Маска

Маска (равған) - беҳтарин ва сабуктарини онҳо маскаи гов аст, ки аз саршир гирифта бошанд. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Агар кӯҳна шавад, гармтар мегардад,вале тариаш мекоҳад. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани маска дарунро мулоим мекунад, ре шва моддаҳои нодаркори ҷамъшударо мепазонад ва барои хориҷ шудан муҳайё месозад, баданро фарбеҳ мегардонад, гиреҳои дар узвҳо пайдо шударо мекушояд, дағалии халқ ва роҳи нафасро ислоҳ мекунад, сурфаи хушкро ба ибро меоварад; варамҳои дохили ва беруниро мегардонад ва моддаҳои нодаркорро аз бадан берун меронад; агар инро бо асал бихуранд, варами пардаҳои даруни сина ва варами шушро дафь мекунад.

маски точики

Агар маскаро бо шакар бихуранд баданро фарбеҳ мекунад ва агар дар муддати ин тавр хурдан ҳам бар бадан бимоланд ,суръати фарбеҳшавиро меафзояд. Агар инро бо мағзи бодоми талх бихӯранд, моддаҳои зиёдати ва нодаркорро дафь мегардонад. Маскаро бо шарбати гули сурх биёшоманд , фели давои мусҳилро (исҳоловарро ) қатьмекунад; бо зардии тухми мурғи нимпухта ҳамроҳ карда бихӯранд , сӯзиши ахлотро ислоҳ мекунад. 70 грамм маскаро бо 35 грамм шакар бихӯранд , душвории шошиданро ислоҳ мекунад. Маскаро бар бадан бимоланд , барои бадан ғизо мешавад ва ин гуна ғизо додани он ба воситаи ворид гаштан дар узвҳои ғизо нест, балки ба воситаи таъсир дар пӯсти бадан аст; Молиданаш  варамҳо ва варами баногӯш , каши гӯш ва даҳонро мепазонад; инчунин решҳоеро , ки бар бадан вас ар тифлон мебароянд , шифо мебахшад ; барои заҳри мори афъи ва ҳзорпо тарёқ мебошад. Агар маскаро гарм карда,ба милки дандони кӯдакон бимоланд, баромадани дандони онҳоро метезонад.

Инчунин молидани маскаи нав шахшӯли ва дағалии пӯсти баданро ислоҳ мекунад , бигузор он гоҳ нав ва хоҳ кӯҳна шуда бошад . Агар маскаро бо ҷадвор даромехта бимоланд, греҳои дар пардаҳои майна бударо мекушояд, асабҳоро мулойим мегардонад; барои ҷароҳати хиҷак, шукуфаи пӯст, ширинчаи хушк ва қӯтур даво мешавад, хусусан, ки аввалан баданро бо оби хунук бишӯянду баъд маскаро бимоланд ва баъд аз молидани маска бемор худро бояд дар кӯрпа ё ҷомаи пахтагин бипечонад, то ки арақ кунад , ҳамон рӯз аз иллатҳои мазкур наҷот меёбад . Маскаи кӯҳнро бо савринҷони кӯфтаги хамир карда гузошта банданд ,донаи бевосирро ҷудо ва дафъ мекунад, яне меафтонад- дар ин бобат маска чй қадар кӯҳнатар бошад ,ҳамон қадар хубтар аст.

Агар маскаи мазкрро яксаду як бор ё ҳеҷ набошад, чилуяк бор дар оби сард шуста бошанд, дар амал мазкур зудтар таъсир мекунад ва инчунин барои пок гардонидани захм аз рим ,  ба ҳам овардани даҳани он ва рӯёнидани гӯшти солим дар онҳо даво мебошад; низ бавосир ва сӯхтагии  оташро шифо мебахшад. Вале хӯрдани маскаи бисёр сари меъдаро суст мегардонад , иштиҳоро мебандад ва агар бисёр хӯранд дарунро меронад . Дар ин ҳолат барои ислоҳи зарари он чизҳои дарунро маъкунанда , шакар , қанди сафед ва намак бояд бихӯранд. Миқдори як бор хурдани маскаи нав дар як рӯз 100 грам аст. Агар маска ёфт нашавад  ба ҷояш шири навдӯшидаро биҷӯшонанд то панҷякаш бухор шуда равад баъд биёшоманд  раво мебошад.

Комментарии