Татбики созишномахои байналмилали

Моддаи 6. Татбиқи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои андозбандӣ

  1. Татбиқи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои андозбандӣ ва меъёрҳои умумии ҳуқуқии байналмилалии андоз мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андоз амалӣ карда мешавад.
  2. Муқаррароти созишномаҳои байналмилалӣ, ки масъалаҳои канораҷӯӣ намудан аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашиҳо аз пардохтани андозҳо, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, нисбат ба резидентони андози як ё ҳарду давлат татбиқ карда мешаванд, ки чунин созишномаро ба имзо расонидаанд. Бо ин мақсад, резиденти андоз мувофиқи созишнома муайян карда мешавад.
  3. Муқаррароти қисми 2 моддаи мазкур нисбат ба резиденти андози давлате, ки бо он созишномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст, татбиқ намегардад, агар резиденти андоз муқаррароти ин созишномаро барои манфиатҳои шахси дигаре, ки резиденти андозии ҳамон давлати аҳдкунанда намебошад, истифода намояд.
  4. Мутобиқи қисмҳои 5 – 12 моддаи мазкур шахсе, ки ҳуқуқи воқеии гирифтани даромадро аз манбаъҳои пардохт тибқи созишномаи байналмилалии андоз дорад, муайян карда мешавад.
  5. Шахси дорои ҳуқуқи воқеӣ ба даромадҳое, ки аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ пардохт карда мешавад, шахсе эътироф карда мешавад, ки дорои ҳуқуқи мустақилона истифода кардан ва (ё) ихтиёрдорӣ кардани даромадҳои мазкур мебошад, ё шахсе, ки бар манфиати ӯ шахси дигар ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани чунин даромадҳоро дорад. Дар ин ҳолат аҳамият надорад, ки ин ҳуқуқ бинобар иштироки бевосита ва (ё) бавоситаи дар ин шахси ҳуқуқӣ ё назорат аз болои он ё бинобар ба дигар ҳолатҳо ба вуҷуд омадааст.
  6. Бо тартиби дар қисми 5 ҳамин модда муқарраршуда ҳуқуқи воқеӣ ба даромади шахсе, ки фаъолиятро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳад, муайян карда мешавад.
  7. Ҳангоми муайянкунии шахсе, ки дорои ҳуқуқи воқеӣ ба даромадҳо мебошад, вазифаҳое, ки шахсони дар қисми 5 моддаи мазкур зикршуда иҷро мекунанд, инчунин, таваккалҳое, ки онҳо ба худ мегиранд, ба эътибор гирифта мешаванд.
  8. Шахси хориҷӣ ҳамчун шахси дорои ҳуқуқи воқеӣ ба даромадҳо аз сарчашмаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда намешавад, агар ӯ дорои ваколатҳои маҳдуди идоракунии чунин даромадҳо бошад, нисбат ба даромадҳои мазкур вазифаи миёнаравиро ба манфиати шахси дигар анҷом диҳад, дигар таваккалҳои молиявиро ба зимма надошта, мустақиман ё ғайримустақим чунин даромадро (пурра ё қисман) ба шахси дигар пардохт кунад.
  9. Ҳангоми пардохти даромадҳо аз сарчашмаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси хориҷие, ки ҳуқуқи воқеии гирифтани чунин даромадҳоро надорад, агар ба пардохткунанда шахсе, ки ҳуқуқи воқеии гирифтани чунин даромадҳоро (қисми онҳо) дорад, маълум бошад, андозбандии даромад бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:

1) агар шахси дорои ҳуқуқи воқеӣ ба даромадҳои пардохтшаванда (қисми онҳо) резиденти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, андозбандии даромади пардохтшаванда (қисми он) мувофиқи муқаррароти Кодекси андоз нисбат ба резидентони андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат пардохткунанда андозро нисбат ба даромадҳои пардохтшаванда (қисми онҳо), дар манбаи пардохт нигоҳ намедорад, ба шарте, ки ӯ мақомоти андози ҷойи баҳисобгириро огоҳ намояд. Тартиби чунин огоҳнамоӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад;

2) агар шахси дорои ҳуқуқи воқеӣ ба даромадҳои пардохтшаванда (қисми онҳо) резиденти андози давлате (доираи ҳуқуқ) бошад, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои андозбандӣ дорад, дар ин ҳолат муқаррароти чунин созишноманисбат ба андозбандии ин даромадҳои пардохтшаванда (қисми онҳо) татбиқ карда мешавад;

3) агар шахсе, ки ҳуқуқи воқеии гирифтани даромадро (ё як қисми онро) дорад, резиденти давлате (доираи ҳуқуқ) бошад, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи байналмилалии андозбандӣ надорад, андозбандии даромади (ё қисми он) гирифтаи ғайрирезидент мутобиқи муқаррароти ҳамин Кодекс амалӣ карда мешавад.

  1. Қоидаи болозикр ба шарте татбиқ карда мешаванд, ки макони ҷойгиршавии доимии шахсе, ки ба ӯ даромадҳо пардохт карда мешаванд ва ӯ ҳуқуқи воқеӣ ба ин даромадҳо надорад, давлате (доираи ҳуқуқ) мебошад, ки бо он созишномаи байналмилалии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои андозбандӣ мавҷуд мебошад.
  2. Агар ба пардохткунанда, шахсе, ки ҳуқуқи воқеии гирифтани чунин даромадҳоро (ё қисми он) дорад, маълум набошад, андозбандии чунин даромад (ё қисми он) мутобиқи талаботи Кодекси андоз, ки нисбат ба ғайрирезидентҳо муайян шудааст, амалӣ карда мешавад.
  3. Мақомоти салоҳиятдори дар созишномаи байналмилалӣ муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки ба мақомоти салоҳиятдори давлати хориҷӣ ҷиҳати мусоидат дар иҷрокунии уҳдадории андозии андозсупорандаи давлати хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷронашудааст, дархост пешниҳод намояд.

Комментарии

Нест бодо Ғуломӣ