Тартиби татбиқи созишномаҳои андозбандии байналмилалӣ

Моддаи 173. Тартиби татбиқи созишномаҳои андозбандии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии дигар даромадҳо аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ғайрирезиденте, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегирад, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои 170-172 173 Кодекси андоз пешбинишуда, ҳуқуқ дорад то аз ҷониби агенти андоз пардохт гардидани даромад ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии агенти андоз оид ба татбиқи муқаррароти созишномаҳои байналмилалӣ ариза пешниҳод намояд.
  2. Мақомоти андоз дар давоми 5 рӯзи тақвимӣ нисбат ба аризаи ғайрирезидент оид ба татбиқ гардидани (нагардидани) муқаррароти созишномаҳои андозбандии байналмилалӣ, хулосаи асоснок пешниҳод менамоянд.
  3. Бо дарназардошти муқаррароти қисми 2 ҳамин модда ғайрирезидент ҳуқуқ дорад нисбат ба хулосаи мақомоти андоз ба мақомоти ваколатдори давлатӣ бо ҷалби мақомоти салоҳиятдори мамлакати резидентӣ ҷиҳати баррасии такрории ариза муроҷиат намояд.

 

Комментарии