Машваратчиёни мустақили андоз

Моддаи 150. Машваратчиёни мустақили андоз

  1. Машваратчиёни мустақили андоз метавонанд инҳо бошанд:

1) шахси воқеие, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шаҳодатномаи тахассусии машваратчии мустақили андозро гирифтааст;

2) шахси ҳуқуқӣ-ҳама гуна субъекти хоҷагидорӣ, ки дар ҳайати он на камтар аз 3 нафар дорои шаҳодатномаи тахассусии машваратчии мустақили андоз мебошанд;

3) шахсоне, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ иҷозатнома барои фаъолияти аудиторӣ ё фаъолияти адвокатиро доранд;

4) ташкилотҳои аудиторӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома доранд.

  1. Амалӣ намудани фаъолият ҳамчун машваратчии мустақили андоз бе шаҳодатномаи тахассусӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад.
  2. Машваратчиёни мустақили андоз ҳуқуқ доранд, ки бо аудиторҳо ва ҳуқуқшиносҳо барои амалӣ намудани фаъолияти касбии муштарак – фаъолияти аудиторӣ, машваратдиҳии ҳуқуқӣ ва оид ба масъалаҳои андоз, муттаҳид шаванд.
  3. Тартиб ва шартҳои фаъолияти машваратчиёни мустақили андоз, гузаронидани атестатсияи тахассуии онҳо, таъсиси иттиҳодияҳои машваратчиёни мустақили андоз ва дигар масъалаҳои ба фаъолияти машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз аз ҷониби мақомоти ваколатдор муқаррар гардида, тибқи қонуни алоҳида ба танзим дароварда мешавад.

Комментарии