
  13. Нола дорам (Муборакшоҳ)
  14. Ай нигори нозанин

1997 сол:

  1. Туро намепарастам (Муборакшоҳ)
  2. Сабза ба ноз (Муборакшоҳ)
  3. Дерест, ки дилдор паёме нафиристод (Муборакшоҳ)
  4. Дӯстат дорам (Муборакшоҳ)
  5. Ай ёрум биё (Муборакшоҳ)
  6. Акрамҷон (Муборакшоҳ)
  7. Нола дорам (Муборакшоҳ)
  8. Чор ҷавон (Муборакшоҳ)
  9. Ё Алӣ мадатке (Муборакшоҳ)
  10. Модак лай-лай (Муборакшоҳ)
  11. Гушнаи тири нигоҳат (Муборакшоҳ)
  12. Ғарибӣ (Муборакшоҳ)
  13. Рақс бикун (Муборакшоҳ)

1999 сол:

  1. Руҳи ором
  2. Дар биҳишт
  3. Духтараки қишлоқӣ
  4. Шаҳр
  5. Алик
  6. Падар
  7. Роҳи ягона
  8. Бедор шав
  9. После знахарки
  10. Хушбахтӣ
  11. Ғам
  12. Дар роҳ
  13. Куҳҳо

2000-ум сол:

  1. Ҷурне
  2. Сараке
  3. Духтари деҳқон
  4. Дили шӯрида
  5. Эй дил
  6. Зебо ба Зебо
  7. Аз шаршараи мӯят
  8. Парвоз кун ай мурғи вафо
  9. Чак чаки борон
  10. Нозукандом
  11. Ман ёри туям
  12. Ай худоҷон
  13. Най

2007-ум сол:

  1. Монда набошӣ, суруди мардумӣ
  2. Аз шаршараи мӯят менӯшам, шеъри Бозор Собир, оҳанги Далер Назаров
  3. Журне, шеъри мардумӣ, оҳанги Далер Назаров
  4. Ҷӯраи ҷон, шеъри мардумӣ, оҳанги Ноёбшоев
  5. Духтари деҳқон, суруди мардумӣ
  6. Рӯдакӣ, шеъри Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, оҳанги Далер Назаров
  7. Чӣ ғам, шеъри Махфӣ, оҳанги мардумӣ
  8. Наравад, шеъри Ҳофиз, оҳанги мардумӣ
  9. Чак-чаки борони баҳор, шеъри Мақсудшоҳ Иматшоев, оҳанги Далер Назаров
  10. Вақти рафтан, шеъри Бадриддин Ҳилолӣ, оҳанги Далер Назаров
  11. Мастам, оҳанги мардумӣ
  12. Имшаб ёд кардам…, шеър ва оҳанги Мақсудшоҳ Иматшоев
  13. Ман ёри туям, шеъри мардумӣ, оҳанги Акашариф Ҷӯраев
  14. Фарьёди кӯҳҳо, шеър ва оҳанги Далер Назаров

 

 

 

Комментарии