Ситонидани қарзи андоз аз суратҳисоби бонкии қарздорони

Моддаи 142. Ситонидани қарзи андоз аз суратҳисоби бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда

  1. Мақомоти андоз, дар ҳолатҳои имконнопазир будани ситонидани қарзи андоз аз суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда, ҳуқуқ дорад, маблағи қарзи андозро тибқи муқаррароти боби мазкур дар як вақт барои аз суратҳисобҳои қарздорони (дебиторони) андозсупоранда ситонидани андозҳо чораҳо андешанд, аммо маблағи ситонидашаванда набояд аз уҳдадории андози андозсупоранда зиёдтар бошад.
  2. Маблағи қарзи андозӣ аз суратҳисобҳои бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда дар асоси қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ ситонида мешавад.
  3. Андозсупоранда (агенти андоз) уҳдадор аст дар муҳлати даҳ рӯзи корӣ аз санаи гирифтани дархост, рӯйхати қарздорони худро (дебиторонро) бо нишон додани маблағи қарздорӣ (дебиторӣ) ба мақомоти андози дархосткунанда пешниҳод намояд.
  4. Дар асоси рӯйхати қарздорони (дебиторони) андозсупоранда ва (ё) дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи чунин қарздорӣ мақомоти андоз ба қарздорони (дебиторони) андозсупоранда огоҳинома ирсол менамояд.
  5. Қарздорони (дебиторони) андозсупоранда уҳдадоранд, дар муҳлати 20 рӯзи корӣ аз санаи гирифтани огоҳинома, ба мақомоти андози дархосткунанда, санади муқоисавии ҳисоббаробаркуниро бо андозсупоранда (агенти андоз) пешниҳод намоянд.
  6. Санади муқоисавии ҳисоббаробаркунии байни андозсупоранда ва қарздорони (дебиторони) он, бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

1) ном ва рақами мушаххаси андозсупоранда (агенти андоз) ва қарздорони (дебиторони) он;

2) маблағи қарзӣ қарздорон (дебиторон) дар назди андозсупоранда (агенти андоз);

3) маълумотҳои шахсӣ, муҳр ва имзои андозсупоранда (агенти андоз) ё имзои электронии рақамии андозсупоранда ва қарздорони (дебиторони) он;

4) маълумотҳои бонкии (реквизитҳои) андозсупоранда ва қарздорони (дебиторони) он;

5) санаи таҳияи санади муқоисавӣ.

  1. Санади муқоисавии ҳисоббаробаркунии байни андозсупоранда ва қарздорони (дебиторони) он бояд баъд аз санаи гирифтани огоҳинома таҳия гардад.
  2. Дар ҳолати иҷро накардани талаботи огоҳиномаи мазкур ва пешниҳод нагардидани маълумоти дархостшуда, қарздор (дебитор) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
  3. Қарори мақомоти андоз дар бораи ситонидани маблағи қарзи андоз аз суратҳисобҳои бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда, дар шакли хаттӣ ё электронӣ барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ ва қарздор (дебитор) ирсол карда мешавад.
  4. Ташкилоти қарзии молиявӣ уҳдадор аст, ки қарор ва супоришномаи инкассавии мақомоти андозро дар бораи ситонидани қарзи андоз аз суратҳисоби бонкии қарздори (дебитори) андозсупоранда иҷро намояд.
  5. Дар сурати пурра пардохт гардидани маблағи қарзӣ аз ҷониби қарздорон (дебиторон), қарор ва супоришномаи инкассавии мақомоти андоз дар давоми 2 рӯзи корӣ бозхонд карда мешавад.
  6. Агар аз суратҳисобҳои бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда маблағ барзиёд ситонида шуда бошад, маблағи барзиёд ситонидашуда аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси аризаи андозсупоранда ба қарздорон (дебиторон) баргардонида мешавад.
  7. Тартиби боздошт ва бекор намудани қарор дар бораи ситонидани маблағи қарзи андоз аз суратҳисобҳои бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда дар асоси моддаҳои 136-137 Кодекси андоз амалӣ карда мешавад.

Комментарии