Кулхои Точикистон

Тоҷикистонк мамолики аз Кӯл бой мебошад ва шумораи онҳо зиёда аз 1,5 ҳазор адад мебошад, ки масоҳати умумиашон 1 ҳазор километри мураба ё 1% масоҳати кишварро ташкил менамоянд. Шумораи 22 кул (кӯл) 625 км² мебошад ва дар байни онҳо аз ҳама калонтаринашон Қарокӯл мебошад.

Сурати Кули Карокул

Сурати Кули Карокул

Кулҳои Тоҷикистон аз нигоҳи намуду пайдоиш ба се гуруҳ ҷудо мешаванд, аз ҷумла: тектоникӣ, пиряхӣ ва зеризаминӣ. Аз ҳама маъмултарин кулҳо ин кулҳои пиряхӣ ва баъдан дар натиҷаи лағҷиши замин ба вуҷуд омада мебошанд. Бештари шумораи кулҳои Тоҷикистон дар қисмати шимолу шарқии куҳҳои Помир ва тарафи ғарбии куҳҳои Ҳисор  дар баландии зиёда аз 2 км. Ҷойгиранд. Қариб ҳаммаи кулҳои кишвар аз оби ошомиданӣ ташаккул ёфтаанд (ғайр аз кули Қарокӯл).

Аз ҳама кулҳои зеботарини Тоҷикистон дар қторкӯҳҳои Ҳисор дар кӯҳҳои Фон ҷойгир шуда дар байнашон табиати Искандаркул, Кули Чуқурак, Кулҳои Аловудин, Кули калон ниҳоят зебову нотакроранд.

Баландтарин кул бошад дар Точикистон ин Чапдара – 4 529 метр, Қарокӯл – 3 914 метр, Зоркул – 4 126 метр, Турумтайкул – 4 213 ва дигарон) мебошанд. Муфассал дар бораи кулхои Точикистон дар сахифаи руссии инмавод метонед бихонед >>>>

 Суратҳои аз ҳама кулҳои зеботарини Тоҷикистон

Искандаркул
Кули Искандар
Кули Аловудин
Кули Аловудин
Кули Шахринав
Кули Шахринав

_____________________________________________________________

Видеои кулхои Точикитон

 

 

__________________________________________________________

Кулҳои дар натиҷаи афтидани куҳҳо (тудагӣ)  бештар дар баландкуҳҳои марказӣ ва  шарқи Тоҷикистон ҷой гирифтаанд.  Ба онхо кули Сарез ва Яшикул таалуқ доранд.  Бештари кулҳо дар  саргаҳҳои  дарёҳои  Амударё, Вахш ва Зарафшон дар баландии зиёда аз 3500 метр аз сатхи баҳр   қарор доранд. Онҳо бештар аз ҳисоби обшавии яху барфҳо ғизо мегиранд.  Оби бештари кулҳо  дар таркибашон минералҳои зиёд доранд. Аз ҳама кули ҷавон кули Сарез  ба шумор меравад  ки он  дар     дарёи Мурғоб дар натиҷаи заминларзаи соли 1911 таввасути  махкам шудани  роҳи дарё бо сангҳо пайдо шудааст ва яке аз кулҳои чуқуртарин дар Точикистон ба шумор меравад. Дар Шарқи Помир кулҳо то 120-150 руз  ях мебанданд.  Инчунин дар ҳудудуди Тоҷикистон кулҳои сунъӣ низ дида мешаванд.

Омузиши кулҳои Тоҷикистон таърихи беш аз  сад сола дошта, саршавии он ба нимаи дуюм асри 19 таалуқ дорад.   Дар солҳои 1869-71 бисёрии кулҳои Зарфашон омухта  шуданд.    Тадқиқотҳои аввалин дар шарқи Помир дар солҳои 1877-1878 замоне, ки кулҳои Қаракул, Рангкул, Шоркул, Яшилкул ва гуруҳи кулҳои Сасикул тавсиф карда шуданд.  Бештари ин кулҳо  бори аввал дар харита  нишон дода шудданд.

 Дар давоми асри 20 тадқиқотҳои гидрографикии баъзе кулҳои калон ба монанди Яшикул, Булункул, Рангкул, Шоркул, Турумтайкул ва дигарҳо гузаронида шуданд, ки  ба воситаи он тавонистанд  маълумотро  оиди вазъи муосир  ва хусусиятхои  гидрометереологии онҳо дастрас гардад .  Инчунин дар нимаи аввали аср дар соҳилҳои кулҳои Сарез, Булункул, Искандаркул ва Қаракул стантсияҳои гидрометериологӣ  бунёд карда шудданд .

 Дар соли 1987 тибқи маълумотномаи А. М. Никитина  «кулҳои Осиёи Миёна» аз чоп барамадааст, ки дар он маълумот на танҳо оиди андоза, инчунин оиди ҳолатҳои  харорати яхкунӣ  ва химиявии обанборҳои ин минтақа оварда шудааст. Лекин омузиши кулҳои  Тоҷикистон то охир ба сомон нарасонидаанд.  Айни замон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикстон беш аз 1300 кул, ки андозаи умумии онҳо 705 метри квадратӣ  ва ҳаҷми онҳо 46,3 метри мураббаро ташкил медиҳад. Хусусияти асосии ҷумҳурӣ ҳамин аст, ки қариб 80% кулҳо дар куҳҳо дар баландии се ҳазор аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.

Аз руи таърихи  пайдоиши ҳавзаи  кулҳо   онҳо ба кулҳои тудагӣ (монеагӣ), пиряхӣ, тектоникӣ,  карстӣ, дарёбодӣ ва ғайрахо ҷудо мешаванд.  Дар ҳавзаҳои Зарафшон як қатор  «зинаҳои» кулҳои тудагӣ ба монанди : Маргузорӣ, Куликалон мавчуданд.  Лекин  макони  асосии кулхо ин  Помири Шаркӣ мебошад.  Дар он чо дар  баланди 3919 аз сатхи баҳр кули калонтарини кишвар, кули Қаракул бо  масохати 380 метри мураббаъ, бо чуқурии 238 метр ва  ҳаҷми зиёда аз 26 метри мукааби об мавҷуд аст.  Кули мурда (чоринашаванда) буда   оби он бениҳоят шур аст.  Инчунин Кули Сарез ҳам хеле маъмулу машхур аст. Мохи феврали соли 1911 дар натиҷаи  заминларзаи сахт  кухпораи  калон мачрои  дареи Мурғобро баст ва дар натича  кули бо масохати 80 км  квадрати, чукурии 500 метр ва хачми  об 16  млн куб пайдо шуд.  Аз соли 1938 дар сохили ин кул гидрометеосантсияи баландкухи Ирхт кор карда истодааст ва солхои 70-уми асри гузашта кормандони гидрометериологии республика  харитаи чукурии кулро таъсис дода, вазъи термики, яхбанди   ва химиявии онхоро омухтаанд.

Айни замон кули Сарез яке аз кулхои калонтарини  дорои захираи оби софи нушоки  ба шумор меравад.  Дуюмин кули баландкуххои  Помир ин  кули Булункул хаст , ки дар  кахри нишеби мавчуд буда, дар фасли зимистон хаво  сард  он чамъ шуда ,  бенихоят хунук мешавад .  Ин «кутби  хунук»-и Точикистон мебошад.  Дар он чо беш аз ним аср стантсияи гидрометеологи фаъолият карда истодааст (3744 метр аз сатхи бахр), ва харорати пастаринро  то  -53.3 дарача кайд карда шуд .  Кули дигар- Яшикул, ки  чори шудани  оби   онро  барои бо самар фаъолият намудани  силсилаи стантсияи НБО Гунд танзим кардан имконият дорад  .

Кисмати асосоии баланси оби кулхоро  обхои чоришавандаи болои замин ташкил медиханд.  Вобаста  ба дар кадом  сатхи баланди чойгир шудани онхо , фазаи  пуршавии  онхо бо об  дар давоми сол аз хамдигар фарк дорад . Фазаи (давомияти ) пуршавии онхо аз  иклими сол, хачми  оби дохилшуда, тархи кул вобастса буда аз 40 то 220 шабонаруз давом меебад. Рузи шуруъ  шудани пуршавии кул аз бисер факторхо, аз чумла шароитхои обу хаво  вобаста буда  аз 40 – 70  руз  фарк дорад. Дар кули Сарез он аз 29 апрел то 10 июл  ва дар Искандаркул аз якуми апрель то 10 май фарк кардан  метавонад

 Дар давоми сол сатхи оби кулхо  тагир ефта истодааст.  Дар кулхои чоришаванда вай  аз ду метр зиед нахохад шуд,  дар кулхои  сарбаста   ки  обашон аз таги ярчхо ва кабати замин филтр мешавад ,  сатхи тагиребиашон   бештар мебошад.  Дар кули Сарез  дар баъзе солхо он  то  ба  12 метр мерасад.  Солхои 40-уми асри 20  мушохидахои   статсионари оид ба ходисахои яхбандии ва гафсии яхи онхо   шуруъ шуданд. Микдори зиеди  маълумотхо оиди  рузи саршави ва тамомшавии ходисахои яхбанди, мукарар намудани  таркиби ях ва  ва гайрахо чамъ карда шуд.   Давомнокии яхкуни барои кулхои Осиеи Миена  аз руи вазъи хунукии зимистон вобастаги дорад :  барои чойхои хамвор такрибан 10-100 шабонаруз ва барои баландкуххо 60-180 шабонаруз ва зиедтар мебошад. Масалан дар  соли 1962  давомнокии яхкунии кули Каракул 218 шабонарузро ташкил дод. Гафсии яххо дар кулхои баландкуххо 100 см ва зиедтарро ташкил медихад. Вай  аз  чамъи  харорати манфии хавои шабонарузи  ва хусусиятхои кулхо вобастаги дорад.    Мисол : дар холати суммаи  харорати манфии шабонарузии хаво дар кули Каракул баробар ба -6000 дарача гафсии ях 50 см мерасад, хангоме ки   дар Кули Сарез  ки дорои  харорати  гармии зиедтар хаст,  гафсии ях 10-20 см ро ташкил медихад.

Бо сабаби гуногун будани мавзехои  табии Осиеи Миена  ва хусусияти ландшафти  кухсор, инчунини  фаркият дар  рутубати мавзехои   гуногун  таркиби гидрохимиявии оби кулхо низ аз хам фарк дорад  Кули Помири-Алай гидрокарбонати буда,  дар шарки Помир бошад кулхо  сулфати мебошанд.  Ба гурухи охирон кулхои Каракул, Рангкул, Шоркул, Куруккул ва Какиркул  дохил мешаванд.   Аз хисоби минерали буданаашон  онхо аз хамдигар такрибан аз 0.5 то 11 г/кг фарк мекунанд.  Хамаи нхо ба гурухи сульфати дохил мешаванд, гурухи магний, намуди 3.

 Гурухи чудогона  дар ин катор  ин  гурухи кулхои Сасикул  чой гирифтаанд, ки дар нишебии байни куххо чойгир буда,  дорои 30 кули сарбаста ( сокит) мебошанд. Дар натичаи хушк шудани онхо кабати намак ва дигар консентратхо  дар он чои онхо дида мешавад.

Кулхои асосии дорои оби нушоки кули Сарез (16.1 м3 ), Яшикул (0.52м3), Искандаркул (0.52м3) ва кулхои дигари  нисбатан майда  ба шумор мераванд. Кулхои дорои мохи кули Яшикул ва Булункул мебошанд.   Дар сохилхои кули Каракул мохихуракхои камшумор истикомат мекунанд, ва дар Зоркул, ки аз он чо дареи Помир шуруъ мешавад- огози дареи  Панч,  мургобихои (гоз) хинди зимистонро аз сар мегузаронанд:  ин кулхо ба монанди дигарон  кисми Мамнугохи Милии  Точикистон  ба шумор мераванд.

Вале сарвати  асосии  кулхои мо – оби нушокии  онхо мебошад, ки он дар  сайераи мо сол аз сол камеб  ва киматбахо  шуда истодааст, бинобар хамин  кулхои дорои оби соф яке аз сарватхои бебахои табии кишварамон буда, мо бояд онхоро аз  ифлосшави  мухофизат намуда,  барои барои наслхои оянда  боки монем.

 

Комментарии