Тартиби ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози барзиёд ситонидашуда

Моддаи 114. Тартиби ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози барзиёд ситонидашуда

1.Андозсупоранда ҳуқуқ дорад ба мақомоти андоз дар бораи ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағи андози барзиёд ситонидашуда дар давоми мурури даъво ва ё аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд ариза пешниҳод намояд.

  1. Маблағи андози барзиёд ситонидашуда ва фоизҳои ба манфиат (фоида)-и андозсупоранда ҳисобишуда дар асоси аризаи андозсупоранда дар давоми 20 рӯзи корӣ аз лаҳзаи аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани чунин ариза бо риояи муқаррароти моддаи 112 Кодекси андоз баргардонида мешавад.
  2. Фоизҳо ба маблағи андози барзиёд ситонидашуда ҳисоб карда мешаванд, агар андозсупоранда дар давоми сӣ рӯз аз рӯзи огоҳ шудан дар бораи далели барзиёд ситонидани андоз аз ӯ ё аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд муроҷиат кунад.
  3. Фоизҳо аз санаи ситонидани маблағ барзиёди андозӣ то рӯзи воқеии баҳисобгирӣ ё баргардонидани маблағ ҳисоб карда мешаванд.
  4. Фоизҳои ҳисобшуда аз ҳисоби буҷети дахлдор бо риояи муқаррароти моддаи 135 Кодекси андоз бо меъёрҳои амалкунандаи давраи ситонидашудаи маблағ пардохт карда мешаванд.
  5. Ҳангоми муайян шудани далели барзиёд ситонидани андоз, мақомоти андоз дар бораи баҳисобгирӣ ва (ё) баргардонидани андози барзиёд ситонидашуда, инчунин, фоизҳои ба манфиат (фоида)-и андозсупоранда ҳисобшуда бо тартиби муқаррарнамудаи қисмҳои 4-5 ҳамин модда ҳисоб карда шудааст, қарор қабул мекунад.
  6. Ба ҳисоб гирифтани маблағи андози барзиёд ситонидашуда ба ҳисоби пардохти қарзи андози андозсупоранда ё ба ҳисоби пардохтҳои минбаъдаи ӯ барои ҳамин ё дигар андозҳои дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 112 Кодекси андоз муқарраршуда, аз ҷониби мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи қисмҳои 1-3 моддаи 113 Кодекси андоз барои ба ҳисоб гирифтани маблағи андози барзиёд пардохтшуда анҷом дода мешавад.
  7. Тартиби баргардонидани андози барзиёд ситонидашуда бо тартиби пешбининамудаи моддаи 113 Кодекси андоз барои баргардонидани маблағи андози барзиёд пардохтшуда шабеҳ мебошад.

Комментарии

Нест бодо Ғуломӣ