Шаъбон (Мохи Шабон)
Шаъбон (арабӣ شعبان ) моҳи ҳаштуми ҳиҷрӣ-қамарӣ буда, дуюм моҳи муқадастарин дар дини Ислом мебошад. Ин моҳ дар байни моҳи Раҷаб ва Рамазон ҷой гирифтааст. Моҳи Шаъбон аз 29 ё 30 рўз иборат аст, дар байни моҳ шаби Барот аз шаби 14 ба 15 ҷашн гирифта мешавад. Дар ин шаб мусалмонон шабзиндадорӣ менамоянд, ба хондани намоз ва тиловати Қурон машғул мешаванд. Ин шаб дар Ислом шаби бахшиши гуноҳҳо ҳисобида мешавад.
Номгузории моҳи Шаъбон пеш аз Ислом сурат гирифтааст. Ва дар рўзҳои ин моҳ қабилаҳои араб баъди оромиҳои моҳи Раҷаб, ки дар ин моҳ ҷанг кардан ҳаром буд, ба гуруҳҳо тақсим мешуданд.
Аз Пайғамбар – Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи васаллам) омадааст, ки номи Шаъбон аз калимаи «ташааба» ба маънои «паҳншавӣ» сарчашма дорад. Дар ин моҳ корҳои хуб паҳн мешаванд. Мусалмононе, ки дар моҳи Шаъбон ба гирифтани рўза, ба анҳом додани корҳои хуб ва ба зиндадории шаби миёна машғул мешаванд, Худованд гуноҳҳони онҳоро мебахшад ва дар муддати як сол онҳоро аз балоҳо ва касалиҳо паноҳ медорад. Ҳамчун корҳои хуби анҷомдодаи дар ин моҳ аҷрашон ба 70 маротиба зиёд мегардад ва ба суи осмон озодона боло мераванд.
Тақвими моҳи Шаъбон
Соли ҳиҷрии қамарии 1436 = аз 19 май то 17 июни соли 2015 шамсӣ мелодӣ
Соли ҳиҷрии қамарии 1437 = аз 8 май то 5 июни 2016 с. шамсӣ мелодӣ
Соли ҳиҷрии қамарии 1438 = аз 27 апрель то 25 мая с. 2017 шамсӣ мелодӣ
Соли ҳиҷрии қамарии 1439 = 17 апрель то 16 мая с. 2018 шамсӣ мелодӣ
Соли ҳиҷрии қамарии 1440 = 6 апрел то 5 май с. 2019 шамсӣ мелодӣ
Соли ҳиҷрии қамарии 1441 = 25 март то 22 апрели с. 2020 шамсӣ мелодӣ
Соли ҳиҷрии қамарии 1442 = 15 март то 13 апрели с. 2021 шамсӣ мелодӣ
Соли ҳиҷрии қамарии 1443 = 4 март то 1 апрели с. 2022 шамсӣ мелодӣ
Соли ҳиҷрии қамарии 1444 = 21 феврал то 22 марти с. 2023 шамсӣ мелодӣ
Дуои Мохи Шаъбон

Видеои Дуои мохи Шаъбон.