Конибодом

Конибодом ин ноҳияи мустақил, ки маркази маъмуриаш шаҳри Конибодом мебошад, дар шимолу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии  ноҳияи Конибодом 83 ҳазор километри муррабаъ буда аҳолиаш зиёда аз 140 ҳазор нафарро ташкил менамояд. Ноҳияи соли 1937 дар тоъбеи вилояти Суғд ташкил ёфтааст.

Шахри Конибодом

Сурати Шахри Конибодом

Конибодом дар қисми ҷанубу-ғарбии водии Фарғона, ҳампаҳлуи дарёи Фарғона, ки 6 км. ҷанубтар аз шаҳр мегузарад, ҷойгир аст. Маънои номи ноҳия/шаҳр ин аз ду ибора ташкил ёфта яке «Кон» ва дигаре «Бодом» мебошад. Яъне солҳои қадим дар ин ҷойҳо Бодоми зиёде парварида мешуд, ки маҳз ба ҳамин сабаб номи ин ноҳияро макони бодом шуморида номашро Кони-Бодом номидаанд.

Бояд гуфт, ки замину иқлими Конибодом дар ҳақиқат барои парвариши Бодом, Зардолу ва дигар меваи донагӣ ниҳоят мувофиқ аст, ки дар асл ҳам мардуми ин ноҳия ба руёнидани ин намуди меваҳо  меҳнаи зиёдеро равона менамоянд.

Зардолу Конибодом

Зардолу

Харитаи Конибодом

Харитаи Конибодом

Имрузҳо дар Конибодом боғҳои зиёди зардолу мавҷуд аст, ки  дар ҷаҳон ҳамтои худро аз ҷиҳати сифат (тамъу зебоӣ), надоранд. Буҷаи ноҳияи Конибодом асосан аз даромади ҳамин зардолуҳо ташаккул меёбанд ва дар як сол ҳамагӣ буҷаи ноҳия тақрибан баробари 10 млн. доллари ИМА мебошад.

Ҷойгиршавии ноҳия чуни наст, ки дар он ҷо доимо шамол ва гоҳо бодҳои сахт мевазад. Сабаби асосии он ин ҷойгиршавии заминҳои ноҳия байни ду галатепаҳо, ки аз байнаш оби дарёи Сир ҷорӣ мешавад пайдо мешавад.

Конибодом ин яке аз шаҳрҳои беҳтарини Тоҷикистон аз ҷиҳати маданият  ва иқтисодиёт мебошад. Маҳз аз Конибодом роҳбарон, донишмандон ва санъаткорони маъруфи кишвар дар байни солҳои тўлони парварида шудаанд.

Таърихи Конибодом:  Бори аввал шаҳр дар навиштаҷотҳои таърихии асри IX дарҷ карда шудааст, ки оиди мавҷудияти он аз асрҳои VIII – и мелоди гуфта шудааст. Кофтуковҳои археологӣ нишон доданд, ки мавҷудияти тамаддун дар минтақаи Конибодом 2-3 ҳазор сол пеш аз мелод низ мавҷуд будааст.

Оим (XVII в.)

Оим (XVII в.)

Дар шаҳри Конибодом Театри драмавӣ, Осорхона, Техникуми технологӣ, 3-то колеҷ, донишкадаи омузгорӣ ва донишкадаи тиббӣ  мавҷуд аст. То ҳол 2 мадраса низ дар Конибодом боқи мондааст, ки яке Мир Раҷаб  ба асрҳои XVI –ум ва дигаре  Оим ба асрҳои XVII –ум таалуқ дорад. Инчунин як мақбараи Лангари Бобо низ мавҷуд аст.

Иқтисодияёт: Дар Конибодом як корхонаи коркарди пахта, якчанд корхонаи коркарди маҳсулоти кишварзи (бахусус зардолу) ва инчунин корхонаи коркарди нафт мавҷуд аст. Солҳои шўъравӣ дар Конибодом корхонаҳои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва равған низ фаъолият мекарданд. Мардуми кишвар холо хуб дар хотир доранд, ки Конибодом чигуна велосипедҳоро истеҳсол ва ба хориҷ содир мекард.  Фаромуш накард, ки дар масъалаи наққошӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва хусусан зардолу аҳолии Конибодом пурмасуланд.

Суратхои Конибодом:

Бозори Конибодом

Бозори Конибодом

Президент дар Конибодом

Президент дар Конибодом

Укоби Конибодом

Укоб

Манораи Конибодом

Манора

Видео о Канибадаме:

 

Нишондиҳандаҳои асосии Конибодом дар аваали соли 2016

Ном ба забони тоҷикӣ Ноҳияи Конибодом
Сардори ноҳия Раис
Кишвар Тоҷикистон
Мақом Ноҳияи  маъмурӣ
Таалуқ дорад Вилояти Суғд
Сохтори 1 шаҳр ва 9 ҷамоат
Маркази маъмуррӣ Шаҳри Конибодом
Соли ташкилёбӣ 1937
Забонҳои расмӣ Тоҷикӣ
Шумораи аҳолӣ (2015г.) 140 020
Миллатҳо тоҷикон, узбекҳо ва русҳо
Дин Мусулмонҳо (суниҳо)
Масоҳат (ҳаз.) 0.8 км²
Вақт UTC+5
Номи кутоҳ KO
Нишонӣ ISO 3166-2 TJ.SO.KO
Макон дар Харита 40°17′  шимолан  ва 70°25′ шарқӣ
Этнохроним Конибодомиҳо
Баланди аз сатҳи баҳр 400
Нишони пучта 735900
Интернет-домен ‘.tj
Нишони автомобилҳо 01 ҶТ
Нишонӣ телефонӣ (+992) 3467
Масоҳати умумии замин (га) 82 894
Заминҳои обёришаванда (га) 23 927
Заминҳои лалмӣ (га) 58 967
Заминҳои корам (га) 10 533
Боғҳо (га) 8 770
Ангурзор  (га) 70
Тутҳо  (га) 443
Алафзор (га) 0
Ситрусиҳо  (га) 1
Ниҳолҳо (га) 5
Бекор (га) 0
Чарогоҳ (га) 6 518
Иморатҳо (га) 625
Хоҷагиҳои деҳқонӣ 2 967
Сомонаи расмӣ www.konibodom.tj

Председатель района – (3467) 32244Телефоны и контакты структур Канибадама:

  • Прокуратура – (3467) 32610
  • Суд – (3467) 32671
  • Комиссариат  – (3467) 32089
  • Милисия – (3467) 32506
  • Сухторхомуш – (3467) 32601
  • Беморхона – (3467) 32404
  • Пучта – (3467) 32121

Конибодом

Шахзони бузурги Конибодом: 

  1. Бобо Табиби Фарғони — Шоири асримиёнагӣ;
  2. Абдулатифхоҷа Кории Ҳисорӣ — шоир ва  нависандаи асри XIX –ум аср;
  3. Неъмат Қарабоев — Қаҳрамонни Ҷанги бузурги ватанӣ;
  4. Комил Ярматович Ярматов  (1903—1978) — актёр, кинорежиссёр. Санъаткори халқии ИҶСШ (1959). Қаҳрамони меҳнати шуравӣ (1973);
  5. Туфа Фазиловна (1917—1985) — Қаҳрамони санъаткори ИҶСШ(1957);
  6. Лютфи Зоҳидова (1925—1995) — Қаҳрамони санъаткори ИҶСШ – рақоса (1957);
  7. Абдулаҳад Қаҳорович Қаҳаров — Раиси шўрои вазирони ҶСС Тоҷикистон (1961—1973);
  8. Муртазоев Қаюм Муртазаевич (1926—1982) —котиби 1-ум;
  9. Бурхон Фаррух -Шоир;
  10. Али Бободжон -Шоир .
  11. Шухрати Расул – Ҳофиз.

Боду хаво дар Конибодом:

mol_cent_konibodom

Маркази Чавонон

konibodom_tojiktele

Пучта


Комментарии