Вазифаҳои асосии мақомоти андоз

Моддаи 159. Вазифаҳои асосии мақомоти андоз

  1. Мақомоти андоз фаъолияти худро мутобиқи Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, мақомоти андози дигар давлатҳо амалӣ менамоянд.
  2. Вазифаҳои асосии мақомоти андоз инҳо мебошанд:

– таъмини намудани иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокдори муносибатҳои андозӣ;

– таъмин намудани воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет дар муҳлатҳои муқарраршуда аз ҷониби иштирокдори муносибатҳои андозӣ;

– дар доираи ваколатҳои худ дар раванди таҳия ва такмили қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистоништирок намояд;

– дар доираи ваколатҳои худ дар раванди таҳия ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ иштирок намояд;

– ба андозсупорандагон оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ва риояи қонунгузории андоз мусоидат намояд;

– муайян намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти андоз ва дар амал татбиқ намудани он;

– иҷрои дигар вазифаҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти андоз вогузор шудааст.

Комментарии