Мошини фуруши дар Точикистон / Душанбе, Хучанд..

Дар Тоҷикистон фуруши мошин, автомобил, трактор ва дигар намудҳои техникаро асосан дар мошинбозорҳо ба савдо мебароранд. Лек дар қатори бозорҳо инчунин мағозаҳои хусусӣ дар мавриди фурӯши мошину техника низ ҳастанд. Масалан дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе дар маҳалаи  33 – мағозаи мошинҳои Таёта аз соли 2014 инҷониб фаъолият намуда истодааст ва ё дар шаҳри Турсунзода ташкилоти «Мадади Турсунзода» фурӯши техникаи хоҷагии қишлоқро аз соли 2008 инҷониб васеъ ба роҳ андохтааст. Ҳамин гуна ташкилотҳои мошину техникафуруш дар Тоҷикистон чандин адад буда дар шаҳрҳои калонтарин аз ҷумла, Душанбе, Хӯҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода, Ҳисор, Ӯротеппа ва ғайраҳо мавҷуданд.

moshin_bozorДар ташкилотҳои хусусӣ (фирмаҳо) асосан мошинҳои нав ва техникаи нав ба фурӯш гузошта шудаанд, ки назар ба нархҳои мошинбозор хело қимматанд ва сабаби қиммат буданаш дар он ки онҳо андозҳои зиёдро пардохту хароҷотҳои иловагиро дар худ таҷҷасум менамоянд.

Дар мошинбозор бошад мардум асосан мошину техникаи истифодашударо, яъне кӯҳнаро ба фуруш пешкаш менамоянд. Аз ҷумлаи мошинбозори калонтарини Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хӯҷанд ва Қурғонтеппа мавҷуд аст. Бояд гуфт, ки гарчанде Душанбе пойтахти кишвар бошад, ҳам ва дар он мошинҳои зиёд аз ҷиҳати шумораву намуд ба фуруш гузошта шаванд, вале аз ҷиҳати ободии бозор ва тозагӣ ҷой намоёнро ишғол намекунад.

Дар мошинбозори Душанбешаҳр мардуми ба савдои мошин машғулбуда хело азоб мекашанд. Масалан дар фасли гармо соҳибони мошинҳо дар мошинбозори бе сояву серчанг дар таги офтоби тасфон рӯзҳои дароз сухтаву пухта мегарданд. Агар борон шавад пас мошинбозор ба ҳавзҳои обу лойқа мубаддал гашта либосҳои мардум ифлос мегарданд. Дар зимистон бошад умуман аз хунукӣ савдогарон ба худ бемориҳои зиёдро дарёфт менамоянд.

Мошинхои ДушанбеҲамзамон масъалаи гигиена – тозагӣ тамоман бад аст ва хатти об барои дастшуӣ ва ё ҳоҷатхонаҳои тоза мавҷуд нестанд. Мардум дар даҳон фақат офтобпарасти ифлосро (семичка) обҳои нушокиии газнокро истеъмол менамоянд, ки ба саломатиашон хело зарар меоранд.

Соли 2015 мошинбозори шаҳри Душанбе ки дар маҳалаи Гипрозем қарор дошт ва нисбатан ба мардум дастрасу беҳтар барои савдо кардани мошин шароит дошт ба ҷойи боз ҳам баддар кӯчонида шуд. Яъне аз ҳудуди шаҳр берун дар маҳалаи чимтепаи Ноҳияи Рӯдакӣ бурда шуд, ки акнун ба мардум то бозор рафту омад кардан хело ташвишовару дур гашт. Бар замми ин савдогарон шароити беҳтар фароҳам оварда нашуд.

Солҳои охир – яъне баъди 2010 сол мардум фрурши мошинро бештар дар таҷриба тавассути интернет ба роҳ мемодагӣ шуд, ки ин ҳам бошад пайдо шудани телефонҳои замонавӣ (смартфон) ва дастрасии интернет сабаб гардид.

Ҳоло бештари мардум сомонаҳои (сайт): www.fara.tj www.mashina.tj  www.marka.tj www.lalafo.tj барои хариду фуруши мошину техника истифода мебаранд. Ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон дар як рӯз шумораи мошинҳои фурӯшӣ тақрибан 10 ҳазор адад буда шумораи харидорон 5 ҳазор аст. Дар асл мардум ба ҳисоби миёна тақрибан 1000 адад мошинро дар як рӯз фурухта метавонанд ва ин ҳам бошад дар рӯзҳои шанбеву якшанбе бештар амалӣ мешавад.

Дар Тоҷикистон аз ҳама мошинҳо бисёр савдошаванда маркаи мошинҳои Олмонӣ (Германния) ба монандӣ Опел, Мерседес ва БМВ бештар маъруф буда баъдан маркаҳои Ҷопониву Курёӣ аз ҷумла Тико, Таёта, Хундай, Старекс ва ғ. мебошанд.

Ба гуфтаи мардум маркаҳои мазкур нисбатан ба муҳити Тоҷикистон ки роҳҳои ноҳамвор дорад ва одамон асосан дар корҳои худ бешатар истифода мебаранд маҳз ҳамин автомобилҳо-мошинҳо мувофиқтаранд. Бар иловаи ин чунин маркаҳо дар таъмир хароҷоти зиёдро талаб намекунанд ва қисмҳои эҳтиётии онҳо дастрасу арзонтар аст. Ногуфта намонад, ки ба чунин мошинҳо боз таҷҳизоти газиро насб карда ба камхарҷии зузишворӣ мутобиқ карданаш имконпазир аст. Дигар намудҳои мошинҳо асосан ба чунин омилҳо мувофиқ нестанд ва дар хариду фуруш низ чандон майли зиёд мушоҳида намешавад.

regar_tursunzoda_moshinМошинҳои советӣ ё худ маркаҳои руссиягии ҳозира ба монандӣ ГАЗ, ЛАЗ, КАМАЗ ва ғ дар Тоҷикистон умуман шуҳрат надоранд ва молҳои нави ин мошинҳо барои савдо оварда намешаванд. Дар бозор танҳо амон жигулии шалақи бобоӣ ё ЗИЛ-и аждаҳорро дидан мумкин аст, ки он ҳам бошад боқимондаҳои давраи пешин мебошанд. Сабаби бемаъруфии ин мошинҳои рӯси дар гаронии нарх, серхароҷот (серсузишворхурӣ) ва камсамаранокии онҳо мебошад. Тибқи тахминҳо баъди ворид гаштани Тоҷикистон ба иттиҳоди гумрук, дар кишвар нархи автомобилҳои русӣ шояд паст фарояд ва шуҳраташро пурзуртар намояд.

Мавқеи мошинҳои Хитоӣ ҳам дар бозори Тоҷикистон ҷойи баландро соҳиб нест. Ин бар он сабаб ас тки сифати моли хитоӣ хело паст аст ва зуд-зуд вайрон мешавад. Ронандаҳои мошинҳои Тангем дар солҳои 2005-2010 инро хуб мушоҳида карданд ва ба хулоса омаданд, ки дар оянда гарчанде Тангемҳо каммасраф бошанд, ҳам вале дар устуворӣ хело суст мебошанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон мисли давлатҳои аврупоӣ миёнаравҳои автомобилӣ, мисли риелторҳои хонафуруш мавҷуд нест ва мардум аз тасавуроти худ ва ё тавсяи наздикони худ истифода бурда ба харидани мошин майл менамоянд ва давлат бошад ягон сиёсати худро дар ин маврид дахолатпазирӣ намекунад. Яъне бозори мошон дар ихтиёри мутлақои халқ қарор дорад.

Комментарии