Пешгирии зиён бо амалҳои ғайриқонунӣ

Моддаи 55. Пешгирии зиён бо амалҳои ғайриқонунӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши сайёри андоз

  1. Ҳангоми гузаронидани санҷиши сайёри андоз расонидани зиён бо амалҳои ғайриқонунӣ ба андозсупоранда ё молу мулки дар моликият, истифода ё ихтиёрдории онҳо қарордошта иҷозат дода намешавад.
  2. Зиёне, ки ба андозсупоранда бо қарорҳои ғайриқонунии мақомотҳои андоз ё амалҳои шахсони мансабдори онҳо ҳангоми гузаронидани санҷиши сайёри андоз расонида мешавад, бояд ба ҳаҷми пурра ҷуброн карда шаванд.
  3. Барои расонидани зиён ба андозсупоранда дар натиҷаи қарорҳои ғайриқонунии мақомотҳои андоз шахсони мансабдори онҳо ҷавобгариеро ба зимма доранд, ки дар қонун пешбинӣ карда шудааст.
  4. Зиёне, ки ба андозсупоранда ё намояндагони онҳо бо амалҳои қонунии шахсони мансабдори мақомотҳои андоз расонида мешавад, ҷуброн карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ карда шудаанд.

 

Комментарии