Ситонидани карзи андоз аз суратхисобхои бонки

Моддаи 141. Ситонидани қарзи андоз аз суратҳисобҳои бонкӣ

  1. Ҳангоми дар муҳлати муқарраршуда қисман ё пурра иҷро нагардидани талаботи огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ, маблағи қарзи андоз бо тартиби маҷбурӣ аз суратҳисобҳои бонкии (аз ҷумла, маблағҳои дар кортҳои корпоративӣ вуҷуддошта) андозсупоранда ситонида мешавад.
  2. Муқаррароти моддаи мазкур истисноан нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ татбиқ карда мешавад.
  3. Тартиби маҷбуран ситонидани қарзи андозии андозсупоранда ё агенти андоз, ки дар муқаррароти моддаҳои 146 ва 148 Кодекси андоз пешбинӣ шудааст нисбат ба шахсони дигар низ татбиқ карда мешавад.
  4. Ситонидани қарзи андозӣ аз суратҳисоби андозсупоранда тавассути ирсоли қарор ва фармоиши инкассавӣ дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ ба ташкилоти қарзии молиявӣ амалӣ карда мешавад.
  5. Шакли қарор, фармоиши инкассавии мақомоти андоз ва тартиби ба ташкилоти қарзии молиявӣ ирсол намудани фармоиши инкассавии мақомоти андоз мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
  6. Ташкилоти қарзии молиявӣ уҳдадор аст фармоиши инкассавии мақомоти андозро дар барои аз суратҳисоби андозсупоранда ситонидани қарзи андозиро бо тартибе, ки қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст, иҷро намояд.
  7. Бозхонди қарор ва фармоишҳои инкассавии иҷронашуда дар ҳолатҳои зерин тавассути муроҷиати расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ, анҷом дода мешавад:
    • ҳангоми пардохти қарзи андоз, аз ҷумла, тавассути ба ҳисоб гирифтани маблағҳои барзиёд пардохтшуда ё барзиёд ситонидашуда мутобиқи боби 14 Кодекси андоз;
    • ҳангоми батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошудаи қарзи андозӣ мутобиқи боби 14 Кодекси андоз;
    • ҳангоми мутобиқи моддаи 142 Кодекси андоз беэътимод эътироф шудани қарзи андозӣ;
    • ҳангоми кам гардидани ҳаҷми маблағи қарзи андозӣ ва фоизҳо аз рӯи ҳисоботи дақиқшудаи андозӣ, ки мутобиқи моддаи 96 Кодекси андоз пешниҳод шудааст.
  8. Қарзи андоз аз суратҳисоби амонатии то бозхонд бо асъори миллӣ ва дар сурати нокифоя будани маблағ аз суратҳисоби амонатии асъории то бозхонди андозсупоранда ситонида мешавад. Қарзи андоз аз суратҳисоби асъории андозсупоранда аз рӯи қурби асъори Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷме ситонида мешавад, ки барои пардохти қарзи андозӣ кифоя бошад.
  9. Ситонидани қарзи андозӣ аз суратҳисобҳои амонатии муҳлатноки андозсупоранда то анҷоми эътибори муҳлати онҳо манъ аст.
  10. Дар сурати аз суратҳисоби асъории андозсупоранда ситонидани қарзи андозӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳамзамон бо фармоиши инкассавӣ ба ташкилоти қарзии молиявӣ фармоиши фурӯши асъори хориҷии андозсупорандаро ирсол менамояд. Ташкилоти қарзии молиявӣ уҳдадор аст, фармоиши мазкурро на дертар аз рӯзи ояндаи амалиётӣ иҷро намояд. Хароҷотҳои амалиётӣ вобаста ба фурӯши асъори хориҷӣ аз ҳисоби андозсупоранда анҷом дода мешаванд.
  11. Ташкилоти қарзии молиявӣ уҳдадор аст, фармоиши инкассавии мақомоти ваколатдори давлатиро аз суратҳисоби бонкии андозсупоранда бо асъори миллӣ дар муҳлати на дертар аз як рӯзи амалиётӣ пас аз гирифтани фармоиши инкассавӣ ва ҳангоми аз суратҳисобҳои асъори хориҷӣ ситонидани маблағҳои пулӣ на дертар аз ду рӯзи амалиётӣ иҷро намояд.
  12. Агар дар рӯзи ба ташкилоти қарзии молиявӣ ворид шудани фармоиши инкассавии мақомоти андоз дар суратҳисоби шахси уҳдадор барои иҷрои ин дархост маблағҳои пулӣ нокифоя бошанд, он ба андозаи воридшавии маблағҳои пулӣ ба суратҳисобҳои мазкур на дертар аз як ё ду рӯзи амалиётӣ, ки баъд аз рӯзи воридшавии чунин дархост меояд, вобаста аз асъори суратҳисоб, иҷро мешавад. Фармоиши инкассавии мақомоти ваколатдори давлатӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ бо тартиби дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда анҷом дода мешавад.

Комментарии