Намоз

Чтение намоз

Намоз

Намоз – ин намуди дуохонии мусулмонон мебошад, ки тибқи талаботҳои динии Ислом ҳамчун яке аз 5-шартҳои  диннӣ ба шумор рафта, иҷроишаш вобаста ба намуди намоз, зарур аст.

Оиди Намоз дар китоби муқаддаси мусалмонон «Қуръон» гуфта шудааст. Вобаста ба тартиби хондани Намоз бошад ба гуфтаву амалҳои Паёмбари Худо – Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва Саллам), такъя оварда мешавад, ки хаттӣ аз ҷониби Ҳанафиён сабт ва ба чаҳорчубаи муайян ворид карда шудааст.

Калимаи «Намоз» асосан тоҷикӣ-форсӣ буда онро аз забони арабӣ «Салот» гирифта, маънояш наздик шудан ба Парвардигор мебошад.

Намудҳои Намоз:

Намоз барои мусалмонон асосан ба ду гуруҳ ҷудо мешавад аз ҷумла «Намозҳои ҳатмӣ» ва «Намозҳои матлуб».

Намозҳои ҳатмӣ иҷроишашон барои мусалмонон шарт аст ва дар ҳолати амалӣ нашудани он гуноҳ ҳисобида мешавад. Зергуруҳҳои намози ҳатмӣ:

  1. Намози ҳаррузаи 5-вақта;
  2. Ҷумъа намоз;
  3. Намози ҷаноза;
  4. Намози идона.

Намозҳои матлуб – барои иҷроиш ба мусалмонон ҳатмӣ набуда тавсия карда мешавад, ки кас дар амалии он кушиш ба харҷ диҳад. Дар ҳолати амалӣ накардани намози матлуб гуноҳ ҳисобида намешавад. Тибқи ҳадисҳо хондани намозҳои матлуб барои омурзиши гуноҳҳо ва гирифтани савобу баракат пешбинӣ карда шудааст.

Намудҳои намозҳои матлуб:

 Авабин;  Ратибот;
 Витр;  Тасбеҳ;
 Дуо;  Тауба;
 Ишрок;  Таробеҳ;
 Кусуф ва Хусуф;  Тахаҷуд;
 Истиқо;  Тахият ул масҷид;
 Истихор;  Ҳаҷат.
Шаклҳои намоз:

Аз нуқтаи назари тартиби хондан, шаклҳои зерини намоз маълум аст;

  1. Намози якагӣ (тоқагӣ) ё худ шахсӣ;
  2. Намози ҷамъиятӣ;
  3. Намози мардон;
  4. Намози занон;
  5. Намози каср;
  6. Намози хавф;
Тартиби хондани намоз:

Комментарии