Намунаи Шартнома

Шартнома оиди ҳамкорӣ 

шаҳри Душанбе                                                                 ­­­­­“    ” феврали соли 2019

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Синон», ки минбаъд Меҳмонхонаи “Сафир”, номида мешавад, дар шахсияти директори он Орипов О.Ш., ки дар асоси Оиннома амал менамояд ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон – такси сайр», ки минбаъд «Сомон – такси сайр», номида мешавад, ки директори он Шарафзода С.А., ки дар асоси Оиннома амал менамояд шартномаи мазкурро оид ба ҳолатҳои зерин бастаанд.

  1. Мақсади шартнома

1.1. Тарафҳо ба созиш омадаанд, ки баҳри рушд ёфтан  фаъолияти якҷояро амалӣ намоянд.

1.2. «Сомон – такси сайр» ва Меҳмонхонаи “Сафир”, тавассути имкониятҳо ва самти фаъолияти худ ба якдигар ҷиҳати хизмарасонӣ ҳамкорӣ намуда «Сомон – такси сайр» меҳмонон ва муштарияни  Меҳмонхонаи “Сафир”-ро бо нақлиёти мусофирбар таъмин менамояд ва Меҳмонхонаи “Сафир” дар навбати худ эҳтиёҷоти нақлиётии худро тавассути «Сомон – такси сайр» амалӣ намуда ба муштариён ва меҳмонони худ хизматрасониҳои «Сомон – такси сайр»-ро пешниҳод менамояд.

  1. Ӯҳдадориҳои тарафҳо

2.1. «Сомон – такси сайр» ӯҳдадор мегардад, ки хизматрасонии муштариёни Меҳмонхонаи “Сафир”-ро аз рўи имкониятҳои доштааш ба таври афзалият дошта қабул намуда иҷро намояд.

2.2.«Сомон – такси сайр» ӯҳдадор мегардад, ки муштариёни Меҳмонхонаи “Сафир”-ро, ки қаблан аз ҷониби роҳбарияти ва ё шахси масъули меҳмонхона дархост кабул намудааст дар Терминали №1 Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе қабул намояд ва  бо такси таъмин намуда,то Меҳмонхонаи “Сафир” воқеъ дар суроѓаи шаҳри Душанбе, н.И.Сомонӣ, кӯчаи Фотеҳ Ниёзи 34 расонад.

2.3. «Сомон – такси сайр» махфияти дархостҳо ва маълумоти пешниҳод намудаи Меҳмонхонаи “Сафир”-ро кафолат медиҳад.

2.4. «Сомон – такси сайр» ӯҳдадор мешавад, ки дар қаблугоҳ ва нақлиёт нишон, тавсифнома ва рекламаҳое, ки аз ҷониби  Меҳмонхонаи “Сафир” пешниҳод мешавад, ҷой диҳад.

2.5.  Меҳмонхонаи “Сафир”ӯҳдадор мешавад, ки   ҳама гуна маълумоти заруриро оиди муштариёни худ, ҷиҳати қабули меҳмон аз Терминали №1 Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ба «Сомон – такси сайр» қабл аз фуруд омадани рейс пешкаш намояд.

2.6. Меҳмонхонаи “Сафир”ӯҳдадор мешавад, ки пас аз қабули меҳмони худ, ки қаблан дархост намуда буд, дар расиди ронандаи «Сомон – такси сайр» муҳри тааллуқ ба Меҳмонхонаи “Сафир”-ро мегузорад.

2.7. Меҳмонхонаи “Сафир”ӯҳдадор мешавад, ки дар қаблугоҳ ва ё утоқҳои меҳмонхона нишон, тавсифнома ва рекламаҳое, ки аз ҷониби  «Сомон – такси сайр» пешниҳод мешавад, ҷой диҳад.

2.8. Меҳмонхонаи “Сафир”ӯҳдадор мешавад, ки дигар эҳтиёҷоти меҳмонони худро оиди истифодаи воситаи наклиёт, ки ба Меҳмонхонаи “Сафир” вобастагӣ дорад тавассути имкониятҳои ҷойдоштаи «Сомон – такси сайр» амалӣ намояд.

  1. Шартҳои молиявӣ 

3.1Меҳмонхонаи “Сафир” ба «Сомон – такси сайр» пас аз иҷрои  дархост оиди қабул ва расонидани муштариёназ Терминали №1 Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе то Меҳмонхонаи Ватан воқеъ дар суроѓаи шаҳри Душанбе, ноҳияи И. Сомонӣ кўчаи Фотеҳ Ниёзӣ №34 барои ҳар як нафар меҳмон 50 (панҷоҳ) сомонӣ пардохт менамояд.

3.2. Меҳмонхонаи “Сафир” пас аз муҳргузорӣ дар расиди ронанда масъулияти пардохти онро ба зимма мегирад.

3.3. Меҳмонхонаи “Сафир” пардохтҳоро барои хизматрасонии нақлиётӣ «Сомон – такси сайр» ба таври нақдӣ ва ё ѓайринақдӣ мувофики нархи тарофавӣ ва ё маблаѓи қаблан муайяншуда пардохт менамояд.

3.4. Тарафҳо созиш кардаанд, ки  ҳар яке аз онҳо барои пардохти андозҳои худ, мутобиқи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ва дар алоҳидагӣ ўҳдадор мебошанд.

  1. Шартҳои дигар 

4.1. Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқуллода, ҳолати махсус ва ё реҷаи махсус (литерӣ) дар Фурудгоҳи байнанмиллалии Душанбе, ҳамзамон ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста нестанд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон форсмажор ҳисобида мешаванд масъулияти ҷавобгарии тарафҳоро соқит менамояд.

4.2.Шартномаи мазкур дар ду нусха барои ҳар як Тараф таҳия карда шудааст.

4.3. Созишномаи мазкур аз лаҳзаи имзо шудани он аз ҷониби Тарафҳо эътибор пайдо менамояд ва то лаҳзаи қатъ карданаш аз ҷониби Тарафҳо, амал менамояд.

4.4. Ҳар як Тарафи Шартномаи мазкур ҳуқуқ дорад бо равон намудани огоҳиномаи хаттӣ дар мўҳлати 30 (си) рўз пеш масъалаи қатъи шартномаи тарафайнро барассӣ намоянд.

4.5. Тарафҳо ўҳдадор мешаванд, ки ҳама гуна баҳсҳоро, ки аз Шартномаи мазкур ва ё вобаста ба он бар меоянд ва ба тариқи гуфтушунидҳои мусолеҳаомез ҳал намоянд.

4.5. Дар ҳолати ба созиш наомадан, ҳар яке аз тарафҳо, ҳуқуқ дорад, ки баҳсро барои баррасӣ ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

ҶДММ  «Сомон – такси сайр»

ш. Душанбе, к. Лучоби поён

РМА 020050300

МФО 35010100007

с/б 20202972400079105000

к/с 20402972316264

Бонк: ҶСК «Амонатбонк»

дар ш. Душанбе н. И. Сомонӣ

 

Директор:__________________

Камолов Р.О.

 

 

 

 

 

 

 

 
ҶДММ «Синон»Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш. Душанбе, к. Ф.Ниёзӣ 5

РМА 0210003502

ҳ.ҷ 20202972410101139800

Ҳ.кор. 20402972413691000006

ҶСК «Ориёнбонк»

БИК 350101400

 

Директор_________________

Орипов

 

 

 

 

Комментарии