Пеш аз мухлат катъ кардани мониторинги андози
Моддаи 70. Пеш аз муҳлат қатъ кардани мониторинги андозӣ
- Мониторинги андозӣ дар ҳолатҳои зерин пеш аз муҳлат қатъ карда мешавад, агар:
- аз ҷониби андозсупоранда талаботи созишнома дар бораи ҳамкориҳои иттилоотӣ таъмин нагардад ва ё иҷро нагардидани он барои гузаронидани мониторинги андозӣ монеа шуда бошад;
- маълумоти пешниҳодшуда бо маълумоти расмии дар мақомоти андозӣ мавҷудбуда мутобиқат накунад;
- андозсупоранда дар ҷараёни гузаронидани мониторинги андозӣ зиёда аз се маротиба ҳуҷҷат (маълумот) ва тавзеҳоти заруриро пешниҳод накунад.
- Мақомоти андоз дар давоми даҳ рӯзи пас аз санаи муайян шудани ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, аммо на дертар аз 1 июни соли баъди даврае, ки барои он мониторинги андозӣ гузаронида мешавад, андозсупорандаро дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани мониторинги андоз дар шакли хаттӣ, огоҳ менамояд.
Комментарии