Намунаи Мактуб

 Ба Идораи Комуналии Ҳукумати шаҳри Душанбе

         ҶДММ «Фируз» робита ба мактуби Идораи назорати комуналии Шаҳри Душанбе таҳти рақами 105/078 аз 19-уми декабри соли 2017-ум оид ба иҷроиши бандҳои Паёнавишти №12-и ҷаласаи корӣ бо иштироки намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ҷиҳати муҳокимаи вазъи ҷорӣ ва камбудиҳо дар кучаву бозорҳои аз 20.10.2017с., чунин иттилоъ медиҳад.

         Вобаста ба иҷроиши қонунгузории кишвар оиди ба кор қабул намудани механик корҳои дахлдор ба сомон расонида шуда буд ва аудитори дохилӣ ба кор қабул шуда, тибқи мактуби расмӣ №14 аз декабри соли 2018-ум Ҳукумати пойтахти Тоҷикистон хабардор шуда буд. Ҳоло бо назардошти ба кори дигар гузаштани собиқ аудитор чораҳо баҳри ба кор ҷалб намудани дигар механик андешида шуда истодааст ва тасмим гирифта мешавад, ки оиди рафти иҷроиши ин масъала маълумоти иловагӣ ба мақомити ваколатдори назоратӣ, ирсол карда шавад.

maktub

Чихеле, ки маълум аст ҶДММ «Фируз» ҳам дар ҷаласаҳои расмӣ ва ҳам тибқи мактуби № 16  аз ноябри соли 2018-ум ба Вазорати молияи Тоҷикистон оиди розигӣ дар аъзогӣ будан дар Асотсиатсияи Ташкилотҳои роҳбаладони Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози мусбӣ арзёбӣ намуда буд. Бинобар ин ҳар масъалае, ки аз дилхоҳ ташкилот оиди мавзуи мазкур ворид гардад, мо дастгирӣ ва ҳамкорӣ хоҳем намуд.

Мехостем қайд намоем, ки  тамоми фондҳои вобаста ба корҳои ободонӣ аз ҷониби ҶДММ «Фируз» созишшаванда ба пуррагӣ ташаккул дода шуда тибқи қонунгузории кишвар вобаста ба барқарорнамоии он амалиётҳои муҳосибавии дахлдор ба роҳ монда шуда истодааст.

Барои тақвият додани рафти таблиғотии миллии либосҳо аз ҷониби ҶДММ «Фируз» сомонаи расмӣ омода шуда дар он маҳсулотҳои барои фуруш қарордошта гузошта шудааст. Тасмим гирифта шудааст, ки чораҳо баҳри дар шабакаҳои иттилоотӣ вобаста ба самти реклама, боз ҳам такони нав дода шавад.

Ниҳоят оиди намудҳои нави кор барои соҳибкорон чунин қайд карда мешавад, ки ин масъала аз ҷониби мо омухта шуд вале бо назардошти маҳдуд будани имкониятҳо дар нақша гузошта шуд, ки таҳияи маҳсулотҳои корӣ барои соҳибкорон дар оянда таҳия карда шаванд.

Бо камоли эҳтиром,

Қиёмиддин Сифар                                                  12.01.2019

Комментарии