Масҷиди Шақиқи балхӣ дар ноҳияи Данғара (деҳаи Шақиқи Балхӣ)

Масҷиди Шақиқи балхӣ дар ноҳияи Данғара (деҳаи Шақиқи Балхӣ)

Сурати Масҷиди шайх Шақиқи Балхӣ дар ноҳияи Данғара (деҳаи Шақиқи Балхӣ) май 2020

Оромгоҳи яке аз симоҳои намоёни ҷаҳони исломии асри 9 шогирди Имоми Аъзам Абӯҳанифа, шайх Шақиқи Балхӣ дар қисмати ҷанубии деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ ҷой гирифтааст. Сағона баъди фавти ӯ дар асри 9 иборат аз роҳрави зеризаминӣ ва ҳуҷраи хурде дар охири он аз хишти пухта сохта шудааст.

Шақиқ мувофиқи одати замони худ барои идомаи таҳсил ба назди имомҳои машҳури замонаш рафта, Қуръону ҳадисро омӯхтааст. Аз рӯи навишти Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Нафоҳоту-л-унс» яке аз устодони Шақиқ имом Зуфарӣ машҳур буд. Ҳангоми талабу ҷустуҷӯи ҳадис Шақиқ борҳо бо Абуюсуф, ки баъдтар қозии шаҳри Бағдод таъйин шуд, дар назди Абуҳанифа сабақ омӯхтааст. Шақиқ шаҳрҳои дигари хилофат, аз он ҷумла Маккаю Мадинаро низ зиёрат кардааст.

Комментарии