Куххои Точикистон

93,3% фоизи масоҳати Тоҷикистонро куҳҳо ишғол менамоянд ки баландиашон аз 300 зиёд аз сатҳи баҳр мебошад. Қисми зиёди куҳҳои Тоҷикистон сангӣ буда дар онҳо боигариҳои табии бой аз ҷумла тилло, нуқра, ангишт, обҳои шифобахш ва ҳар гуна сангҳои қимматбаҳо мавҷуданд. Инчунин дигар тарафи бартарияти куҳҳои Тоҷикистон аз он иборат аст, ки онҳо хело зебоянд.

Куххои Хисор

Куххои Хисор

Кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашмаи обҳои кишвар ва минтақаи Осиёи Миёнаро ташкил дода аз об шудани барфу пиряхҳои он дарёҳои минтақа аз доимо ҷоришванда мегарданд ва дар қатори онҳо дарёи Вахш, Сирдарё ва Панҷро номадар кардан ҷоиз аст. Инчунин куххои Точикистон барои тавлиди барқ аз энергияи обии дарёҳои кишвар сабаб ва замина мебошанд.

Умуман куххои Точикистон ба гуруҳҳои куҳҳои Тионшон ва Помиру-Олой тақсим мешаванд, ки баландиашон аз 300 то 7495 метрро ташкил медиҳанд.

Нисфи заминҳои Тоҷикистон аз 3000 метр баландар буда дар он гоҳ-гоҳ растаниву ҳайвонотро вохурдан мумкин. Баландтарин нуқтаҳои куҳҳои Тоҷикистонро қулли Исмоили Сомонӣ – 7495 метр (собиқ Комунизм) мебошад ва дар давлатҳои Осиёи Миёна аз ҳама баландтарин ҷой мебошад. Дигар нуги кӯҳи осмонхарош бо баландии қуллаи Абуалии Ибни Сино буда баландиаш 7 134 метр мебошад. Инчунин қулаҳои Корнижевскӣ бо баландии 7105 метр ва дигарон маълуманд.

 

 

Аз ҳама қуллаи баландтарини Осиёи Миёна – Кӯҳҳи Помир ки дарозиашон 800 км мебошад ва баландиашон 5000-7000 метр буда аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Минтақаи Помирро, ки инчунин Боми Ҷаҳон меноманд дар он асосан куҳҳои берастанӣ ва сангҳои қоқу дарёҳои оҳиста ҷоришаванда мавҷуданд. Дар бисёр қуллаҳои ин куҳҳо пиряхку барфҳои чандинсола ҷойгир буда сарчашмаи дарёи Амуро ташкил медиҳанд. Гуфт, ки кӯҳҳои Тоҷикистон инчунин сабабгори паст кардани буду шамолҳои сахт аст.

Куххои Фон

Куххои Фон

Куххои Помир

Куххои Помир

Куххои Зарафшон

Куххои Зарафшон

Пайдоиши кӯҳҳои Тоҷикисто таърихи зиёда аз 100 млн. сола дошта ба қатори қуҳҳои ҷавон дохил мешаванд. Ба ҳаммаи ин таърифу боигариҳо нигоҳ накарда кӯҳҳои Тоҷикистон дигар тарафҳ манфӣ низ доранд ва пеш аз ҳама дар мавридӣ зилзилаҳои заминӣ ки дар қаъри ин кӯҳҳои манбаашон ҷойгир аст. Ҳамасола аз заминларзаҳои куҳҳо ва дигар касратҳои куҳӣ садҳо одамон фавтида бархеашон зарарҳои ҷисмонии вазнин мебинанд.  Дигар тарафаш аз он иборат ки куххои Точикистон сабаби озодона ҳаракат кардани одамон, нақлиёт ва ҷонвару беҷонҳо шуда дар тарақиёти иқтисодиёти кишвар монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд ва ба қавли худ ба бунбасти комуникатсионӣ оварда мерасонанд.

Номгуи куххои Точикистон (аз руи гурух ва низом)

Куххои Помир
  • Куххои Помир
    • Академика наук
      • Исмоили Сомони (кулла)
      • Корнежевский (Кулла)
      • Гармо
    • Рушон
      • Паткор (Кулла)
    • Шохдара
      • Маяковски (Кулла)
      • Карл Маркс (Кулла)
    • Транс Алай
      • Ленин (Кулла)
      • Ибни Сино (Кулла)
    • Язгулом
      • Инкилоб (Кулла)
      • Истиклолият (Кулла)
  • Куххои Олой
  • Куххои Фон
  • Куххои Хисор
  • Куххои Зарафшон
    • Конкорд (Кулла)
    • Москва (Кулла)
Куххои Тионшон
  • Туркенстон
  • Вахш

Комментарии