Муҳлатҳои пардохти қарзи андоз
Моддаи 145. Созишнома оид ба тартиб ва муҳлатҳои пардохти қарзи андоз
- Андозсупорандае, ки нисбат ба ӯ чораҳои дар бобҳои 16-17 Кодекси андоз пешбинишуда амалӣ шуда истодаанд, метавонад нақшаи воқеии беҳбудии вазъи молиявӣ пешниҳод намояд ва, бо мақомоти андоз ба муҳлати то 6 моҳи пайдарпайи тақвимӣ оид ба тартиб ва муҳлатҳои пардохти қарзи андоз созишнома бандад.
- Дар мавриди ба имзо расидани созишнома оид ба тартиб ва муҳлатҳои пардохти маблағи қарзи андоз, иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардида оид ба истифодабарии тадбирҳои дар бобҳои 16-17 Кодекси андоз пешбинишуда ба муҳлати амали созишнома боздошта мешавад.
- Роҳбари мақомоти ваколатдори давлатӣ метавонад иловатан созишномаи зикршударо бо андозсупоранда ба муҳлати то 6 моҳи пайдарпайиминбаъда дароз намояд.
- Муҳлати иҷрои созишномаи мазкур ва боздошта шудани қарорҳои қаблан қабулгардидаи мақомоти андоз оид ба истифодабарии чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо наметавонад аз муҳлатҳои дар қисми 1 ва 3 моддаи мазкур дароз карда шавад.
Комментарии