Ҳабси молу мулк

Моддаи 144. Ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани он

  1. Ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани он амали мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати маҳдуд намудани ҳуқуқи моликияти андозсупоранда ва ситонидани қарзи андозӣ мебошад.
  2. Ҳабси молу мулки андозсупоранда ва ба фурӯш баровардани он барои рӯипӯш намудани қарзи андозе, ки андозсупоранда эътироф намудааст, бо қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад. Дар сурати эътироф нагардидани қарзи андоз аз ҷониби андозсупоранда, ҳабси молу мулки андозсупоранда ва ба фурӯш баровардани он бо тартиби судӣ амалӣ карда мешавад.
  3. Қисман ё пурра ҳабс намудани молу мулк ин маҳдуд кардани ҳуқуқи андозсупоранда нисбат ба ихтиёрдориимолу мулки ҳабсшуда мебошад.Дар ин ҳолат соҳибӣ ва истифодаи молу мулки ҳабсшуда бо иҷозати хаттӣ ва таҳти назорати мақомоти андоз амалӣ карда мешавад.
  4. Ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани он танҳо дар ҳолати нокифоя будан ё набудани маблағ дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ва ё воситаҳои нақдӣ дар хазина барои иҷрои уҳдадории андозӣ (қарзи андоз,фоизҳо, ҷаримаҳо) аз ҳисоби молу мулки ҳабсшуда татбиқ карда мешавад.
  5. Ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани он баъд аз ирсол гардидани огоҳинома ба андозсупоранда аз ҷониби мақомоти андоз мутобиқи моддаи 144 Кодекси андоз татбиқ карда мешавад.
  6. Танҳо он дороиҳое ҳабс ва фурӯхта мешаванд, ки арзиши онҳо барои пардохт кардани қарзи андоз кофӣ аст.
  7. Барои таъмини иҷрои уҳдадории андозӣ тамоми молу мулки ҳабсшудаи андозсупоранда метавонад фурӯхта шавад.
  8. Ҳабси воситаҳои асосии корхонаҳои давлатӣ манъ аст.
  9. Ҳабс ва ба фурӯш баровардани молу мулки ғайриманқули шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсиси муассисаи доимӣ фаъолият менамояд, аз ҳисоби молу мулки ин шахси хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  10. Ҳабси молу мулки андозсупоранда бо иштироки, андозсупоранда (намояндаи ваколатдори ӯ), шахсони холис ва дар ҳолати саркашии андозсупоранда бо ҷалби намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад.
  11. Ба шахсоне, ки дар ҷараёни ҳабси молу мулк ҳамчун шахсони холис, андозсупоранда ё намояндаи ваколатдори андозсупоранда иштирок мекунанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо фаҳмонида мешавад.
  12. То гузаронидани ҳабси молу мулк, шахсони мансабдори мақомоти андоз уҳдадоранд, ки ба андозсупоранда (намояндаи он) қарор дар бораи ҳабс ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи салоҳияти онҳоро пешниҳод намоянд.
  13. Ҳангоми гузаронидани ҳабс аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти андоз протокол дар бораи ҳабси молу мулк тартиб дода мешавад.
  14. Протокол дар бораи ҳабси молу мулк ва рӯйхати ашёи ба он замимашаванда бояд номгӯи молу мулки ҳабсшуда бо ишораи ном, миқдор ва хусусиятҳои инфиродии ашё ва дар доираи имконият, арзиши онҳоро дар бар гирад.
  15. Шахсони холис ва андозсупоранда (намояндаи вай) бо ҳамаи ашёи ҳабсшаванда, шиносонида мешаванд.
  16. Дар қарор оид ба ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани он, маконе, ки дар он молу мулки ҳабсшаванда нигоҳ дошта мешавад, муқаррар мегардад.
  17. Бегона кардан (ба истиснои ҳолате, ки таҳти назорат ё бо иҷозати хаттӣ ё электронии мақомоти андозе, ки ҳабсро татбиқ кардааст, гузаронида мешавад) ё харҷ намудани молу мулки ҳабсшуда иҷозат дода намешавад.
  18. Бо дархости андозсупоранда, ки нисбат ба молу мулки ӯ қарор дар бораи ҳабс қабул карда шудааст, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад, ки ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани онро бо кафолати бонкӣ ва ё замонат мутобиқи моддаҳои 133-134 Кодекси андоз иваз намояд.
  19. Агар мақомоти андоз маълумот оид ба мақсади андозсупоранда вобаста ба пинҳон намудан ё андешидани дигар амалҳое, ки иҷрои қарори мақомоти андозро дар бораи ҳабс мураккаб ё имконнопазир мегардонанд, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад, ҳабси молу мулки чунин андозсупорандаро дар вақтҳои ғайрикорӣ анҷом диҳад.
  20. Мақомоти андоз уҳдадор аст, ки дигар мақомотҳои дахлдори давлатиро дар бораи манъи истифодаи ҳама гуна амал нисбат ба молу мулки ҳабсшудаи андозсупоранда огоҳ намояд.
  21. Манъи ҳама гуна амалҳо нисбат ба молу мулки ҳабсшуда мутобиқи қисми 20 моддаи мазкур барои ҳамаи мақомоти давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
  22. Дар сурати аз ҷониби мақомотҳои дар қисми 20 моддаи мазкур пешбинигардида риоя нагардидани талаботи моддаи зикргардида, нисбат ба онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ татбиқ мегардад.
  23. Ҳангоми пурра пардохт намудани қарзи андоз, пешниҳоди кафолати бонкӣ ва ё замонат қарор дар бораи ҳабси молу мулк аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ бекор карда мешавад.
  24. Мақомоти андоз андозсупорандаро оид ба бекор кардани қарор дар бораи ҳабси молу мулк дар давоми 3 рӯз пас аз рӯзи қабул кардани чунин қарор огоҳ менамояд.
  25. Қарор дар бораи ҳабси молу мулк аз лаҳзаи ҳабс то лаҳзаи бекор гардидани қарор аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ё мақомоти судӣ амал мекунад.
  26. Муқаррароти ҳамин модда инчунин, ба ҳабси молу мулки шахси ҳуқуқӣ – агенти андоз татбиқ карда мешаванд.
  27. Нархгузории молу мулки ҳабсшуда аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар соҳаи нархгузорӣ, инчунин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои анҷом додани фаъолияти нархгузорӣ иҷозатнома доранд, амалӣ карда мешавад.
  28. Фурӯши маҳсулоти тайёр (молҳо), маҳсулоти кишоварзӣ (ба истиснои маҳсулоти кишоварзии зудвайроншаванда), инчунин, дигар арзишҳои моддии ҳабсшудае, ки барои истифодаи бевосита дар истеҳсолот пешбинӣ нашудаанд, тавассути музояда ба фурӯш бароварда мешавад.
  29. Арзиши қоғазҳои қиматнок, маснуоти заргарӣ, маҳсулоти дигар аз филизоти қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маҳсулоти антиқӣ (антиквариат), асарҳои санъати тасвирӣ ва ҳайкалҳои ҳабсшуда бо ҷалби ҳатмии мутахассисони ҳамин соҳа муайян карда мешаванд.
  30. Молу мулки ҳабсшудаи андозсупоранда, мутобиқи Кодекси андоз, қонунгузории дахлдор ва “Тартиби татбиқ намудани роҳҳо ва чораҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андоз», аз ҷониби мақомоти андоз бо гузаронидани музояда фурӯхта мешавад.

Комментарии