Макнуна Ниёзова – Тарроҳи тоҷик, тарҷумаи ҳол

Таррохи чавони точик Макнуна Ниёзова барои намоиши либосхояш дар як чашнвораи чахони Кореяи Чануби омодаги мегирад.

Сурати Макнуна Ниёзова

Сурати Макнуна Ниёзова

Як намоиши коллексияи либосхои милли дар озмуни “Face of Central Asia” (Чехраи Осиёи Маркази) дар Казокистон, рохи Макнуна Ниёзова, таррохи чавони точикро ба чашнвораи чахони дар Кореяи Чануби боз кард.

У ин шабу руз пайи тахияи коллексияе мебошад, ки дар ин озмун ба намоиш мегузорад. Худи Макнуна дар як сухбати ихтисоси бо Радиои Озоди гуфт, роххат ба чунин як намоиши бонуфузи чахони, масъулияташро бештар кардаст.

Макнуна Ниёзова: “Ин озмун зери номи «Бехтарин модел, зебосанам ва таррох» мохи майи соли чори дар шахри Сеули Корея баргузор мешавад. Хадафи аслии ширкати ман дар ин чашнвора муаррифии либосу фарханги точикистониён аст. Ин, албатта, масъулият аст. Чун дар ин озмун натанхо мардуми Корея, балки намояндахои чандин кишвархои чахон иштирок мекунанд ва бояд ман каме хам бошад, онхоро бо фарханги точикон ошно кунам. Хамрох бо ман ду модели точик Фотима ва Азиз Мирзоев хам ба ин чашнвора мераванд ва дар бахшхои дигар либосхои тахияи кардаи маро намоиш медиханд.

Коллексияи либосхое, ки ман намоиш медихам, дар онхо накшу нигори милли дида мешавад ва ман алакай корро шуруъ кардам, ин хама талоши ман барои муваффак шудан барои муаррифии Точикистон, бозгашт бо сари баланд ва сохтани карйера аст. Ман хушхолам, ки барои сафар ва иштирокам ба ин чашнвора маро Донишгохи технологии Точикистон дастгири мекунад.”

Радиои Озоди: Шуморо дар Точикистон хамчун як таррох ва мубаллиғи либосхои милли мешиностанд. Бигуед, чи хел шуд, ки кор дар сохаи муд ва таррохии либосро барои худ интихоб кардед?

Макнуна Ниёзова: “Асосан ин касбро барои ман рахматии падарам тавсия дода буданд, харчанд ман мехостам, хунарманди театру синамо бошам. Аммо акнун эхсос мекунам, ман бехтарин касбро пеша кардам. Холо барои донишчуён, онхое ки дар оянда таррох шудан мехоханду дар донишгохи технологи тахсил мекунанд, дарс мегуям ва нозукихои ин хунарро меомузонам.

Макнуна Ниёзова

Як нуктаро бояд таъкид кунам, ки ман омузгорам ва мисли таррохони дигар фармоиш намегирам. Тичорат намекунам ва даромади иловаги хам надорам”

Радиои Озоди: Аксаран таррохон барои хунармандони маъруф либос тахия мекунанд. Кори шуморо кадом овозхон бештар муаррифи мекунад?

Макнуна Ниёзова: “Ман аз соли 2011 либосхои овозхони маъруфи точик Нигина Амонкуловаро тахия мекунам. Аслан худи Нигина хам ба ман идеяи тахияи ин ё он либоси табъи дилашро мегуяд, баъдан ман онро омода мекунам”.

maknuna

Радиои Озоди: Касе аз хонаводаи шумо хам таррох аст?

Макнуна Ниёзова: “Не, рахматии падарам ва амаву амакхоям хамаги омузгор буданд. Мо дар хона хафт духтар будем ва апаву хохарони ман хамаашон маълумоти оли доранд, аммо касе миёни онхо таррох ё модел нест.”

Радиои Озоди: Аз хусни шумо ва хунархоятон акнун мачаллаи итолиёи хам менависад. Чи тавр шуд, дар бораи шахсияти шумо дар ин мачалла хабар ёфтанд?

maknuna-niyozova

Макнуна Ниёзова: “Таваччухи мачаллаи итолиёии Donna ба ман ва кори таррохиям баъд аз нашри як матлаби торнамои “Global Voices” дар бораи шаш бонуи фаъоли точик дар Фейбсук, ки ман низ миёни онхо будам, зиёд шуд. Валентина Равизза, муаллифи ин матлаб бо ман телефони сухбат карда ва хост, ки аксу маълумоти бештар дар бораи худамро ба онхо фиристам. Аз ин кори онхо хуш шудам. Онхо маро ба Ким Кардашян ташбех додаанд, вале ман зиёд мехостам як зани точик муаррифи шавам.”

Радиои Озоди: Дар як мохи ахир номи шумо ва хунаратон дар шабакахои ичтимои зиёд шунида мешавад. Ва хонандахо хам донистан мехоханд, ки Макнуна оиладор аст ё не?

Макнуна Ниёзова: “Не, ман холо оиладор нестам”. (механдад)

Радиои Озоди: Гохо дар чомеаи Точикистон бахсхо дар мавриди либосхои худиву бегона ё милливу дини бармехезад. Вокеан хам ба фикри шумо, либос метавонад худиву ғайр бошад?

Макнуна Ниёзова: “Дуруст мегуед, вале пушиши либосхои бегона ин муваккати аст ва бубинед, ки либоси миллии мо точикхо чандин аср аст, ки иваз намешавад. Либосхое, ки баъзехо ба бар мекунанд, мисли як муд аст ва ин маълум аст, ки бархехо аз руи хавас мепушанд.”

Комментарии