КОДЕКСИ АНДОЗИ ТОҶИКИСТОН (2021с.)

Кодекси андози Чумхурии Точикистон муносибатҳо оид ба муқаррар намудан, тағйир додан, бекор кардан, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, иҷрои уҳдадориҳои андоз, инчунин, муносибатҳои вобаста ба боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетро танзим намуда, барои ташаккул, рушд ва ҳавасмандкунии фаъолияти хоҷагидорӣ нигаронида шудааст.

Раванди ҳамгироию ҷаҳонишавӣ ва муҳити берунаи доимотағйирёбанда имконияти васеъро барои корхонаҳои қонеъкунандаи талаботи бозорҳои хориҷӣ бо молу хизматрасониҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, фароҳам меоварад. Ноилшавӣ ба ин тавассути ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани навоварӣ бо дарназардошти фаъол гардонидани истифодабарии технологияи рақамӣ имконпазир мешавад. Бо ин мақсад Кодекси нави андоз ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои андозсупорандагон, содагардонии чораҳои маъмурикунонии андоз, равона карда шуда, барои қоидаҳои пешгӯишавандаи яксони пешбурди фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ замина мегузорад. Ин шароити аз рӯи имкониятҳои воқеии андозсупорандагон ҷамъоварии андозҳоро барои таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ фароҳам меоварад.

Кодекси кунунии андоз ноилшавии мувозинати мутаносибӣ барои ба даст овардани даромад ва коҳиш додани хароҷоти мансуббударро бо риояи талаботи муқарраршуда пешбинӣ менамояд. Тафовути ин санад аз Кодекси андози қаблӣ дар содашавии раванду расмиёти муносибатҳои андозбандӣ, такмили таркиботи муқаррароти андозиро аз лиҳози самаранокӣ ва баробарӣ, муносибгардонии меъёрҳо, батанзимдарории коҳишдиҳии вобастагӣ аз андозҳои дорои ҳиссаи хурд, пешгирии андозбандии дукарата, мукаммалгардонии занҷираи андоз аз арзиши иловашуда, маҳдудсозии имконияти қабули қарорҳои ихтиёрӣ, беҳсозии сатҳи шаффофият, таъминоти беғаразӣ ва пешгӯишавии сиёсати андозӣ ифода меёбад .

Дар баробари ин, тағйирёбии расмиёти маъмурикунонӣ ба такмилдиҳии сатҳи химзатрасонӣ ба андозсупорандагон, содагардонии раванду тартибот, батанзимдарории санҷишҳо дар асоси хавфҳо ва ҳавасмандгардонии ихтиёрии риояи муқаррароти қонунгузории андоз мусоидат менамояд.

Бо мақсади заминагузорӣ ба рушди ҷомеаи фаъол, дастёбӣ ва нигоҳдории рушди босуръат, фарогир ва устувор, афзоиши шуғл ва тақсимоти одилонаи манфиатҳои иҷтимоӣ ва имкониятҳои иқтисодӣ, сиёсати андоз ба принсипҳои зерин асос меёбад:

1) андозҳо бояд тибқи қонунгузорӣ ситонида шаванд.

2) андозҳо бояд дар асоси даромади гирифташуда ситонида шаванд.

3) санадҳои меъёрии ҳуқуқии андоз бояд оммафаҳм, сода ва ба забони тоҷикӣ таҳия гардида, бо забонҳои русӣ ва англисӣ дастрас бошанд ва меъёрҳои андоз бояд бо ҳадафҳои сиёсати иқтисодӣ мувофиқ бошанд. Дар ҳолати ба миён омадани номутобиқатӣ (фарқият, духӯрагӣ) дар матни чунин санадҳо, бартарият ба забони давлатӣ дода мешавад.

МУНДАРИҶАИ КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 2021 с

МУҚАДДИМА..

ҚИСМИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ.

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ ВА ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ НИЗОМИ АНДОЗБАНДӢ.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ.

Моддаи 1. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали он. 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосии дигаре, ки дар Кодекси мазкур истифода мешаванд. 

Моддаи 3. Тартиби муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардани андозҳо  

Моддаи 4. Тартиби ҳисобкунии муҳлатҳое, ки қонунгузории андоз муқаррар кардааст. 

Моддаи 5. Воридоти андозҳо ва тақсимоти он ба буҷет. 

Моддаи 6. Татбиқи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои андозбандӣ. 

БОБИ 2. ПРИНСИПҲО ВА СУБЪЕКТҲОИ МУНОСИБАТИ АНДОЗӢ.

Моддаи 7. Принсипҳои андозбандӣ. 

Моддаи 8. Субъектҳои муносибатҳои андоз.

Моддаи 9. Фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайрисоҳибкорӣ.

Моддаи 10. Кори кироя.

Моддаи 11. Муассисаи доимии ғайрирезидент.

Моддаи 12. Иҷораи молиявӣ (лизинг) ва ташкилоти лизингӣ.

Моддаи 13. Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 14. Ҳуҷраи шахсии андозсупоранда.

Моддаи 15. Нархҳои бозорӣ.

Моддаи 16. Тарафҳои ба ҳам алоқаманд.

БОБИ 3 . НИЗОМИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Моддаи 17. Андозҳо.

Моддаи 18. Намуди андозҳо.

Моддаи 19. Низоми махсуси андозбандӣ.

Моддаи 20. Унсурҳои андоз.

Моддаи 21. Объекти андозбандӣ.

Моддаи 22. Манбаи андоз.

Моддаи 23. Меъёри андоз.

Моддаи 24. Давраи андоз.

Моддаи 25. Тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо.

Моддаи 26. Имтиёзҳои андозӣ.

Моддаи 27. Танзими пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ.

БОБИ 4. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ АНДОЗСУПОРАНДА.

Моддаи 28. Ҳуқуқҳои андозсупоранда. 

Моддаи 29. Уҳдадориҳои андозсупоранда.

БОБИ 5. ТАНЗИМИ КАНОРАГИРӢ АЗ АНДОЗБАНДӢ ВА ПЕШГИРИИ САРКАШӢ АЗ ПАРДОХТИ АНДОЗ.

Моддаи 30. Комиссия оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ.

Моддаи 31. Муқовимат ба нақшаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ.

Моддаи 32. Саркашӣ аз супоридани андоз.

Моддаи 33. Афзалияти муҳтаво нисбат ба шакл.

Моддаи 34. Эътинои зарурӣ ҳангоми интихоби контрагентҳо.

ФАСЛИ II. РАСМИЁТИ МАЪМУРИКУНОНИИ АНДОЗ. 

БОБИ 6. НАЗОРАТИ ПАРДОХТИ АНДОЗҲО.. 61

Моддаи 35. Муқаррароти маъмурӣ. 

Моддаи 36. Назорати андоз. 

Моддаи 37. Назорати камералӣ. 

Моддаи 38. Муоинаи хронометражӣ. 

Моддаи 39. Назорати иловагии молҳои зераксизӣ ва фаъолияти дигар.

Моддаи 40. Назорати низоми рамзгузории электронӣ (штрих код)

Моддаи 41. Санҷиши андоз. 

Моддаи 42. Санҷиши сайёрии андоз. 

Моддаи 43. Муҳлати санҷишҳои андоз, тамдид ва мавқуфгузории он.

Моддаи 44. Маҳдудият барои гузаронидани санҷиши сайёрии андоз.

Моддаи 45. Дастрасии шахси мансабдор ба макони фаъолияти (бинои маъмурӣ ва ҳудуд) андозсупоранда барои гузаронидани санҷиши андоз.

Моддаи 46. Талаб намудани ҳуҷҷатҳо ҳангоми гузаронидани санҷиши андоз

Моддаи 47. Талаб намудани ҳуҷҷатҳо ва маълумот аз шахси сеюм..

Моддаи 48. Гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашёҳо.

Моддаи 49. Иштироки шоҳид.

Моддаи 50. Экспертиза.

Моддаи 51. Ҷалби коршинос.

Моддаи 52. Иштироки тарҷумон.

Моддаи 53. Иштироки шахси холис.

Моддаи 54. Талаботи умумӣ ба санад ҳангоми гузаронидани чорабинӣ дар доираи назорати андоз.

Моддаи 55. Пешгирии зиён бо амалҳои ғайриқонунӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши сайёри андоз.

Моддаи 56. Барасмиятдарории натиҷаҳои санҷиши сайёри андоз.

Моддаи 57. Тартиби баррасии маводи санҷиши сайёр.

Моддаи 58. Қабули қарор дар асоси натиҷаҳои баррасии маводҳои санҷиши сайёри андоз ва санҷиши амалиётӣ.

Моддаи 59. Эътибор пайдо кардани қарор аз рӯи натиҷаҳои баррасии маводи санҷиши сайёри андоз.

Моддаи 60. Хусусиятҳои иҷрои қарорҳои мақомоти андоз.

Моддаи 61. Иҷрои қарорҳои мақомоти андоз ҳангоми шикоят.

Моддаи 62. Иҷрои қарорҳои мақомоти андоз.

Моддаи 63. Қабул намудани қарор оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии андоз

Моддаи 64. Ариза дар бораи ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ. 

Моддаи 65. Баррасии парвандаҳо ва иҷрои қарорҳо оид ба ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ. 

Моддаи 66. Назорат аз болои мақомоти ваколатдор.

БОБИ 7. МОНИТОРИНГИ АНДОЗӢ.. 

Моддаи 67. Муқаррароти умумии мониторинги андоз. 

Моддаи 68. Ҳамкориҳои иттилоотӣ. 

Моддаи 69. Қарор дар бораи гузаронидани мониторинги андоз. 

Моддаи 70. Пеш аз муҳлат қатъ кардани мониторинги андозӣ.

Моддаи 71. Тартиби гузаронидани мониторинги андозӣ.

Моддаи 72. Хулосаи мақомоти андоз.

Моддаи 73. Расмиёти мусолиҳаи мутақобила.

БОБИ 8. БАҲИСОБГИРИИ АНДОЗСУПОРАНДАГОН ВА МАХЗАНИ ЯГОНАИ ХУДКОРИГАРДОНИДАИ БАҲИСОБГИРӢ, НАЗОРАТ ВА МОНИТОРИНГИ АМАЛИЁТИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА АНДОЗСУПОРАНДА.. 87

Моддаи 74. Баҳисобгирии андозсупорандагон.

Моддаи 75. Рақами мушаххаси андозсупоранда.

Моддаи 76. Системаи муттаҳидаи иттилоотии андоз оид ба баҳисобгирӣ, назорат ва мониторинги амалиёти мақомоти давлатӣ ва андозсупоранда. 

Моддаи 77. Уҳдадории мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати ирсоли маълумот ба Системаи муттаҳидаи иттилоотии андоз.

БОБИ 9. НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ХАВФҲО.. 

Моддаи 78. Низоми идоракунии хавфҳо.

Моддаи 79. Критерияҳои арзёбии дараҷаи хавф..

Моддаи 80. Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии санҷишҳои андозӣ.

БОБИ 10. ИСТИФОДАИ ДАСТГОҲҲОИ НАЗОРАТӢ-ХАЗИНАВӢ.. 

Моддаи 81. Истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ.

Моддаи 82. Назорати риояи тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ – хазинавӣ

БОБИ 11. ОГОҲКУНӢ ВА ФАҲМОНДАДИҲӢ.

Моддаи 83. Огоҳиномаи мақомоти андоз.

Моддаи 84. Тавзеҳот оид ба иҷрои уҳдадории андоз.

ФАСЛИ III. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТ. 

БОБИ 12. БАҲИСОБГИРИИ АНДОЗ ВА ҲИСОБОТИ АНДОЗ. 

Моддаи 85. Тартибдиҳӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ.

Моддаи 86. Қоидаҳои умумии баҳисобгирии андоз.

Моддаи 87. Тартиби баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотҳо.

Моддаи 88. Принсипҳои баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотҳо бо усули хазинавӣ.

Моддаи 89. Принсипҳои баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотҳо бо усули ҳисобу замкунӣ.

Моддаи 90. Соҳибии муштарак.

Моддаи 91. Хусусиятҳои муайян кардани даромад ва тарҳ барои шартномаҳои дарозмуддат.

Моддаи 92. Тартиби баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ.

Моддаи 93. Баҳисобгирӣ ҳангоми иҷораи молиявӣ (лизинг)

Моддаи 94. Ҳисоботи андозӣ.

Моддаи 95. Тартиби таҳияи ҳисоботи андозӣ.

Моддаи 96. Пешниҳод намудани ҳисоботи андозӣ.

Моддаи 97. Тамдид намудани муҳлати пешниҳоди эъломияҳои андоз.

Моддаи 98. Пешниҳоди иттилоот оид ба пардохтҳо ё амалиёти дигар.

Моддаи 99. Пешниҳоди маълумот ба мақомоти андоз.

Моддаи 100. Муҳлати нигоҳдории ҳисоботи андозӣ.

Моддаи 101. Суратҳисобҳои бонкӣ ва пешниҳоди маълумот.

БОБИ 13. БАҲИСОБГИРИИ ИҶРОИ УҲДАДОРИИ АНДОЗ. 

Моддаи 102. Асосҳои баҳисобгирии иҷрои уҳдадории андоз. 

Моддаи 103. Эъломияи иловагии андоз. 

Моддаи 104. Маҳалли пардохти андозҳо ва буҷетҳое, ки андозҳо ба онҳо гузаронида мешаванд.

Моддаи 105. Тартиби пайдарҳамии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ.

Моддаи 106. Шартҳои умумии тағйир додани муҳлатҳои пардохти андозҳо

Моддаи 107. Ҳолатҳое, ки тағйир додани муҳлати пардохти андозро истисно мекунанд.

Моддаи 108. Мақомотҳои ваколатдор доир ба қабул намудани қарор дар бораи тағйир додани муҳлатҳои пардохти андозҳо.

Моддаи 109. Шартҳои пешниҳод кардани батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда.

Моддаи 110. Расмиёти пешниҳоди батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда.

Моддаи 111. Қатъ гардидани амали батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда.

Моддаи 112. Муқаррароти умумӣ дар бораи ба ҳисоб гирифтан ва баргардонидани андозҳои барзиёд пардохтшуда ва ситонидашуда.

Моддаи 113. Тартиби баҳисобгирии маблағҳои барзиёд пардохташудаи андозӣ барои пардохти дигар уҳдадориҳои андозӣ ва баргардонидани он.

Моддаи 114. Тартиби ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андози барзиёд ситонидашуда.

БОБИ 14. ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ АНДОЗӢ.

Моддаи 115. Уҳдадориҳои андозӣ. 1

Моддаи 116. Тартиб ва муҳлати иҷрои уҳдадории андозӣ.

Моддаи 117. Тадбирҳои муваққатӣ.

Моддаи 118. Қатъ гардидани уҳдадории андозӣ.

Моддаи 119. Муҳлати даъво аз рӯи уҳдадории андозӣ.

Моддаи 120. Пардохти андозӣ.

Моддаи 121. Иҷрои супоришномаҳои пардохтӣ ва инкассавӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ. 

Моддаи 122. Иҷрои уҳдадории андозӣ ҳангоми барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ  

Моддаи 123. Иҷрои уҳдадории андозӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ  

Моддаи 124. Иҷрои уҳдадории андозӣ ҳангоми ба идоракунии боэътимод додани молу мулк. 

Моддаи 125. Иҷрои уҳдадории андозӣ ҳангоми фавти шахси воқеӣ ё фавтида эълон гардидани шахси воқеӣ аз ҷониби суд.

Моддаи 126. Иҷрои уҳдадории андозии шахси воқеии бедаракғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшуда. 

Моддаи 127. Беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва тартиби аз ҳисоб баровардани намудани онҳо. 

ФАСЛИ IV.МАҶБУРАН СИТОНИДАНИ АНДОЗҲО..

БОБИ 15. ТАРТИБ ВА МУҲЛАТИ ИҶРОИ УҲДАДОРИИ АНДОЗӢ..

Моддаи 128. Таъмини иҷрои уҳдадори оид ба пардохти андозҳо. 

Моддаи 129. Огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ. 

Моддаи 130. Тартиб ва муҳлати фиристодани огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ. 

Моддаи 131. Тағйир додан ва иҷрои огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ

БОБИ 16. УСУЛҲОИ ТАЪМИНИ ИҶРОИ УҲДАДОРИИ АНДОЗӢ.. 

Моддаи 132. Усулҳои таъмини иҷрои уҳдадории андоз.

Моддаи 133. Замонат.

Моддаи 134. Кафолати бонкӣ.

Моддаи 135. Фоизҳо.

Моддаи 136. Боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ. 

Моддаи 137. Тартиби бекор кардани қарор дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда (агенти андоз) 

Моддаи 138. Тартиби иҷрои қарорҳо дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо сурҳатисобҳои бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ  

Моддаи 139. Маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда (агенти андоз) 

БОБИ 17. ЧОРАҲОИ МАҶБУРАН СИТОНИДАНИ УҲДАДОРИИ АНДОЗӢ   

Моддаи 140. Муқаррароти умумӣ оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозӣ  

Моддаи 141. Ситонидани қарзи андоз аз суратҳисобҳои бонкӣ. 

Моддаи 142. Ситонидани қарзи андоз аз суратҳисоби бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда. 

Моддаи 143. Ситонидани қарзи андоз аз воситаҳои маблағҳои нақдии андозсупоранда. 

Моддаи 144. Ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани он. 

Моддаи 145. Созишнома оид ба тартиб ва муҳлатҳои пардохти қарзи андоз  

Моддаи 146. Муфлисшавии андозсупоранда (агенти андоз) 

Моддаи 147. Ситонидани қарзи андозӣ аз шахси воқеӣ. 

Моддаи 148. Ситонидани қарзи андозӣ бо тартиби судӣ.

БОБИ 18. МАШВАРАТДИҲӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ АНДОЗӢ.

Моддаи 149. Машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андозӣ. 

Моддаи 150. Машваратчиёни мустақили андоз. 

Моддаи 151. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои машваратчии мустақили андоз.

Моддаи 152. Ҳимояи сирри тиҷоратӣ ва маълумот дар бораи фаъолияти андозсупоранда.

Моддаи 153. Масъулияти машваратчиёни андозӣ.

БОБИ 19. ҶАВОБГАРӢ.. 

Моддаи 154. Ҳуқуқвайронкунии андоз.

Моддаи 155. Ҳолатҳои истиснокунандаи ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз.

БОБИ 20. ҲАЛЛИ БАҲСҲО.

Моддаи 156. Шикоят.

Моддаи 157. Шӯрои ҳалли пешазсудии баҳсҳо.

Моддаи 158. Оқибатҳои пешниҳоди ариза (шикоят) нисбат ба     ҳисобкунии маблағҳои андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо. 

ФАСЛИ V. МАҚОМОТИ АНДОЗ.

БОБИ 21. МАҚОМОТИ АНДОЗ. 

Моддаи 159. Вазифаҳои асосии мақомоти андоз. 

Моддаи 160. Вазъи ҳуқуқӣ ва сохтори мақомоти андоз. 

Моддаи 161. Кормандони мақомоти андоз ва масъулияти онҳо. 

Моддаи 162. Муносибати байниҳамдигарии мақомоти андоз бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ. 

Моддаи 163. Ҳисобот.

Моддаи 164. Ҳуқуқҳои мақомоти андоз. 

Моддаи 165. Уҳдадориҳои мақомоти андоз. 

Моддаи 166. Бархӯрди манфиатҳо. 

Моддаи 167. Сирри маълумот (сирри андоз) 

ФАСЛИ VI. БАТАНЗИМДАРОРИИ АНДОЗБАНДИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ..

БОБИ 22. МУҚАРРАРОТИ МАХСУС ДОИР БА.. 166

Моддаи 168. Тартиби татбиқи созишномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ.

Моддаи 169. Андозбандии даромадҳои ғайрирезидентҳо аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсиси муассисаи доимӣ.

Моддаи 170. Тартиби татбиқи созишномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ нисбат ба андозбандии даромадҳо аз хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ.

Моддаи 171. Тартиби татбиқи созишномаҳои андозбандии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии суди саҳмияҳо, фоизҳо ва роялтӣ.

Моддаи 172. Тартиби татбиқи созишномаҳои андозбандии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии фоидаи соф ҳангоми фаъолият тавассути муассисаи доимӣ.

Моддаи 173. Тартиби татбиқи созишномаҳои андозбандии байналмилалӣ нисбат ба андозбандии дигар даромадҳо аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 174. Талаботи умумӣ ҳангоми пешниҳоди ариза барои татбиқи муқаррароти созишномаҳои андозбандии байналмилалӣ.

Моддаи 175. Маълумотнома оид ба маблағҳои андозҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшуда.

БОБИ 23. МУБОДИЛАИ МАЪЛУМОТ. 

Моддаи 176. Мубодилаи маълумоти андозӣ ва молиявӣ.

ҚИСМИ II. ҚИСМИ МАХСУС..

ФАСЛИ VII. АНДОЗ АЗ ДАРОМАД..

БОБИ 24. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ.. 

Моддаи 177. Андозсупорандагон.

Моддаи 178. Объекти андозбандии андоз аз даромад.

Моддаи 179. Манбаи андоз.

Моддаи 180. Меъёрҳои андоз.

БОБИ 25. ДАРОМАДИ УМУМӢ.. 

Моддаи 181. Даромади умумӣ.

Моддаи 182. Даромади умумӣ аз фаъолияти соҳибкорӣ.

Моддаи 183. Даромадҳо дар шакли музди меҳнат.

Моддаи 184. Даромади умумии аз фаъолияти ба меҳнати кироя ё аз фаъолияти соҳибкорӣ мансубнабуда. 176

Моддаи 185. Тасҳеҳи даромади умумӣ.

БОБИ 26. ОЗОДКУНИҲОИ АНДОЗӢ..

Моддаи 186. Озодкуниҳои андозӣ.

БОБИ 27. ТАРҲҲО АЗ ДАРОМАДИ УМУМӢ.. 

Моддаи 187. Тарҳи хароҷоти вобаста ба гирифтани даромад.

Моддаи 188. Тарҳкуниҳои шахсии шахсони воқеӣ.

Моддаи 190. Тарҳ барои фаъолияти эҳсонкорӣ.

Моддаи 191. Маҳдудияти тарҳҳо нисбат ба фоизҳо.

Моддаи 192. Тарҳҳо нисбат ба қарзҳои беэътимод.

Моддаи 193. Тарҳҳо нисбат ба хароҷот барои таҳқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таҷрибавию конструкторӣ.

Моддаи 194. Ба давраи дигар гузаронидани зарар, зарар ҳангоми фурӯш ё супоридани молу мулк.

БОБИ 28. ТАРҲҲО АЗ РӮИ ВОСИТАҲОИ АСОСӢ ВА ДОРОИҲОИ ҒАЙРИМОДДӢ.

Моддаи 195. Тарҳи маблағҳои ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ ва дигар тарҳҳо аз рӯи воситаҳои асосии истеҳлокшаванда.

Моддаи 196. Тарҳи ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ бо усули хаттӣ.

Моддаи 197. Тартиби ҳисобкунии ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ бо усули хаттӣ

Моддаи 198. Тарҳи сармоягузорӣ.

Моддаи 199. Тарҳи арзиши таъмир ва такмили воситаҳои асосии истеҳлокшаванда.

Моддаи 200. Тарҳи ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ аз рӯи дороиҳои ғайримоддӣ  191

БОБИ 29. ХУСУСИЯТИ АНДОЗБАНДИИ ДАРОМАДИ БАХШҲОИ АЛОҲИДА   191

Моддаи 201. Андозбандии ташкилотҳои қарзии молиявӣ. 191

Моддаи 202. Даромади ташкилотҳои қарзӣ. 191

Моддаи 203. Хароҷоти ташкилотҳои қарзӣ. 193

Моддаи 204. Тарҳҳо барои ташкили захираҳои ширкатҳои суғурта. 195

Моддаи 205. Тарҳи хароҷот барои мукофоти (ҳаққи) суғурта. 196

Моддаи 206. Тарҳи хароҷоти истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ барои иктишоф ва истихроҷ. 196

Моддаи 207. Ҳиссаҷудокунӣ ба фонди барқарорсозӣ. 197

Моддаи 208. Маҳдудияти тарҳҳо ба истифодабаранди захираҳои табиӣ. 198

Моддаи 209. Даромад ва зарар ҳангоми мубодилаи асъор. 198

БОБИ 30. ҚОИДАҲО МАРБУТ БА ДОРОИҲО.. 199

Моддаи 210. Даромад ва зарар ҳангоми фурӯш ё супоридани дороиҳо. 199

Моддаи 211. Арзиши дороиҳо. 200

Моддаи 212. Қоидаҳои муайян намудани маблағе, ки фурӯшанда ҳангоми фурӯш ё супоридани дороиҳо гирифтааст. 201

Моддаи 213. Амалиётҳо байни тарафҳои алоқаманд. 201

Моддаи 214. Эътироф накардани даромад ё зарар. 201

Моддаи 215. Муомилоти дороиҳо байни иштирокдори гурӯҳи ширкатҳо. 202

БОБИ 31. ҚОИДАҲОИ УМУМИИ АНДОЗБАНДИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ.. 203

Моддаи 216. Манбаъҳои даромадҳо. 203

Моддаи 217. Баҳисобгирии (зачет) андози хориҷӣ. 205

Моддаи 218. Ба давраи дигар гузаронидани зарар аз даромади хориҷӣ. 206

Моддаи 219. Андозбандии фоидаи софи муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ. 206

Моддаи 220. Даромаде, ки аз ҷониби шахсони хориҷии назоратшаванда дар мамлакатҳои дорои андозбандии имтиёзнок гирифта шудааст. 206

Моддаи 221. Сармоягузории моҳирона. 208

БОБИ 32. НАРХГУЗОРИИ ТРАНСФЕРТӢ.. 209

Моддаи 222. Созишномаи нархгузории трансфертӣ. 209

Моддаи 223. Принсипи аҳдбандӣ бо шартҳои бозорӣ. 209

Моддаи 224. Усулҳои нархгузории трансфертӣ. 210

Моддаи 225. Тасҳеҳи нархгузории трансфертӣ. 211

Моддаи 226. Ҳуҷҷатҳои нархгузории трансфертӣ. 211

Моддаи 227. Мафҳуми тарафҳои вобаста. 212

Моддаи 228. Ҳисобот аз рӯи кишварҳо. 213

Моддаи 229. Муайянкунии истилоҳоти марбут ба ҳисобот аз рӯи кишварҳо. 213

Моддаи 230. Уҳдадорӣ барои пешниҳоди ҳисобот аз рӯи кишварҳо. 214

Моддаи 231. Ҳисоботи кишварӣ. 216

Моддаи 232. Истифодаи ҳисобот аз рӯи кишварҳо. 216

БОБИ 33. НИГОҲ ДОШТАНИ АНДОЗ ДАР МАНБАИ ПАРДОХТ. 216

Моддаи 233. Тартиби нигоҳ доштани андоз дар манбаи пардохт. 217

Моддаи 234. Нигоҳ доштани андоз аз суди саҳмияҳо дар манбаи пардохт. 219

Моддаи 235. Нигоҳ доштани андоз аз фоизҳо дар манбаи пардохт. 219

Моддаи 236. Нигоҳ доштани андоз аз даромади ғайрирезидентҳо дар манбаи пардохт. 219

БОБИ 34. МУҚАРРАРОТИ МАЪМУРӢ.. 221

Моддаи 237. Давраи андоз. 221

Моддаи 238. Пешниҳоди эъломия. 221

Моддаи 239. Пардохтҳои ҷории (пешпардохти) андоз. 223

Моддаи 240. Пардохти андозҳо ва муқаррароти маъмурӣ. 223

ФАСЛИ VIII. АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА.. 225

БОБИ 35. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ.. 225

Моддаи 241. Мафҳуми андоз аз арзиши иловашуда. 225

Моддаи 242. Андозсупорандагон. 225

БОБИ 36. ОБЪЕКТҲОИ АНДОЗБАНДӢ.. 227

Моддаи 243. Объектҳои андозбандӣ. 227

Моддаи 244. Фурӯш ё гузашт намудани ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ. 228

БОБИ 37. МАНБАИ АНДОЗ. 229

Моддаи 245. Арзиши амалиёти андозбандишаванда. 229

Моддаи 246. Тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда. 230

Моддаи 247. Арзиши воридоти андозбандишаванда. 231

БОБИ 38. ОЗОДКУНИҲОИ АНДОЗӢ.. 231

Моддаи 248. Озод кардан аз андоз. 231

Моддаи 249. Андозбандии ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ. 234

Моддаи 250. Хусусиятҳои андозбандӣ ҳангоми интиқоли молҳо тавассути марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 235

Моддаи 251. Андозбандии содироти молҳо. 237

Моддаи 252. Тасдиқи содироти молҳо. 237

БОБИ 39. САНА ВА МАҲАЛЛИ АНҶОМ ДОДАНИ АМАЛИЁТИ АНДОЗБАНДИШАВАНДА ВА ҚОИДАҲОИ МАХСУС.. 238

Моддаи 253. Санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда. 238

Моддаи 254. Маҳалли таҳвили мол. 240

Моддаи 255. Иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 240

Моддаи 256. Таъмини хизматрасониҳои фосилавӣ тавассути майдони электронии тиҷорат. 243

Моддаи 257. Андозбандии бозгашт. 244

Моддаи 258. Санаи воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт. 245

Моддаи 259. Амалиётҳои омехта. 245

Моддаи 260. Амалиётҳое, ки тавассути шахси боваринок (агент) анҷом дода мешаванд. 245

БОБИ 40. ТАРТИБИ ҲИСОБКУНӢ ВА ПАРДОХТИ АНДОЗ. 246

Моддаи 261. Меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда ва тартиби ҳисоби он. 246

Моддаи 262. Андоз аз арзиши иловашудаи ба буҷет пардохтшаванда. 247

Моддаи 263. Андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми муайян намудани пардохтҳо ба буҷет дар ҳолати истифодаи меъёри стандартӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. 247

Моддаи 264. Тасҳеҳи маблағҳои баҳисобгирифташавандаи андоз аз арзиши иловашудаи. 249

Моддаи 265. Тартиби ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми амалиётҳои озодшуда. 250

Моддаи 266. Ҳисобнома-фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо  250

Моддаи 267. Тартиб додани ҳисобнома-фактураҳои иловагӣ ҳангоми тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда. 253

Моддаи 268. Қоидаҳои махсус. 253

БОБИ 41. МУҚАРРАРОТИ МАЪМУРӢ ВА ХОТИМАВӢ.. 253

Моддаи 269. Пешниҳоди эъломияҳо ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда  254

Моддаи 270. Давраи андоз. 254

Моддаи 271. Тартиби баргардонидани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашуда. 254

Моддаи 272. Тартиби андозбандии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ. 255

Моддаи 273. Баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба    намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин, аъзои ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд. 255

БОБИ 42. ХУСУСИЯТИ АНДОЗБАНДИИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ФОСИЛАВИИ ШАХСОНИ ХОРИҶӢ.. 256

Моддаи 274. Андозсупорандагон. 256

Моддаи 275. Тартиби баҳисобгирии (аз ҳисоб баровардани) шахсони хориҷие, ки хизматрасониҳои фосилавиро анҷом медиҳанд. 257

Моддаи 276. Намояндаи таъминкунандаи хориҷии хизматрасониҳои фосилавӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда. 257

ФАСЛИ IX. АНДОЗИ АКСИЗ. 258

БОБИ 43. АНДОЗИ АКСИЗ. 258

Моддаи 277. Андозсупорандагон. 258

Моддаи 278. Объекти андозбандӣ. 258

Моддаи 279. Номгӯи молҳои зераксизӣ ва намудҳои фаъолияти зераксизӣ. 259

Моддаи 280 Манбаи андоз. 260

Моддаи 281. Вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда. 261

Моддаи 282. Меъёрҳои андоз. 262

Моддаи 283. Озодкунӣ. 262

Моддаи 284. Тасдиқи содироти молҳои зераксизӣ. 263

Моддаи 285. Ба ҳисоб гирифтани андози аксиз. 264

Моддаи 286. Давраи андоз. 265

Моддаи 287. Пардохти андози аксизҳо. 265

Моддаи 288. Назорати андозии маҳсулоти зераксизии спиртдор, беспирт (ба истиснои оби соф) ва тамоку. 265

Моддаи 289. Маҳалли пардохти андози аксиз. 266

Моддаи 290. Пешниҳоди эъломияи андози аксиз. 266

Моддаи 291. Баргардонидани андози аксиз ҳангоми реэкспорт молҳо. 267

Моддаи 292. Тамғаҳои аксизӣ. 267

Моддаи 293. Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо  268

ФАСЛИ X. АНДОЗҲО БАРОИ САРВАТҲОИ ТАБИӢ.. 268

БОБИ 44. АНДОЗҲО БАРОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ САРВАТҲОИ ТАБИӢ.. 268

1. Муқаррароти умумӣ. 268
Моддаи 294. Муқаррароти асосӣ. 268

Моддаи 295. Муқаррар намудани низоми андоз дар қарордодҳо оид ба истифодабарии сарватҳои табиӣ. 271

2. Бонуси обунавӣ. 272
Моддаи 296. Андозсупорандагон. 272

Моддаи 297. Андозаи бонуси обунавӣ. 272

Моддаи 298. Муҳлати пардохти бонуси обунавӣ. 272

Моддаи 299. Эъломияи андоз. 273

3. Бонуси кашфи тиҷоратӣ. 274
Моддаи 300. Андозсупорандагон. 274

Моддаи 301. Андозаи бонуси кашфи тиҷоратӣ. 274

Моддаи 302. Муҳлати пардохти бонуси кашфи тиҷоратӣ. 275

Моддаи 303. Эъломияи андоз. 275

4.Роялти барои истихроҷ. 275
Моддаи 304. Андозсупорандагон. 275

Моддаи 305. Объекти андозбандӣ. 275

Моддаи 306. Манбаи андоз. 276

Моддаи 307. Меъёрҳои роялти барои истихроҷ. 277

Моддаи 308. Тартиби муқаррар намудан ва пардохти роялти барои истихроҷ дар шакли молӣ (натуралӣ) 282

Моддаи 309. Давраи андоз, тартиби пешниҳоди эъломия ва пардохти роялти барои истихроҷ. 282

БОБИ 45. РЕНТА БАРОИ ЗАХИРА.. 283

Моддаи 310. Андозсупорандагон. 283

Моддаи 311. Объекти андозбандӣ. 283

Моддаи 312. Манбаи андоз. 283

Моддаи 313. Даромадҳои софи ҷамъшуда. 283

Моддаи 314. Даромади соф дар доираи қарордод. 284

Моддаи 315. Даромади умумии дар доираи қарордод. 284

Моддаи 316. Арзиши тарҳшаванда дар доираи қарордод. 284

Моддаи 317. Давраи ҳисоботӣ. 285

Моддаи 318. Меъёри андоз. 285

Моддаи 319. Тартиби ҳисобкунии рента барои захираҳо. 285

Моддаи 320. Эъломияи андоз. 285

Моддаи 321. Муҳлати пардохти рента барои захираҳо. 285

БОБИ 46. РОЯЛТИ БАРОИ ОБ. 286

Моддаи 322. Андозсупорандагон. 286

Моддаи 323. Объекти андозбандӣ. 286

Моддаи 324. Манбаи андоз. 286

Моддаи 325. Озодкунӣ. 286

Моддаи 326. Давраи андоз. 286

Моддаи 327. Меъёри андоз. 286

Моддаи 328. Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани роялти барои об. 286

Моддаи 329. Эъломияи андоз. 286

БОБИ 47. РЕНТАИ СОДИРОТӢ.. 286

Моддаи 330. Андозсупорандагон. 287

Моддаи 331. Объекти андозбандӣ. 287

Моддаи 332. Манбаи андоз. 287

Моддаи 333. Давраи андоз. 287

Моддаи 334. Меъёри андоз. 287

Моддаи 335. Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани рентаи содиротӣ. 287

Моддаи 336. Эъломияи андоз. 287

ФАСЛИ XI. АНДОЗИ ИҶТИМОӢ.. 288

БОБИ 48. АНДОЗИ ИҶТИМОӢ.. 288

Моддаи 337. Андозсупорандагон. 288

Моддаи 338. Объекти андозбандӣ. 288

Моддаи 339. Манбаи андоз. 289

Моддаи 340. Озодкунӣ. 290

Моддаи 341. Меъёрҳои андоз. 290

Моддаи 342. Давраи андоз. 291

Моддаи 343. Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андоз. 291

ФАСЛИ XII. АНДОЗ АЗ ФУРӮШ (АЛЮМИНИЙИ АВВАЛИЯ) 292

БОБИ 49. АНДОЗ АЗ ФУРӮШ (АЛЮМИНИЙИ АВВАЛИЯ) 292

Моддаи 344. Муқаррароти умумӣ. 292

Моддаи 345. Андозсупорандагон. 293

Моддаи 346. Объекти андозбандӣ. 293

Моддаи 347. Манбаи андоз. 293

Моддаи 348. Меъёри андоз. 294

Моддаи 349. Тартиби ҳисобкунӣ ва муҳлати пардохти андоз. 294

Моддаи 350. Ба ҳисоб гирифтани маблағи андоз аз фурӯш ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми таҳвили маҳсули коркарди онҳо ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 295

ФАСЛИ ХIII. АНДОЗҲОИ МАҲАЛЛӢ.. 296

БОБИ 50. АНДОЗҲО АЗ МОЛУ МУЛК.. 296

Моддаи 351. Муқаррароти умумӣ. 296

Моддаи 352. Муқаррароти асосӣ ва давраи андоз. 296

1. Андоз аз объектҳои ғайриманқул. 296
Моддаи 353. Андозсупорандагон. 296

Моддаи 354. Объекти андозбандӣ. 296

Моддаи 355. Манбаи андоз. 297

Моддаи 356. Имтиёзҳо. 297

Моддаи 357. Меъёри андоз. 298

2. Андози замин. 299
Моддаи 358. Андозсупорандагон. 299

Моддаи 359. Объекти андозбандӣ. 300

Моддаи 360. Манбаи андоз. 300

Моддаи 361. Меъёрҳои андози замин. 300

Моддаи 362. Озодкунӣ аз андози замин. 301

Моддаи 363. Тартиби умумии ҳисоб ва пардохт намудани андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул. 302

Моддаи 364. Тартиби пешниҳоди ҳисоботӣ андоз. 303

Моддаи 365. Муҳлати пардохтҳо. 304

3. Андоз аз воситаҳои нақлиёт. 304
Моддаи 366. Андозсупорандагон. 304

Моддаи 367. Объекти андозбандӣ. 305

Моддаи 368. Манбаи андоз. 305

Моддаи 369. Меъёрҳои андоз. 305

Моддаи 370. Озодкунӣ. 306

Моддаи 371. Тартиби пардохти андоз. 307

ФАСЛИ ХIV. НИЗОМҲОИ МАХСУСИ АНДОЗБАНДӢ.. 308

БОБИ 51. НИЗОМИ АНДОЗБАНДИИ ФАЪОЛИЯТИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ.. 308

Моддаи 372. Муқаррароти асосӣ. 308

Моддаи 373. Низоми андоз дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ. 309

Моддаи 374. Тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳо. 309

БОБИ 52. НИЗОМИ АНДОЗБАНДИИ БОНКДОРИИ ИСЛОМӢ.. 310

Моддаи 375. Муқаррароти умумӣ. 310

Моддаи 376. Қоида ва тартиби баҳисобгирии андоз. 310

Моддаи 377. Андозсупорандагон. 310

Моддаи 378. Объекти андозбандӣ. 311

Моддаи 379. Манбаи андоз. 311

Моддаи 380. Даромади ташкилотҳои қарзии молиявие, ки низоми андозбандии бонкдории исломиро истифода менамоянд. 311

Моддаи 381. Хароҷоти ташкилотҳои қарзии молиявие, ки низоми андозбандии бонкдории исломиро истифода менамоянд. 313

Моддаи 382. Давраи андоз. 315

Моддаи 383. Тартиб ва муҳлати пардохт. 315

Моддаи 384. Меъёри андоз. 316

Моддаи 385. Тартиби нигоҳ доштани андоз дар манбаи пардохт. 316

БОБИ 53. НИЗОМИ АНДОЗБАНДИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ, КИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРИРО ДАР АСОСИ ПАТЕНТ Ё ШАҲОДАТНОМА АМАЛӢ МЕНАМОЯНД.. 316

1. Муқаррароти умумӣ. 316
Моддаи 386. Муқаррароти умумӣ. 316

2. Андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда 317
Моддаи 387. Муқаррароти умумии андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда. 317

Моддаи 388. Андозсупорандагон ва баҳисобгирии онҳо. 318

Моддаи 389. Меъёри андоз. 319

Моддаи 390. Давраи андоз. 319

Моддаи 391. Тартиби супоридани андозҳо. 319

3. Принсипҳои умумии андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда. 319
Моддаи 392. Принсипҳои умумии андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда. 319

БОБИ 54. НИЗОМИ СОДАКАРДАШУДАИ АНДОЗБАНДӢ БАРОИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРД.. 320

Моддаи 393. Муқаррароти умумӣ. 320

Моддаи 394. Андозсупорандагон. 321

Моддаи 395. Объекти андозбандӣ. 323

Моддаи 396. Манбаи андоз. 323

Моддаи 397. Имтиёзҳо. 324

Моддаи 398. Давраи андоз. 324

Моддаи 399. Меъёрҳои андоз. 324

Моддаи 400. Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андози низоми содакардашуда  324

БОБИ 55. НИЗОМИ СОДАКАРДАШУДАИ АНДОЗБАНДӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ.. 326

Моддаи 401. Муқаррароти умумӣ. 326

Моддаи 402. Андозсупорандагон. 327

Моддаи 403. Объекти андозбандӣ ва манбаи андоз. 327

Моддаи 404. Имтиёзҳои андоз. 328

Моддаи 405. Меъёрҳои андози ягонаи кишоварзӣ. 328

Моддаи 406. Давраи андоз. 329

Моддаи 407. Муҳлат, тартиби ҳисоб ва пардохти андоз. 329

БОБИ 56. НИЗОМИ МАХСУСИ АНДОЗБАНДӢ БАРОИ СУБЪЕКТҲОИ БИЗНЕСИ БОЗӢ.. 329

Моддаи 408. Мафҳумҳои дар ҳамин боб истифодашаванда. 329

Моддаи 409. Андозсупорандагон. 331

Моддаи 410. Объекти андозбандӣ. 331

Моддаи 411. Манбаи андоз ва меъёри андоз. 332

Моддаи 412. Давраи андоз. 332

Моддаи 413. Тартиби пардохти андоз. 333

БОБИ 57. ХУСУСИЯТИ АНДОЗБАНДИИ ФАЪОЛИЯТИ ПАРАНДАПАРВАРӢ, МОҲИПАРВАРӢ ВА ИСТЕҲСОЛИ ХӮРОКИ ОМЕХТАИ ПАРАНДА ВА ЧОРВО   333

Моддаи 414. Хусусияти андозбандии фаъолияти парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво. 333

ФАСЛИ XV. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ.. 334

БОБИ 58. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ.. 334

Моддаи 415. Муқаррароти интиқолӣ. 334

Моддаи 416. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. 336

Моддаи 417. Мавриди амал қарор додани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Скачать кардани кодекси андоз (борбардор кардан)

Ин лоиха аст ва холо тасдик нашудааст!!

Комментарии