Намози Чумъа (Ҷумъа) – Дар рузи чума, тартиби хондан ва ракатхояш

Намаз в Праздник Рамадан

Намози чума

Намози Ҷумъа (Namozi Juma) – ин яке аз намуди дуохонии ҷамъиятии мардони мусалмонон буда амалӣ намуданаш ҳар ҳафта дар рузӣ ҷумъа, ҳатмӣ мебошад. Вобаста ба Намози ҷумъа дар сураи 62-юми Қуръони карим, гуфта шудааст ва вақти хондани он асосан дар нисфирузӣ пешбинӣ шудааст.

Барои занон, кудакон, мардони ҷисмонан камқудрат гарчанде хондани Намози ҷумъа ҳатмӣ набошад ҳам, вале матлуб аст.  Находани Намози ҷумъа бе ягон сабаби ниҳоятан узрнок аз нигохи дини Ислом, манъ карда шудааст. Дар ҳолати сар задани монеъаҳои ниҳоят душвор аз ҷумла: борони сел, хунукии ниҳоят сард, таҳдиди ба талафи ҷон меоварда ва ба монанди инҳо хондани Намози ҷумъа чандон зарур намешавад.

Намози ҷумъа бо шартҳои зер қобили қабул шуморида мешавад:
  1. Намози ҷумъа бояд дар минтақаи сераҳолӣ хонда шавад;
  2. Дар як ҷамоат (қишлоқ ё ноҳия) беҳтараш дар як макон ҷамъ омада Намози ҷумъа хонда шавад. Агар Намози ҷумъа бе ягон зарурият дар якчанд масҷид хонда шавад, пас он Намози ҷумъае, ки қаблан дар он масҷид хонда шудааст, қобили қабул дониста мешавад;
  3. Имоми масҷиде, ки дар он Намози ҷумъа хонда мешавад бояд аз ҳукумати маҳаллӣ иҷозат дошта бошад;
  4. Хондани вақти Намози ҷумъа бояд ба нисфирузӣ рост ояд;
  5. Пеш аз хондани намози ҷумъа бояд амри маъруф карда шавад;
  6. Дар амри маъруф лоақал як нафар марди солимақл иштирок намояд;
  7. Лоақал 3-марди балоғатрасидаи солимақли мусалмон дар он намозӣ ҷамоатӣ, иштирок намоянд;
  8. Масҷиде ки дар он намоз хонда мешавад бояд ба ҳамагон дари худро кушода бошад (ғайр аз ҳолатҳои зарурият ба бехатарии бино махкам шуда бошад).

Видео оид ба Намози ҷумъа:

Тартиби хондани Намози ҷумъа:

Пеш аз хондани намози ҷумъа бояд таҳорат (шустушуй ва пок кардани бадан) кард, нохуну муйҳои барзиёдро гирифтан, либосҳои тозаи беҳтаринро пушидан ва хушбуй кардан зарур аст.  Баъдан беҳтараш пиёда ба хондани намози ҷумъа равад. Дар масҷид ки даромад ба дигарон халал нарасонида ба тартиби қабулшуда ҷойи нишастро қабул менамояд. Хурдани чиснок, пиёз ва дигар маҳсулоти буйи тезу бад дошта мумкин нест.

Намози ҷумъа иборат аз 2-ракат буда вақти хондани намози пешин байни ракатҳои сунатии намоз (яъне байни 2-то 4 ракатиҳо) хонда мешавад. Яъне:

4- ракат суннат
2-ракат фарз (худ хамин ду ракат намози чумъа аст, ки пешаки барои он азони алохида мешавад)
4-ракат суннат

Савобҳои хондани Намози ҷумъа:

Бояд гуфт, ки худ рузи ҷумъа барои мусалмонон ин рузи хоса ва рузӣ истироҳатӣ мебошад, ки ҳамчун ид ҳатто мебошад. Дар ин руз барои мусалмонон шароит барои гирифтани бештари савоб ва раҳои ёфтан аз гуноҳо фароҳам оварда шудааст. Хондани Намози ҷумъа тибқи нақлҳо ба мусалмонон баробари як сол рузаву намоздорӣ савоб гирифтан баробар будааст.

Нияти Намози Чумъа (ҶУМЪА):

Ният кардам, соқит  гардонам  чаҳор  рақаъат  суннати намози пеш аз фарзи ҷумъа вақте, ки бар ман   аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, холисаллиллоҳи  таьоло, Аллоҳу акбар.

Ният кардам, соқит гардонам фаризаи вақтиро ба адо кардани  ду  ракаъат  фарзи намози   ҷумъа  вақте, ки бар ман аст, рӯй   овардам ба  қибла,  қиблаи ман ба ҷиҳати  Каъба, иқтидо кардам  ба  имоми  ҳозиристода, холисаллиллоҳи  таьоло, Аллоҳу акбар.

Ният кардам, соқит  гардонам  чаҳор  рақаъат  суннати намози баъд аз фарзи намози ҷумъа вақте, ки бар ман   аст, рӯй овардам ба  қибла  қиблаи ман  ба ҷиҳати  Каъба, холисаллиллоҳи таьоло, Аллоҳу  акбар.

______________________________________

Ташшаккур барои хондани матни мазкур.

Комментарии