Маркази миллии тести

markazi_testi

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Маркази миллии тестии назди Президенти Чумхурии Точикистон (ММТНПЧТ) бо фармони Президенти Чумхурии Точикистон № 138 аз 10-уми феврали соли 2014 дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тести” таъсис дода шудааст.

ВАЗИФАХОИ АСОСИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

  • ташкил ва гузаронидани имтихонхои марказонидаи дохилшави (ИМД) ба муассисахои тахсилоти  олии касбии Чумхурии Точикистон;
  • тақсимоти довталабон ба муассисахои тахсилоти олии касби (МТОК)-и Чумхурии Точикистон дар  асоси натичахои имтихонхо;
  • ташкили мониторинг ва арзёбии сифати тахсилот ва иштирок дар барномахои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон.

САМТХОИ  АСОСИИ  ФАЪОЛИЯТИ  МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

  •  таъмини иттилоотонии чомеа оид ба ИМД ба МТОК-и Чумхурии Точикистон;
  •  тахияи санаду меъёрхои хуқуқи оид ба ташкил ва баргузории ИМД;
  •  тахияи барномахои имтихони фанхо;
  •  тахияи саволномахои тести ва озмоиши он дар муассисахои тахсилоти миёнаи умуми;
  •  ташкили нуқтахои бақайдгири ва марказхои имтихон дар минтақахои Чумхурии Точикистон;
  •  бақайдгирии довталабон ва гузаронидани ИМД;
  •  чалб намудани сохторхои дахлдори давлати барои таъмини бехатари, хифзи саломати ва тартиби     чамъияти дар нуқтахои бақайдгири ва марказхои имтихон.

ХАМКОРИХОИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ММТНПЧТ барои амали намудани ташкил ва баргузории ИМД бо Вазоратхои дахлдори Чумхурии Точикистон, Академияи тахсилоти Чумхурии Точикистон, Муассисахои тахсилоти олии касби ва муассисахои тахсилоти миёнаи умуми робитаи қави дошта, бо ташкилотхои байналмилалии зерин хамкории мустахкам дорад:

  • Бонки Чахони;
  • Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Чамъияти кушода” – Бунёди мадад дар       Точикистон;
  • Ассотсиатсияи байналмилалии арзёбии тахсилот;
  • Ассотсиатсияи арзёбии сифати тахсилоти Авруосиё;
  • Маркази хамкории байналмилали оид ба рушди тахсилот;
  • Маркази тренингии Академияи тахсилоти Россия.

markazi_testi-tamos

 

САВОЛХОИ БТАРИ МАРБУТА

  1. маркази миллии тести натичаи имтихони
  2. кабинети инфироди маркази миллии тести
  3. маркази миллии тести 2016
  4. маркази миллии тести кластери 5
  5. маркази миллии тести чавобхо
  6. саволу чавоби тести
  7. маркази миллии тести саволу чавоб
  8. www.ntc.tj кабинети инфироди

Низоми имтихонхои марказонидашудаи дохилшави

Дохилшави ба донишгох ва донишкадахои чумхури бо шаклу низом ва тартибу талаботи муайян амали мегардад. Дар хар мамлакат низоми муайяни тартиби кабули довталабон аз чониби хукумати он мукаррар мегардад. Дар Чумхурии Точикистон имруз, асосан, он низоми имтихонсупори ва кабул ба муассисахои тахсилоти олии касби (МТОК) истифода бурда мешавад, ки дар давраи совети кабул шуда буд.

Дар МТОК хангоми кабули донишчуён аз усулхои муосир як намуди тест[1] маъмул аст. Хамзамон, довталаб танхо як МТОК ва як тахассусро интихоб карда, танхо дар он муассисаи таълими  хуччатхои худро супорида метавонад.

Дар баробари ин, боадолатии бахогузори, меъёри бахогузори, дастраси ба хукуки тахсили ройгон ва шаффофияти бахогузори аксаран аз чониби довталабон мавриди шубха ва норозиги карор мегирад.

Мутобики талаботи меъёрхои байналмилалии муосир ба савияи дониши мухассилини МТОК ва таъмини шароит чихати иштироки Чумхурии Точикистон дар барномахои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон Низоми имтихонхои марказонидашудаи дохилшави (ИМДба МТОК тахия гардид. Дар асоси он дар шахрхои чумхури  марказхои имтихонсупори таъсис дода мешавад. Ташкили ин марказхо имкон медихад, ки довталаб дар маркази бакайдгирии ба макони зист наздик ва ё бо хохиши худ ба дигар марказхои бакайдгири хуччатхояшро супорад. Бо ин рох довталаб аз масрафхои зиёди рох ва вакт озод мегардад. Дар ин маврид, яке аз принсипхои асосии низоми марказонидашудаи дохилшави – интихоби васеъ риоя мегардад.

Хангоми сабти ном дар нуктахои бакайдгири шарти дигари мухими ин низом – махфияти маълумотхои шахси риоя мегардад. Тамоми маълумот дар бораи довталаб, вакти бакайдгири, такдими даъватнома, рузи имтихону натичахои он ва ба кадом МТОК дохил гардидани у комилан махфуз мебошад.

Истифодаи низоми миллии тести хангоми ИМД амали гардидани принсипимувофикатро имконпазир менамояд. Ба ин тарик мувофикати саволномахову супоришхои тести ва талаботи корхои хатти ба барномахои таълимии мактабхои тахсилоти миёнаи умуми аз чониби ММТ кафолат дода мешавад.

Макоми шахс дар амали гардидани хар як икдом хеле мухим мебошад. Аз махорат, донишу малакаи у натичаи нихоии кор вобаста аст. Бо максади ичро намудани принсипи касбимутахассисони баландихтисосу пуртачриба ба кор чалб шудаанд.

Чихати бартараф намудани ходисахои номатлуб хангоми кабули довталабон ба МТОК ва таъсири одам ба раванди он низоми ИМД аз ибтидо то интихо тавассути компютер амали мегардад. Штрих-кодгузории рамзхо, санчиш, бахогузори, натичаи имтихонхо ва афзалияти интихоби тахассус ва МТОК комилан бар зиммаи барномахои компютери мебошад.

Татбики низоми ИМД ба МТОК кадами устувор дар амали намудани  раванди рушди маориф, баланд бардоштани савияи касбии мутахассисону донишчуёни кишвар ва муайян намудани сатхи дониши муассисахои тахсилоти миёнаи умуми (МТМУ) хохад гашт.

ТАМОС:

Шахри Душанбе
тел: 224-53-68, 224-53-73, 224-53-64,
Почтаи электрони
Сомона – сайт: www.ntc.tj
office@ntc.tj

Комментарии