Иҷрои уҳдадории андозӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ

Моддаи 123. Иҷрои уҳдадории андозӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ

  1. Уҳдадории андозии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда аз ҷониби ворис (ворисон)-и ҳуқуқии он иҷро карда мешавад.
  2. Шахси ҳуқуқӣ дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ бо роҳи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, ҷудо гардидан, тақсим шудан ё табдил додан ба таври хаттӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавӣ хабар медиҳад.
  3. Шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда дар давоми 3 рӯзи корӣ аз рӯзи тасдиқи санади супоридан ё тавозуни тақсимкунӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавӣ ариза дар бораи гузаронидани санҷиши андозӣ ва ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ пешниҳод менамояд.
  4. Ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ аз рӯи намудҳои андозҳое тартиб дода мешавад, ки шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда андозсупоранда (агенти андоз)-и онҳо мебошад.
  5. Санҷиши андозӣ бояд на дертар аз 20 рӯзи корӣ баъд аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда оғоз гардад.
  6. Новобаста аз огоҳӣ доштан ё надоштани ворис (ворисон) дар бораи далелҳо ва (ё) ҳолатҳои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои пардохти андозӣ аз ҷониби шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда, иҷрои уҳдадории андозии шахси ҳуқуқии азнавташкилдодшуда ба зиммаи ворис (ворисон)-и ҳуқуқии он вогузор карда мешавад.
  7. Ворис (ворисон)-и шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда уҳдадор аст, пардохти пурраи қарзи андози ҳиссавӣ, аз ҷумла, маблағи ҷаримаҳо барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои андозиро, ки ба шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда татбиқ шудааст, то ба охир расидани азнавташкилдиҳӣ пардохт намояд.
  8. Ворис (ворисон)-и шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда аз ҳуқуқҳое, ки дар Кодекси андоз барои андозсупорандагон муқаррар шудааст, истифода мебарад.
  9. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ муҳлати аз ҷониби ворис (ворисон) иҷро намудани уҳдадории андозиро тағйир намедиҳад.
  10. Ҳангоми муттаҳидшави (якҷояшави)-и якчанд шахси ҳуқуқӣ, вориси ҳуқуқии онҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, шахси ҳуқуқии навтаъсисёфта ба ҳисоб меравад. Ҳуҷҷатҳо (маълумотҳои электронӣ)-и андозии шахсони ҳуқуқии муттаҳидшуда дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии шахси навтаъсис нигоҳ дошта мешавад.
  11. Ҳангоми ҳамроҳшавии як шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар, вориси ҳуқуқӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ шахси ҳуқуқие эътироф мешавад, ки шахси ҳуқуқии ҳамроҳшаванда ба он ҳамроҳ шудааст.
  12. Ҳангоми тақсим шудани шахси ҳуқуқӣ, шахсони ҳуқуқии навтаъсис, ки дар натиҷаи чунин тақсимшавӣ ба вуҷуд омадаанд, аз рӯи ҳиссаҳои тақсимшуда ворисони ҳуқуқӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозии шахси ҳуқуқии тақсимшуда эътироф мешаванд.
  13. Ҳангоми мавҷуд будани якчанд вориси шахси ҳуқуқии ҷудошаванда, тақсимшаванда ё табдилшаванда, ҳиссаи ҳар яки онҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда мутобиқи тавозуни тақсимотӣ, ки дар асоси қонунгузории гражданӣ тартиб дода шудааст, муайян карда мешавад. Агар тавозуни тақсимотӣ ба муайян намудани ҳиссаи ҳар як вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда имкон надиҳад, уҳдадории андозии шахсони ҳуқуқии навтаъсис бо қарори суд муайян карда мешавад.
  14. Муқаррароти қисми 13 ҳамин модда, инчунин, дар ҳолатҳое татбиқ карда мешавад, ки тавозуни тақсимотӣ ҳадди ақал аз ҷониби як вориси ҳуқуқӣ пурра иҷро намудани уҳдадории андозии шахси ҳуқуқии азнавташкилшударо имкон надиҳад, агар чунин азнавташкилдиҳӣ бо мақсади иҷро накардани уҳдадории андозӣ амалӣ шуда бошад.
  15. Ҳангоми ҷудошавии як ё якчанд шахсони ҳуқуқӣ аз шахси ҳуқуқӣ ворисии ҳуқуқӣ нисбат ба шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозии он ба вуҷуд намеояд, агар дар қисми 6 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
  16. Агар дар натиҷаи ҷудошавии як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ аз шахси ҳуқуқӣ, шахси ҳуқуқии тақсимшуда уҳдадориҳои андозии худро ба пуррагӣ иҷро карда натавонад ва чунин тақсимкунӣ барои иҷро накардани уҳдадории андоз нигаронида шуда бошад, шахсони ҳуқуқии ҷудошуда тибқи қарори суд вазифадор мебошад уҳдадориҳои андозии ин шахси тақсимшударо якҷоя иҷро кунанд.
  17. Ҳангоми табдил додани як шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар, аз ҷумла, тавассути тағйир додани шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, шахси ҳуқуқии навтаъсис ба ҳисоб меравад.
  18. Ҳангоми ҷудошавӣ аз шахси ҳуқуқӣ шахсони ҳуқуқии навтаъсис, ки дар натиҷаи чунин ҷудошавӣ ба вуҷуд омадаанд, инчунин, шахси ҳуқуқии мазкур оид ба иҷрои уҳдадориҳои андоз ворисони ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда бо ҳиссаи баробар эътироф мешаванд.
  19. Маблағи барзиёд пардохтшуда ё ситонидашудаи андозии (фоизҳо, ҷаримаҳо) шахси ҳуқуқӣ то давраи азнавташкилдиҳӣ аз ҷониби мақомоти андоз барои иҷрои уҳдадориҳои андозии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба ҳисоб гирифта мешавад. Чунин баҳисобгирӣ дар муҳлати на дертар аз 1 моҳи ба охир расидани расмиёти азнавташкилдиҳӣ ба манфиати вориси (ворисон) шахси ҳуқуқӣ, анҷом дода мешавад.
  20. Агар шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда қарзи андозӣ надошта бошад, маблағи андоз (фоиз, ҷарима)-и барзиёд пардохтшуда ва ё аз ӯ ситонидашуда ба ворис (ворисон)-и он дар муҳлати на дертар аз 1 моҳи пас аз санаи пешниҳоди ариза, баргардонида мешавад. Дар ин ҳолат, маблағҳои андозии барзиёд пардохташуда ё ситонидашуда (ҷаримаҳо, фоизҳо) ба ворис (ворисон)-и ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда мутаносибан ба ҳиссаи ҳар як ворис, ки дар асоси тавозуни ҷудошавӣ муайян шудааст, баргардонида мешавад.
  21. Муқаррароти ҳамин модда, инчунин, нисбат ба иҷрои уҳдадории пардохти боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ татбиқ мегардад.
  22. Муқаррароти пешбининамудаи ҳамин модда, инчунин, ҳангоми муайян намудани ворис (ворисон)-и ташкилоти хориҷие, ки мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ аз нав ташкил шудаааст, татбиқ карда мешавад.
  23. Муқаррароти пешбининамудаи ҳамин модда, инчунин, нисбат ба пардохти андозҳо ҳангоми интиқоли мол аз марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

 

Комментарии