Ҷалби коршинос

Моддаи 51. Ҷалби коршинос

  1. Дар ҳолати зарурӣ барои иштирок дар амалӣ намудани назорати андоз аз ҷониби мақомоти андоз мумкин аст коршинос ҷалб карда шавад.
  2. Коршинос бояд дорои тахассус ва малакаи махсус буда, ба натиҷаи кор манфиатдор набошад.
  3. Ҷалби шахс ба сифати коршинос дар асоси шартнома байни мақомоти андоз ва коршинос амалӣ карда мешавад.
  4. Иштироки шахс ба сифати коршинос имконияти пурсиши ӯро вобаста ба ҳамин ҳолатҳо ҳамчун шоҳид истисно намекунад.
  5. Коршиносе, ки мақомоти андоз ҷалб кардааст, бояд махфияти маълумотҳои марбут ба экспертизаро дар баробари корманди мақомоти андоз таъмин намояд.

 Коршиност кист?

Комментарии

Нест бодо Ғуломӣ