Ситонидани қарзи андозӣ аз шахси воқеӣ

Моддаи 147. Ситонидани қарзи андозӣ аз шахси воқеӣ

  1. Агар шахси воқеӣ (ба истиснои соҳибкори инфиродӣ) дар муҳлати муқаррарнамудаи Кодекси андоз уҳдадории худро вобаста ба пардохти қарзи андозӣ иҷро накунад, мақомоти андоз бо ариза ба суд барои ситонидани қарзи андозӣ аз ҳисоби молу мулки шахси воқеӣ (минбаъд дар моддаи мазкур – ариза дар бораи андозситонӣ) муроҷиат менамояд.
  2. Мақомоти андоз, инчунин, ҳуқуқ дорад ба суд барои гузоштани ҳабс ба молу мулки шахси воқеӣ бо тартиби таъмин намудани иҷрои огоҳинома дархост пешниҳод намояд.
  3. Нусхаи ариза дар бораи андозситонӣ на дертар аз рӯзи ирсоли он ба суд аз ҷониби мақомоти андоз ба шахси воқеӣ ирсол карда мешавад.
  4. Ариза дар бораи андозситонӣ ба суд дар ҳолате пешниҳод мегардад, ки агар маблағи умумии қарзи андози шахси воқеӣ аз 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.
  5. Қарзи андозии шахси воқеӣ аз ҳисоби молу мулк дар асоси қарори суд ва муқаррароти моддаи мазкур ситонида мешавад.
  6. Қарзи андозии шахси воқеӣ бо пайдарҳамии зерин ситонида мешавад:
    • аз суратҳисоби бонкии шахси воқеӣ;
    • аз ҳисоби маблағҳои нақдии шахси воқеӣ;
    • аз ҳисоби молу мулки шахси воқеӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳабс ва ба фурӯш баровардани онҳоро манъ кардааст.
  1. Вайрон намудани тартиби пайдарҳамии ситонидани қарзи андозии шахси воқеӣ, ки дар қисми 6 моддаи мазкур муқаррар шудааст, иҷозат дода намешавад.
  2. Аз рӯзи ба ҳабс гирифтани молу мулки шахси воқеӣ то рӯзи иҷрои уҳдадориҳои андозӣҷарима ва фоизҳо барои дар муҳлатҳои муқарраргардида пардохт нагардидани андозҳо ҳисоб карда намешаванд.

Комментарии