Модар сарчашмаи ҳаёт

 Модар! Фариштаест, ки Худованд баҳри  мо ато кардааст.
Модар! Дар  зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли чонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модарам! Модарҷон!  Меҳру муҳаббати самими модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеч чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст,ки мо ҳастему хаёт ҳаст. Кист он кассе, ки аллаи модарро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад.

МодарМодар! Шумо чашмаи ҳаёти инсон ҳастед ва ҳаёти инсон ба Шумо вобаста аст. Калимаи Модар калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон якхел оҳанги навозишкорона дорад. Сину соли  мо чанде ки набошад, хоҳ тифл  бошем хоҳ  калонсол, барои мо Модар, навозишу нигоҳи вай зарур аст. Ва ҳар қадаре, ки муҳаббати касс ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фарахбахшу дурахшон аст.

Модар!  Бе Шумо ҳеч баҳоре зебо ва хеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Файзи зиндагонии мо аз Шумост. Шумо ситораи дурахшоне ҳастед, ки роҳи фарзандонатонро, яъне моро равшан месозед.

Модар!  Шумо шахси муқаддас ҳастед. Вақте ки симои Шумо пеши назарамон меояд, аз чашмонатон, аз тамоми ҳастии Шумо нур ме борад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.

Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад. Беҳуда модарро бузург нагуфтаанд. Бузургии модар дар он аст,  ки бузургтарин неъмати дунё – фарзандро ба дунё меорад. Шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзанд бузург,  хушбахт, шахси сарбаланд шавад.

Модар  ҳамеша дар фикри он аст, ки чӣ коре кунад ки зиндагии фарзандашро хубтару беҳтар кунад ва ҳамеша орузуҳоямонро амал кунад. Пас биëд фикр кунем, ки мо барои модарони азизамон чӣ кор кардаем, оë мо ба қадри меҳнати онҳо  мерасем ë не. Биëд модаронамонро дӯст дорем,ҳурмат кунем то он даме,ки онҳо ҷон дар баданашон доранд, на баъди маргашон. Биëд ба қадри тифлаконе бирасем, ки аз хурдӣ аз модар маҳрум шудаанд ва аз меҳру муҳаббати модар хабардор нестанд. Касе ки Модар дорад хушбахттарин ва сарватмандтарин шахс дар ҷаҳон аст. Ва ман мехоҳам, ки ба тамоми олам фарëд занам:  ” Модарҷон, ман Шуморо дӯст медорам “.

Комментарии