Шикоят чист ?

Моддаи 156. Шикоят

  1. Ҳар як андозсупоранда ҳуқуқ дорад нисбат ба қарорҳо ва санадҳои мақомоти андоз, амал ё беамалии кормандони онҳо шикоят намояд. Қарорҳо ва санадҳои мақомоти андоз, ки бар хилофи талаботи Кодекси андоз қабул гардида, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро маҳдуд ё манъ менамоянд, эътибори қонунӣ надоранд.
  2. Шикоят нисбат ба санадҳои мақомоти андоз ҳамзамон маънои шикоят нисбат ба қарорҳои дар асоси чунин санадҳо қабулшударо дорад.
  3. Андозсупоранда метавонад ба мақомоти болоии андоз, мақомоти ваколатдори давлатӣ ва (ё) суд шикоят пешниҳод намояд.
  4. Шикоятҳои (аризаҳои даъвогии) андозсупоранда, ки ба суд пешниҳод шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд.
  5. Шикоят нисбат ба санади санҷиши андозӣ, маблағҳои иловагӣ ҳисобшудаи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо, инчунин, дигар қарорҳои мақомоти андоз дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи аз ҷониби андозсупоранда гирифтани қарори мақомоти андоз пешниҳод карда мешавад.
  6. Дар сурати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод нагардидани шикоят ба мақомоти андоз, муҳлати дар қисми 5 ҳамин модда муқарраршуда тибқи аризаи асоснокшудаи шахс аз ҷониби мақомоти болоии андоз ё мақомоти ваколатдори давлатӣ дар доираи муҳлати даъво, ки Кодекси андоз муқаррар намудааст, барқарор карда мешавад.
  7. Мақомоти андоз шикояти андозсупорандаро баррасӣ ва нисбат ба он қарор қабул намуда, дар муҳлати на бештар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани шикоят (дар ҳолати зарурӣ ин муҳлат метавонад то 10 рӯзи тақвимӣ тамдид карда шавад) шахси шикояткунандаро расман огоҳ менамояд, агар тағйири муҳлат бо иҷрои муқаррароти қисми 10 ҳамин модда вобаста набошад.
  8. Бесабаб баррасӣ ва ҷавоб надодан ба шикоят дар муҳлати муқарраршудаи қисми 7 ҳамин модда ҳамчун розигии мақомоти андоз нисбат ба шикоят дониста мешавад.
  9. Мақомоти андоз ҳуқуқ дорад дар асоси дархости андозсупоранда муҳлати пешниҳоди шикоятро то 30 рӯз тамдид намояд.
  10. 10. Мақомоти андоз ҳангоми баррасии шикояти андозсупоранда ҳуқуқ дорад:

– бо тартиби муқаррарнамуда санҷиши андозӣ, аз ҷумла, санҷиши такрории андозро таъин намояд,

– ба андозсупоранда ва (ё) мақомоти андозе, ки санҷишро анҷом додааст, ҷиҳати пешниҳоди иттилооти иловагӣ ё ин ки тавзеҳот вобаста ба масъалаҳои дар шикоят баёншуда дархост фиристонанд;

– ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ, инчунин, ба мақомоти ваколатдори андози давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои марбут ба мавзӯи санҷиш дархост фиристонанд;

– бо иштироки андозсупоранда (шахси ваколатдори ӯ) ва шахси масъули мақомоти андоз, ки санҷиши андозиро гузаронидааст, шикояти пешниҳодшударо баррасӣ намояд.

  1. 11. Аз натиҷаи баррасии шикоят мақомоти болоии андоз ё мақомоти ваколатдори давлатӣ қарори дахлдор қабул намуда, нусхаи онро ба андозсупоранда ва ба мақомоти андозе, ки нисбат ба қарори он шикоят пешниҳод гардидааст, ирсол менамояд.
  2. 12. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад нисбат ба амал ё беамалии шахсони мансабдори мақомоти андоз бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят намояд.

 

Комментарии

akram-mebel