Ситонидани қарзи андозӣ бо тартиби судӣ

Моддаи 148. Ситонидани қарзи андозӣ бо тартиби судӣ

  1. Ҳангоми аз ҷониби андозсупоранда эътироф нагардидани қарзи андозӣ (маблағи андозҳои ҳисобшуда (иловагӣ ҳисобшуда), фоизҳо ва ҷаримаҳо) мақомоти ваколатдори давлатӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва муқаррароти қисми 3 моддаи 147 Кодекси андоз ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат менамояд ва нусхаи аризаи даъвогиро ба андозсупоранда ирсол мекунад.
  2. Аризаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи ситонидани қарзи андозӣ аз шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродиро суди иқтисодӣ баррасӣ менамояд.
  3. Аризаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи ситонидани қарзи андозӣ аз шахси воқеиро суди маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда – шахси воқеӣ баррасӣ менамояд.
  4. Ҳалномаи суд дар бораи ситонидани қарзи андозӣ пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад.

Комментарии