Кули Сарез

Кули «Сарез» дар натиҷаи заминларза – заминҷумбие, ки соли 1911 дар минтақаи ВМКБ ва аниқтараш ноҳияи Рӯшон ба вуқуъ пайвастааст, ба  вуҷуд омадааст. Дарозии кули Сарез 55,8 км. буда чуқуриаш то 500 метр мебошад. Кул дар баланди 3263 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва дар он беш аз 16 км³ об мавҷуд аст, ки руз то руз боз ҳам бештар мешавад.

Сурати Кули Сарез

Сурати Кули Сарез

Кули Сарез 3-юмин кули калонтарини Тоҷикистон аз ҷиҳати масоҳат буда байни қуҳҳо дар натиҷаи дар маҷрои дарёи Мургоб афтидани сангу маводҳои қуҳӣ пайдо шудааст. Куҳҳое, ки Сарезро иҳота кардаанд аз сатҳи руи кӯл боз то 2 415 метр баладтаранд. Оби Кули Сарез иборат аз оби ошомиданӣ буда ниҳоят тоза аст ва тақрибан то 50 метр чуқурии обаш бениҳоят мусаффо мебошад.  Дар чуқуробҳояш бошад обаш каме намакин буда дар кул моҳиҳо ва дигар ҷонваронӣ обӣ зиндагонӣ менамоянд, аз ҷумлаи онҳо маринка, форел, ва ғайраҳо.

Видеои Кули Сарез:

 

Таърихи Кӯли Сарез:

Кули Сарез санаи 5-уми (18) феврали соли 1911 дар натиҷаи ҷумбиши замин, ки дараҷаи он 9 бали рихтериро дошт бо афтидани пораҳои кӯҳ дар роҳи дарёи Мурғоб пайдо шудааст. Дар натиҷаи ин заминҷумбӣ қишлоқи Усой зери куҳпораҳо боқӣ монда ҷони садҳо одамонро рабудааст. Баландии сангу модаҳои сахти куҳӣ зиёда аз 500 метрро ташкил дод, ки дар натиҷаи маҷрои оби Мурғоб ба ҷамъ шудан оғоз ёфт ва ҳоло кӯл қариб бо об пур мешаваду аз лабонаш мерезад (35 м. баланди боки мондааст).

Баъди як соли заминларза оби дарёи маҷроаш басташуда ба кул мубадал шудан гирифту деҳаи Сарезро зери об ба пуррагӣ гузошт ва барои ҳамин ҳам номи ин кул аз номи ҳамон қишлоқ гирифта шудааст. То соли 1914 аз кӯл об ягон ҷо ҷорӣ намешуд то он даме, ки сатҳи об то андозаи яке аз сурохиҳои хурд баробар нашуда буд. Ҳоло ҳамин ва дигар сурохиҳо, ки аз онҳо то андозае об аз кул баромада мераванл боиси ташвиш шудааст.

Сангпораҳое ки сари дарёи Мурғобро гирифтаанд аз ҳаҷми зерин иборатанд: ҳаҷман 2,2 км³, вазнаш — 6 млрд. тонн,  дарозӣ — 5 км., бараш — 3,2 км.,  масоҳаташ — 10,8 км², баландӣ — 567 м., баландӣ нисбати аз ҳама нуқтаи пастарин аз сатҳои болооби кул. — 38 м, шумораи чашмаҳо — 57.

Харитаи кули Сарез:

Кули сарез дар минтақаи ҳасоси заминҷумбӣ қарор дорад. Эҳтимолияти заминҷумбии 8-9 балае ки метавонад сари роҳи Кулро кушояд ва фоҷиаи даҳшатро ба вуқуъ бипайвандад хело зиёд буда тибқи таҳлилҳо тақрибан 1 маротиба дар 200-250 сол метавонад сар занад. Ё ин ки таъсири начандон калон дар натиҷаи заминларзаи 7-бала дар байни 2000 сол як маротиба ба вуқуъ бипайвандад.

Точки опасности Сареза

Точки опасности Сареза

Соли 1967 дар соҳили рости кул лағҷиши хатарноки масоҳати замин ба мушоҳида расидааст. Масоҳати замини мулоим тақрибан  1,25 км³ ташкил медиҳад.

Тибқи тахминҳои мутахасисон дар ҳолати заминҷумбии сахт оби кули Сарез ба мавҷҳои калон метавонад мубадал шуда аз болои бандари табӣ гузашта пас онро бишуяду баъдан дар рехта рафтани оби кул дар ҳаҷми зиёду вақти тӯлонӣ сабаб гардад. Дар ин ҳангом сели калони об ба хонадони садҳо ҳазор нафар одамоне ки назди соҳили дарёи Панҷ ва умуман Амударё зиндагонӣ менамоянд офат оварда заминҳои калони киштшавандаро нобуд менамояд. Дар минтақаи эҳтимоли зарарбинанда аз оби селшавандаи кули Сарез шумораи зиёда аз 6 млн. нафараи аҳолии Тоҷикистон, Афғонистон, Узбекистон ва Туркманистон мебошанд.

Соли 2000-ум Роҳбарони 4-давлати ҳамсоя, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ба ҷамъияти умумибашар муроҷиат карда аз онҳо хоҳиш кардаанд, ки ёрии донишиву молиявӣ дар ҳалли муаммои кули Сарез, расонанд. Худи ҳамин сол зери роҳбарии Бонки Умумиҷаҳонӣ барномаи паст кардани хавфи кули сарез ба амал бароварда шуд ки солҳои 2000-2006 ро дар бар мегирифт.

Барнома танҳо он масъаларо дид, ки дар ҳолати сар задани хатар ва ё пеш аз он мардуми дар поёноб зиндагонӣ мекардаро фавран хабар расонида шавад. Алҳол дар назди кӯли Сарез шахси мутассадӣ барои назорати оби кул гузошта шудааст ва он доимо хабарро ба шахсони мутасаддӣ мерасонад. Маълумоти бештарро дар бораи кулҳои Тоҷикистон дар саҳифаи зер бихонед >>>>

Комментарии