Ҳуқуқвайронкунии андоз

Моддаи 154. Ҳуқуқвайронкунии андоз

  1. Ҳуқуқвайронкунии андоз кирдори (амал ё беамалии) ғайриқонунии андозсупорандагон (агентҳои андоз) ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин, шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор эътироф мешавад, ки ба иҷро нагардидан ё ба таври дахлдор иҷро нагардидани талаботи Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати онҳо ба зиммаи мақомоти андоз вогузор шудааст, оварда расонидаанд.
  2. Аз ҷониби андозсупорандагон (агентҳои андоз), шахсони мансабдори онҳо ва шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор содир шудани ҳуқуқвайронкунии андоз боиси ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Комментарии

akram-mebel