Фоидаи соф ҳангоми фаъолият тавассути муассисаи доимӣ

Моддаи 172. Тартиби татбиқи созишномаҳои андозбандии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии фоидаи соф ҳангоми фаъолият тавассути муассисаи доимӣ

  1. Ғайрирезидент ҳуқуқ дорад муқаррароти созишномаҳои байналмилалиро нисбат ба андозбандии фоидаи соф ҳангоми фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ бе пешниҳоди ариза дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ истифода намояд, агар чунин ғайрирезидент гирандаи ниҳоии фоидаи соф ва дорои ҳуқуқи татбиқи муқаррароти созишномаҳои андозбандии дахлдори байналмилалӣ бошад.
  2. Шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент уҳдадор аст дар эъломия оид ба андоз аз фоидаи софи муассисаи доимӣ меъёри андоз, маблағи андоз аз фоидаи соф ва мушаххасоти созишномаҳои андозбандии байналмилалиро, ки дар асоси он меъёри дахлдори андоз татбиқ шудааст, дарҷ намояд.
  3. Дар сурати риоя нагардидани муқаррароти созишномаҳои байналмилалӣ, ки боиси қисман ё пурра пардохт нагардидани андозҳо ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад, агенти андоз мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Комментарии