Тартибe вақти амали уҳдадории андозӣ

Моддаи 116. Тартиб ва муҳлати иҷрои уҳдадории андозӣ

  1. Андозсупоранда уҳдадории андозиро мустақилона иҷро менамояд, агар Кодекси андоз тартиби дигареро муқаррар карда набошад.
  2. Уҳдадории андозии шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошад, метавонад аз ҷониби шахси воқеии дигар иҷро карда шавад. Дар чунин ҳолат, манфиати моддии бадастовардаи ин шахси воқеӣ даромади андозбандишаванда эътироф карда намешавад. Маблағҳои бо ин мақсад пардохташуда, баргардонида намешаванд.
  3. Уҳдадории андозӣ бояд дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории андоз иҷро карда шаванд.
  4. Муҳлати иҷрои уҳдадории андозӣ тибқи Кодекси андоз ба санаи тақвимӣ ё гузаштани давраи вақт (сол, семоҳа, моҳ ва рӯз) муқаррар карда мешавад.
  5. Муҳлати иҷрои удадориҳои андозӣ аз рӯзи пас аз санаи тақвимӣ ё аз санаи иҷрои амалияе, ки уҳдадории андозиро ба миён меорад, шурӯъ мегардад.
  6. Агар рӯзи охирини муҳлати иҷрои уҳдадории андозӣ ба рӯзҳои истироҳатӣ ва ё рӯзҳои ид (ғайрикорӣ) рост ояд, рӯзи аввали кории баъд аз чунин рӯзҳо фарорасида, рӯзи ба охир расидани муҳлат ҳисобида мешавад.
  7. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад уҳдадории андозиро пеш аз муҳлат иҷро намояд.
  8. Муҳлати иҷрои уҳдадории андозӣ бо тартиби муқарранамудаи моддаҳои 106- 111 Кодекси андоз тағйир дода мешавад.
  9. Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда иҷро нагардидан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои андозӣ, мақомоти андозбо тартиби муқаррарнамудаи бобҳои 16-17 Кодекси андоз иҷрои онро таъмин менамояд.
  10. Иҷрои уҳдадориҳои андозӣ дар ҳолати муфлисшави (пардохтнопазири)-и андозсупоранда тибқи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муфлисшавӣ” амалӣ карда мешавад.

Комментарии