Намози таровех

Яке аз суннатҳои муаққада дар моҳи рамазон, намози таровеҳ аст ва вақти он пеш аз намози витр ва ё баъд аз он аст. Яъне баъди намози шом ва то дамидани субҳ хондан мумкин аст (танҳо шабона).

namoz_tarobeh

Намози Тарових

Намози таровеҳ аз 20 (бист)  ракъат иборат буда, ҳар ду ракъати он бо як салом адо мешавад ва мустаҳаб аст, ки намозгузорон баъд аз адои ҳар чаҳор ракъат миқдоре бинишинанд. Намозгузорон дар моҳи шарифи рамазон намози витрро низ бо ҷамоат (ҳамакаса) адо менамоянд.

Бояд гуфт, ки ба ғайр аз моҳи рамазон намози витр дар вақтҳои дигар бо ҷамоат хонда намешавад. Таровеҳ (ҷамъи тарвеҳа) ба маънои андаке дам гирифтан дар миёни ҳар чаҳор ракъати намоз мебошад.

Дар садри Ислом намози таровеҳро мардум бо  оҳистагӣ, таамул дар оятҳо ва бо хушӯи ба ҷой меоваранд ва пас аз ҳар чаҳор ракъати он андаке дам мегирифтанд. Имрӯзҳо низ намози таровеҳ суратан бо ҳамон меъёр ба ҷо оварда мешавад, вале ягона чизе, ки камтар ба он таваҷуҳ мегардад, ҳамон оҳистагии зарурӣ, ҳолати тааннӣ ва хушӯи дар намоз мебошад, ки рӯҳи намозро ташкил медиҳад.

Дар байни ҳар як 2 ва ё 4 ракат дам гирифта мардум ба гуш кардани тасбеҳи рамазон ва ё гуш кардани амри маъруф сарф менамоянд.

Комментарии