Корхонаи Чарм дар Душанбе

Ширкати мо чарм ва намудҳои гуногуни пойафзол, аз ҷумла низомӣ, махсуси корӣ, мардона, кӯдакона ва занона истеҳсол мекунад. Ғайр аз он, мо намудҳои гуногуни чармро барои фармоиш истеҳсол намуда, пойафзолро аз рӯи тарҳи инфиродӣ таҳия менамоем. Кормандони мо дар кишварҳои хориҷӣ ба таври мураттаб дар беҳтарин ширкатҳои истеҳсоли чарм ва пойафзол таълимоти коромӯзиро мегузаранд.

poyafzol-charm (1)Ширкати мо бо пешгомони ҷаҳонӣ дар истеҳсоли пойафзолҳои зариф ва зебо, аз ҷумла Туркия ва Хитой, ки таҷҳизоти истеҳсолии мо аз онҷо ворид мешаванд, ҳамкорӣ мекунад.

Ширкати мо дорои чархаи истеҳсолии комил мебошад – аз коркарди аввалияи чарм гирифта то баровардани пойафзолҳои тайёршуда ва бастабандии аслӣ барои он.  Ашёи хом аз истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хоричи таҳия мешавад ва бо истифодаи технологияи навтарини даббоғии чарм коркард карда мешавад, ки сифати баланди маводро кафолат медиҳад, ки дар озмунҳои байналмилалӣ борҳо мавриди қадрдонӣ қарор гирифтааст. Мо метавонем чармро бо ғафсии аз 0.4 то 5 мм коркард кунем ва ранги дилхоҳу дигар хосиятҳои мавриди назарро ба он бахшем.

poyafzol-charm (3)

Мо истеҳсоли тагпошинаҳои махсусро мутобиқ бо шароити гуногуни иқлимӣ ва ҷуғрофӣ татбиқ намудем, аз ин рӯ пойафзолҳои мо қобилияти амалкард ё истифодабарии худро барои муддати тӯлонӣ ҳифз мекунанд.

Мо пойафзолҳои хушсифати навъи замонавиро истеҳсол мекунем, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазиранд. Маҳсулоти мо на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ аз он низ талабот дорад.

Комментарии