Модарнома – Сухан ва таронаҳои беҳтарин

Модарнома ин маҷмӯи суханҳои аз ҷониби фарзандони инсонӣ бар ҳаққи тавлидкунандагони баёёншуда мебошад, ки аз самими қалб бо матни баланди пур аз меҳр ва таманиёт мебошад.

Модарнома метавонад дар шакли хаттӣ ба таври назм ва наср бошад ва онро солҳои охир дар шакли суруду тарона низ омода месозанд.

Суруди Модар

Исроил Файзиддинов

Нодир

 МодарномаДар васфи модар як қатор шоирон ва нависандагон Модарнома навиштаанд, ки саҳми Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ дар ин маврид хеле назаррас аст.

Хусусан Мирзо Турсунзода дар ҳаққӣ-васфи Модарон бениҳоят суханҳои болотарину олитаринро дар шакли назм навиштааст, ки ин барои эъҷод кардани дигар Модарномаҳо аз ҷониби шоирону нависандагони тоҷик боису замина гаштааст.

ШЕЪРҲО ДАР ВАСФИ МОДАР

МОДАР

Канда гардад ахтаре аз осумон,
Меравад, гӯянд, фарде аз ҷаҳон.
Гарчи бори ғам бувад бори гарон,
Лек бардоранд онро одамон.

Чашм медӯзам гаҳе бар ахтарон,
Модарам бар ёд меояд ҳамон,
Гар равад модар, на як исторае,
Мефитад гӯё, ки бар сар осмон.

Даме ки мешавад тифле таваллуд,
Ба сад уммед бар ӯ ном монанд.
Даме ду дил ба ҳам пайванд гардад,
Варо аз дӯстӣ пайғом доданд.

Аз он ки соҳиби фарзанд гардид,
Бигардад шодии модар дучандон.
Зи қалби пуршарораш меҳр борад
Гаҳе ки мекунад гаҳворабандон.

Шавад фарзанди ӯ донову оқил,
Агар бошад дароз умарш дар олам,
Вале гӯед, ёрон,аз чӣ бошад,
Ки беқадр аст гоҳе қадри одам?
Агар фарде бимирад, мо баҳурмат
Ба роҳи охирин ӯро расонем.
Агар ки дӯстии мо бимирад,
Куҷо дафнаш кунем, инро надонем.

Даме ки дилбаре гум мекунад ёр,
Ба ёдаш солиён мотам бигирад.
Чӣ сон гирем мотам, эй азизон,
Агар ки дӯстии мо бимирад?

Чу дар хобат бубинӣ мурдаеро
Ба ҳасрат аз ҷудоӣ мекашӣ оҳ.
Чаро аз зинда аммо мегурезӣ,
Агар ногаҳ барояд аз сари роҳ?

Дилам пур шуд зи дарду ғуссаи беш,
Чу гум кардам замоне ҳампари худ.
Агарчи зинда буду зиндагӣ дошт,
Вале аз баҳри ман чун мурдае буд.

Агар ду дил баҳам мегашт моил,
В –агар мебуд бо ҳам сахт пайванд,
Намекардам кунун ман оҳу нола,
Намешуд аз ғам иншо мисрае чанд.

Накардам ҷаҳд, то ғамнома гӯям,
Дилам аз меҳри гармаш буд саршор,
Намеафтод агар санге зи кӯҳсор,
Намешуд устувориаш халалдор.

Ба ҳангоми видоъ шояд ки бахшам
Гуноҳи дӯсти деринаро ман.
Вале бар зиндае,ки мурда бошад,
Набошад баҳри дафнаш ҳеҷ мадфан.

МОДАРИ МУҚАДДАС

На оҳанг офаридӣ,
На тарона.
На дастоне навиштӣ,
На фасона.
Туро на сарвату
На моли дунёст.
Туро на савлату
На арши болост.
Туро давлат,
Туро савлат,
Туро бахти баланди бахт,
Туро рӯзи накӯву сахт.
Туро дунёи беармон
Будӣ шаш ҷон.
Фақат шаш ҷон.
Дар оғӯши ту шаш ҷон аст.
Шаш андеша,
Ҳама дарёи тӯфонаст.
Фақат, модар,
Ту ҳамчун соҳили сангин
Пуртамкин.
Ба мавҷи ромногирандаи дарё
Ту хоҳони зафар ҳастӣ,
Ба вай ту ҳамсафар ҳастӣ,
Ҳаёти ту мисоли чархи гардон
Гирдгардон аст.
Ба мисли рӯди тезоб
Тоз-тозон аст.
Гаҳе шодӣ,
Гаҳе кулфат,
Гаҳе ханда.
Гаҳе гирдоб-
Аз инҳо қисматат сероб.
Гаҳе уммеди бишкаста,
Гаҳе нури зи сар раста,
Вале дунёст бо уммед,
Ки домони шабаст испед…
Дари олам кушоӣ рӯи фарзандат,
“Даро- гуфтӣ,-
Манам пушту паноҳи ту.
Шикан зулфини дарвоза
Даро аз он далерона –
На танҳо такягоҳат ман,
Ҳазорон дӯстонат такягоҳи ту,
Ҳама пуштупаноҳи ту,
Қадам бигзор мардона.
Ба ҳарҷо пой бигзорӣ –
Бирезад шӯълаи моҳтоб,
Бихандад чеҳраи офтоб.
Баро ту қуллае, ки он
Нашуд бар Сашаам таслим,
Баро, фарзанди ҷон
То аз пасат хезад!”
Аё модар,
Муқаддас, мӯътабар модар,
Ту ҳасти кошифи даврон.
Ки давру аср
Фарзанди ту Ленинро
Даҳои хеш медонад,
Ҷаҳони нав
Туро модар калони хеш мехонад.

Мисрае аз Мирзо Турсунзода 

Ба ҳамон дасте, ки шабҳои дароз
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,
Аллагўён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки шодон борҳо
Пок кардӣ ашки чашмони маро.

Комментарии