Маҷбуран гирифтани қарзи андоз

Моддаи 143. Ситонидани қарзи андоз аз воситаҳои маблағҳои нақдии андозсупоранда

  1. Дар мавриди мавҷуд набудани маблағи пулӣ дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ё нокифоя будани маблағҳои пулӣ барои пардохти қарзи андоз, мақомоти андоз метавонад маблағи қарзи андозро дар ҳаҷми на зиёдтар аз ӯҳдадории андоз, аз воситаҳои маблағи нақдии дар хазинаи (касса) андозсупоранда мавҷудбуда ситонад. Агар дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда барои рӯипӯш намудани уҳдадориҳои андозсупоранда маблағи кофӣ набошад ё мақомоти андоз хулоса барорад, ки ситонидани андоз аз суратҳисобҳои бонкии он метавонад ба таъхир афтад, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад илова ба ҳама гуна амалҳое, ки мутобиқи моддаи 136 Кодекси андоз анҷом дода шудаанд, қарзи андозро ба миқдори на зиёдтар аз ӯҳдадориҳои андоз аз ҳисоби маблағҳои дар кассаи андозсупоранда мавҷудбуда ситонанд.
  2. Қарор оид ба ситонидани қарзи андозҳо аз воситаҳои маблағи нақдии андозсупоранда аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид тибқи муқаррароти Кодекси андоз қабул ва бекор карда мешавад.
  3. Баъди қабул гардидани қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ситонидани қарзи андозҳо аз воситаҳои маблағи нақдии андозсупоранда, нусхаи қарор ба андозсупоранда барои иҷро супорида мешавад. Аз лаҳзаи гирифтани қарор андозсупоранда уҳдадор аст, ки ҳамаи маблағҳои нақдии ба хазина воридшавандаро (ба истиснои пули нақди барои пардохти музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробар кардашуда) танҳо барои пушонидани қарзи андозҳо равона намояд.
  4. Аз ҷониби шахси мансабдори мақомоти андоз, инвентаризатсияи пули нақди дар хазинаи андозсупоранда мавҷудбуда, дар ҳузури хазиначӣ гузаронидамешавад.
  5. Ҳангоми иҷрои қарор оид ба ситонидани қарзи андозҳо аз воситаҳои маблағи нақдии андозсупоранда аз тарафи корманди мақомоти андоз санад оиди бақияи воситаҳои маблағи нақдии хазинаи андозсупоранда тартиб дода мешавад. Дар ин ҳолат андозсупоранда ва шахси масъули ӯ ба таври хаттӣ иҷрои талаботи мазкурро тасдиқ карда, уҳдадорӣ мегиранд.
  6. Аз хазинаи андозсупоранда ситонида гирифтани воситаҳои маблағи нақдии андозсупоранда аз тарафи мақомоти андоз дар асоси талаботи моддаи мазкур анҷом дода мешавад ва оид ба он санад дар се нусха дар ҳузури андозсупоранда ё намояндаи вай, шахсони холис бо нишондодани тамоми маблағи дарёфтшуда тартиб дода мешавад ва аз ҷониби мақомоти андоз худи ҳамон рӯз барои ба буҷети дахлдор гузаронидан ба ташкилоти қарзи молиявӣ супорида мешаванд.
  7. То рӯипӯш намудани чунин қарзи андозӣ андозсупоранда ҳуқуқ надорад дигар пардохтҳоро, ба истиснои пардохти музди меҳнат ва баробар ба он амалӣ намояд.

Комментарии